Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвогари курсии президенти Узбекистон гуфт, ки "аз сиёсат меравад"


Ҷаҳонгир Отаҷонов
Ҷаҳонгир Отаҷонов

Ҷаҳонгир Отаҷонов, ки аз сӯйи ҳизби сиёсии "Эрк" ба интихоботи президентии Узбекистон пешбарӣ мешуд, гуфт, тасмим гирифтааст, аз сиёсат дур шавад ва ба овозхониаш идома диҳад.

Ҷаҳонгир Отаҷонов рӯзи 10-уми июл дар Instagram навишт, ӯро фикри падару модараш ба ин тасмим водор кардааст.

"Ман 15 рӯз аст, ки изҳороте нашр накардаам. Зеро ҳар изҳороти сиёсии ман умри модари маро 5 сол кам мекунад. Ашки волидони ман бароям гарон меуфтад. Зарур нест, ки курсии президентро бо ин роҳ ба даст орам. Аз ин рӯ, аз тимам узр мехоҳам, тасмим гирифтам, ки аз сиёсат дур шавам", - навишт Отаҷонов.

Вай илова кард, ки имсол ба ифтихори модараш консерте баргузор хоҳад кард.

Рӯзи 26-уми майи имсол ҳизби сиёсии "Эрк" эълом кард, Отаҷоновро ба ҳайси номзад ба интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ пешбарӣ мекунад.

Отаҷонови 42-сола моҳи декабри соли 2020 эълом кард, ки тарки саҳнаи овозхонӣ мекунад. Ӯ дар моҳи январи имсол гуфт, тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи октябр ширкат варзад. Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки номзадҳо танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шаванд.

Ҳизби сиёсии "Эрк" аз сӯи мухолифи ҳукумати Узбекистон Муҳаммад Солиҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсис шудааст. Муҳаммад Солеҳ солҳои тӯлонист, ки дар Туркия паноҳанда аст.

Баъд аз эъломи ширкат дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Узбекистон нисбати Ҷаҳонгир Отаҷонов таҳқиру туҳматҳо зиёд шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вай талаб доранд, ки аз ин тасмимаш даст кашад.

XS
SM
MD
LG