Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва метавонад, муҳоҷирони ғайриқонуниро ним сол нигаҳ дорад


Паноҳҷӯён дар Литва
Паноҳҷӯён дар Литва

Гитанас Науседа, президенти Литва, тағйиротро ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии хориҷиён имзо кард. Ин тарҳи қонун дар пайи буҳрони марбут ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ таҳия шуд.

Тағйироти нав муҳлати баррасии дархости паноҳандагиро то 10 рӯз кам ва муҳоҷиронро аз ҳаққи шикоят кардан аз болои посухи рад маҳрум месозад.

Ба ҷуз ин, дархосткунандагони паноҳандагиро метавонанд, то 6 моҳ ба ҳабс гиранд ва иҷозаи тарки иқоматгоҳи муваққатро надиҳанд.

Литва ахиран хабар дод, теъдоди муҳоҷироне афзудааст, ки тавассути қаламрави Белорусу вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд. Бештари муҳоҷирон ба Минск аз Туркияву Ироқ меоянд.

Ҳукумати Литва мегӯяд, Минск аз фирориён ҳамчун василаи фишори сиёсӣ ба Иттиҳоди Аврупо истифода мекунад. “Ин фишорҳо дар посух ба таҳримҳои зидди ҳукумати Александр Лукашенко ҳастанд”, -- мегӯянд дар ҳукумати Литва.

XS
SM
MD
LG