Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти узбек ҷорӣ шудани соати комендантиро дар Тошканд рад карданд


Сухангӯи Вазорати адлияи Узбекистон Севара Уринбоева гуфт, хабари манъ шудани гаштугузори сокинон дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд аз соати 20:00 то соати 8:00-и субҳ ҳақиқат надорад. Ба гуфтаи ӯ, шахсоне, ки ингуна хабари дуруғро паҳн мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Қонунгузории Узбекистон барои паҳн намудани хабари дуруғе, ки боиси сар задани воҳима хоҳад шуд, аз 66,9 то 89,2 млн сӯм ($6980-9306) ҷарима ё маҳрум шудан аз озодиро ба муҳлати аз 3 то 5 сол пешбинӣ мекунад.

Пештар дар гуруҳҳои узбекии паёмакрасони "Телеграм" хабарҳое паҳн шуд, ки гӯё дар пойтахти Узбекистон соати комендантӣ ҷорӣ шудааст. Рӯзҳои ахир вазъи марбут ба коронавирус дар Узбекистон бадтар шуда, бештари ҳолатҳои нави гирифторӣ ба он дар Тошканд ошкор гаштааст.

XS
SM
MD
LG