Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоев ба пешгӯии интихобот дар Facebook низ муттаҳам аст. Адвокат ӯро бегуноҳ медонад


Абдумаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки барои навиштаҳояш дар Фейсбук ба 5,5 сол зиндон маҳкум шуд

Ҳимоятгари Абдумаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки барои навиштаҳояш дар Фейсбук ба 5,5 сол зиндон маҳкум шуда буд, аз додгоҳи зинаи болоӣ хостааст, ӯро озод кунанд.

Рӯзи 14-уми июни соли равон додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Ризоевро бар асоси моддаи 307, иловаи 1, қисми 2 “даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи интернет” гунаҳкор донист.

Дилафрӯз Самадова, адвокати ӯ рӯзи 16-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи шикоятиро барои бозбинии парвандаи Абдумаҷид Ризоев ба додгоҳи шаҳри Душанбе супориданд. Ӯ гуфт, ки ташхисгарон навиштаҳои Ризоевро дар Фейсбук нодуруст шарҳ додаанд ва аз номи худ дар он илова кардаанд, ки хилофи қонун аст. “Аз суди зинаи кассатсионӣ пурсидем, ки ҳукм бекор карда шуда парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ризоев А. қатъ карда шавад.”,--гуфт ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо гузашти як моҳ ҳукми содиркардаи худро шарҳ надодааст.

Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи Ризоев гуфт, ки тафтишот навиштаҳои зерҳимояашро “ифротгароӣ ва ноустувор сохтани амнияти миллӣ” номидаанд, ки хатост. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ рӯзи 2-уми марти соли 2020 Ризоев дар саҳифаи Фейсбукаш чунин навиштае гузоштааст: “ман ҳам бетараф наистода, пурсиши хурде анҷом додам. Натиҷа чунин буд: 25 дар сад рафтаанд, 75 дар сад нарафтаанд.”

Ташхисгарон дар хулосае, ки ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, навиштаанд, дар ин матлаб “ҳолати зоҳиршавии ифротгароӣ ва тундгароӣ дида мешавад.”

Ҳарчанд дар ин навишта ҳеҷ ишорае ба интихобот нест, вале дар хулосаи эксперт гуфта мешавад, ки “мавод бо натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад.” Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тақрибан 8 моҳ баъди ин навишта анҷом ёфт.

Дилафрӯз Самадов мегӯяд, дар шикояти худ ба додгоҳи зинаи болоӣ навиштанд, ки ин пости фейсбукии Ризоев ҳеҷ рабте ба интихобот надорад ва эксперт аз номи худ дурӯғбофӣ кардааст.

“Мавод 2-уми марти соли 2020 дар аккаунти Фейсбуки Ризоев А. чоп шуда, интихоботи президентӣ 11-уми октябри соли 2020 баргузор гашта буд. Баъд чӣ гуна эксперт ин навиштаҷотро бо интихобот ва пеш аз ҳама бо интихоботи президентӣ алоқаманд кардааст, беҷавоб мондааст.”,--гуфт Самадова.

Абдумаҷид Ризоев, ки дар гузашта корманди “Ампаро”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон буд, солҳои ахир дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” кор мекард. Ин созмон ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медодааст.

Дилафрӯз Самадова гуфт, додситонӣ инчунин чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ” мерасонад, айбдор кардааст.

Бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро низ додситон андешаи ифротгароёна хондааст.

Дилафрӯз мегӯяд, ҳатто шеъри “Падаре гуфт, ба писар бо қаҳр: Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар.” низ дар парванда ҳамчун ҳарфи ифротгароёна ворид шуда буд, вале баъдан забоншиносон хулоса доданд, ки ин шеър моҳияти фалсафӣ дорад. Ӯ гуфт, ин шеър пок карда шуд, вале дигар навиштаҳои ӯро, ки бештар фалсафӣ буданд, ҳамчун айбнома ба парванда ворид карданд.

Ин адвокати тоҷик гуфт, ки зерҳимояааш гуноҳ надорад ва ҳеҷ қонунеро нақз накардааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, "ҳеҷ гоҳ ифротгаро набуд."

Ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, Ризоев айби нисбаташ эълоншударо дар мурофиаи додгоҳӣ рад карда, онро ғаразнок унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.

Дар ин маҳал ширкати "Пӯлодӣ Плаза" бояд бинои нав созад. Ба нақли адвокаташ, ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки қабл аз боздошт масъулони ин ширкат ба ӯ таҳдид карда буданд, ки аз машварати ҳуқуқи ба сокинон даст бардорад. Назари ин ширкат дар робита ба ин масъала ҳанӯз дастрас нашудааст.

Моддае, ки Ризоевро ба он гунаҳкор донистаанд, соли 2016 дар Кодекси ҷиноятӣ пайдо шуд. Дар ин кодекс мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ворид шуд ва гузоштани писанд ё лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бештар бо ин баҳона дар Тоҷикистон озодандешонро таъқиб мекунанд. Мақомот ин ҳарфро қабул надоранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG