Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул мегӯяд, сарбозони гурехтаашро бозгардонд. Тоҷикистон ҳанӯз шарҳ надодааст


Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, сарбозу афсарони афғонро, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ба Афғонистон бозгардондаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора ибрози назар накарданд. Аммо рӯзи 6-уми июл гузориш шуда буд, ки шуморе аз ин сарбозонро ба фурудгоҳи Кӯлоб бурданд, то ба Кобул фиристанд.

Хабари бозгашти сарбозони афғон аз Тоҷикистон ба он кишварро Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон дар Кобул эълон кард. Ӯ гуфт, сарбозони бозгашта барои амният ва дифоъ аз шаҳри Файзобод -- маркази вилояти Бадахшон, сафарбар шудаанд.

"2300 нерӯи бозгашта ба нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон пайвастаанд. Баъзе аз онҳо, ки вулусволиҳоро тарк карда буданд, акнун дар чаҳорчӯбаи нерӯҳои дифоӣ дар маркази вилоятҳо ҳузур доранд. Онҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, дубора барои хидмат ва дифоъ аз мардуми Файзобод бозгардонида шуданд", -- афзуд ӯ.

Мушовири амнияти миллии Афғонистон ҷузъиёт надодааст, ки бозгашти ин сарбозон чӣ замоне оғоз шуд ва онҳо чӣ гуна ба Афғонистон баргаштанд.

Ин масъули баланпояи ҳукумати Афғонистон дар ҳоле аз бозгардонидани нерӯҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон хабар дод, ки ӯ як рӯз қабл бо Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул, вазъ дар сарҳади ду кишварро баррасӣ карда буданд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми гузашта 600 нерӯи фирории афғонро аз Кӯлоб ба Кобул фиристоданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъ надоданд, ҳарчанд пештар фирор ё ақибнишинии садҳо сарбози афғонистониро тасдиқ карда буданд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бо шарти фош нашудани ном гуфт, ҳавопаймо барои бурдани сарбозони фирорӣ аз маркази Афғонистон омадааст. “Беш аз 130-нафарӣ чаҳор бор бурданд”, -- афзуд ӯ.

Бозгашти он нерӯҳои афғонро, ки дар минтақаҳои марзӣ ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, манобеи дигар низ тасдиқ карданд. Як масъули пешин дар ҳукумати вулусволӣ ё ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе афсарони паноҳбурда ба Тоҷикистон, субҳи 7-уми июл аз Кобул бо онҳо тамос гирифтанд.

Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, масъалаи интиқоли сарбозони афғонистонӣ ба ватанашон дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 4-уми июл матраҳ шуда буд.

Мақомоти тоҷик қаблан аз ақибнишинии садҳо нафар аз нерӯҳои афғон ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Фирори нерӯҳои амниятии Афғонистон ба Тоҷикистон бо суқути Шерхон Бандар -- як гузаргоҳи муҳим байни Тоҷикистон ва Афғонистон шурӯъ шуд. Рӯзи 22-юми июн дар пайи ҳамлаҳои Толибон 134 аз нерӯҳои афғон тариқи ин гузаргоҳ ба Тоҷикистон гузаштанд.

Баъдан садҳо нафари дигар дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Кундузу Балх ва Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон ба ин сӯи Ому ақибнишинӣ карданд. Мақомоти тоҷик шумораи умумии онҳоро беш аз 1700 нафар тахмин зада буданд.

Рӯзҳои охир гурӯҳи Толибон аз тасарруфи даҳҳо ноҳия дар шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳоли ҳозир ҳама ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар Бадахшон дар дасти Толибон аст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки амалиёти бозпасгирии ин ноҳияҳоро барномарезӣ кардаанд.

Зоҳиран вазъи Афғонистон нигарониҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамон рӯз дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Русия ки пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад, гуфтааст, ки дар сурати ниёз барои суботи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, омодаи ҳамкорӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карданд, ки гурӯҳи Толибон 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистон дар ихтиёри худ доранд.

XS
SM
MD
LG