Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони СҲШ дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. ВИДЕО


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе дар баробари натиҷагирӣ аз кори 20-солаи созмон мавзӯи доғшудаи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Баҳсу баррасиҳои нишаст бе ҳузури хабарнигорон сурат гирифт. Дертар дар нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, онҳо дар робита ба авзои Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. “Мо аз раванди бадшавии вазъи амниятӣ дар Афғонистон, ки дар пайи берун рафтани нерӯҳои эътилоф пеш омадааст, нигаронии амиқ кардем", -- афзуд ӯ.

Вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рушди минбаъдаи ин созмонро ба таъмини амният дар фазои кишварҳои узв ва ҳамсояҳои он марбут донистанд.

Дар назар аст, моҳи сентябри имсол ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмон дар Душанбе баргузор шавад. Дар нишасти рӯзи 14-уми июл қарори шӯрои вазирон дар робита ба нишасти Душанбе пешниҳод намудани Барномаи навшудаи ҳамкории кишварҳои узви созмон дар мубориза бо терроризм, сепаратизм (ҷудоиталабӣ) ва экстремизм (ифротгароӣ) барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид.

Дар нишасти матбуотӣ Владимир Норов, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, гуфт, онҳо таъкид намудаанд, ки таваҷҷуҳи ҷиддии созмон ба таҳкими ҳамкориҳо дар муқобила ба таҳдидҳои нави амнияти минтақаӣ равона хоҳад шуд. Ӯ афзуд, "пандемияи коронавирус ба фаъол шудани киберҷиноятҳо, таблиғу ҷалб тавассути Интернет мусоидат кардааст, ки барои радикализатсияи қишрҳои осебпазир, бахусус ҷавонон шароит фароҳам мекунад".

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Вазирони минтақа дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Таҳлилгарон бар инанд, ки кишварҳои узви ин созмон, ки чанде ҳам аз қудратҳои ҷаҳонианд, метавонанд ба оддӣ шудани вазъ дар Афғонистон таъсир расонанд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақаӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Русия ва Чин, ду қудрати байналмилалии аъзои СҲШ, имкони таъсир гузоштан ба таҳаввулоти Афғонистонро доранд:

"Дар сурате, ки ба натиҷаи муштарак даст пайдо бикунанд, дар сурате, ки манфиатҳои худро перомуни Афғонистон ба ҳам наздик кунанд, метавонанд дар оддисозии вазъияти сиёсӣ ва низомии ин кишвар нақши ҷиддӣ дошта бошанд. Вале бештар масъала ба он иртибот мегирад, ки баъзе бозигарони сатҳи минтақаӣ аз таҳаввулоти Афғонистон ба дунболи ба даст овардани манфиатҳои хоси худ ҳастанд."

Ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой Чину Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд.

Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шонгҳой" таъсис ёфта, ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзи байни Чин ва давлатҳои тозаистиқлоли Шӯравии пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои муколамакунандаи шарик ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG