Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Панҷшанбе"-ро бе музояда ба 4 миллион сомонӣ фурӯхтаанд. ВИДЕО


Бозори Панҷшанбе, Хуҷанд

Намояндагони идораи "Тоҷикматлубот" пас аз тақрибан ду моҳи таҳқиқоти Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бозори “Панҷшанбе”-ро дар Хуҷанд бидуни музояда ё тендер ба 4 миллион сомонӣ, камтар аз 400 ҳазор доллар, фурӯхтаанд.

Муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз кӯҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шудан ва ҳам як соли кооперативӣ - нимадавлатӣ будан, 14-уми апрели имсол аз нав ва бо як шеваи махфӣ хусусӣ карда шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Тоҷикматлубот" мегӯяд, хусусигардонии бозори "Панҷшанбе" бо ҳукми додгоҳ амалӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Саидэҳсон Ширинов, ҳуқуқшиноси “Тоҷикматлубот”, рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, бозор ба ширкати "Сохтмони Меҳан" фурӯхта шудааст, аммо номи моликони аслии онро ба забон наовард.

Радиои Озодӣ ҳанӯз моҳи июн санадҳоеро дастрас карда буд, ки бино бар он муассис ё молики "Бозори Панҷшанбе" ширкати "Сохтмони Меҳан" аст, вале ширкат моли кист, маълум нест. Нишасти матбуотии масъулони “Тоҷикматлубот” низ ба пн пурсиш ҷавоб надод.

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store

Кумитаи андоз моҳи июн дархости Радиои Озодиро барои додани маълумот дар ин бора рад карда буд.

Дар бораи ширкати "Сохтмони Меҳан" маълумоти зиёд дастрас нест, ба ҷуз ин ки 10-уми юни соли 2020 таъсис ёфтааст. Чӣ гуна як ширкати навътаъсиси зоҳиран сохтмонӣ пул ёфтаву як бозори бузурги Тоҷикистонро харидааст, норӯшан мемонад.

Пештар баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "Бозори Панҷшанбе" дар асл ба ширкати азими "Сомон Суғд", ки ба бародарон – Ҳасан Асадуллозода ва Амонулло Саъдуллоев – додарарӯсони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, тааллуқ дорад. Ҳарчанд Саидраҳмон Хидиров, раиси "Сомон Суғд" дар як посухи хаттӣ гуфт, ин ширкат "молики бозори "Панҷшанбе" намебошад".

Бозори Панҷшанбе
Бозори Панҷшанбе

Ба ин пурсиши хабарнигорон, ки чаро бозори “Панҷшанбе” бе музояда фурӯхта шудааст, Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси “Тоҷикматлубот” гуфт, “бар асоси санаду қарорҳои дохилиидоравӣ чунин салоҳиятро доранд.” Ӯ таъкид намуд, ки "барои харидани бозор як ариза ворид шуда буд ва онҳо низ бозорро фурухтаанд."

Бозори Панҷшанбе бори аввал дар соли 1999 аз тарафи соҳибкор Абдураҳим Исмоилов бо пули муодили 80 миллион сомонӣ харида шуда буд. Соли 2020 мақомот дар ҳуҷҷатҳои ин хусусигардонӣ иштибоҳе ёфтанд ва онро ба соҳиби пешинааш, иттиҳодияи "Тоҷикматлубот", баргардонданд. Акнун бозор аз нав хусусӣ карда шуд. Ин раванд ба як амалиёти махсус шабоҳат дорад, то бозор аз дасти як шахс ба дасти шахси дигар гузарад.

Бозори "Панҷшанбе" дар канори маҷмааи Масҷиди Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ ҷойгир аст ва соли 1964 бунёд шуда, дар он наздики 1300 соҳибкор фаъолият мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (28)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG