Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Олмон дар мавриди "Ҷараёни Шимол-2" ба созиш расиданд


Сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" дар ибтидои соли 2021 дубора шурӯъ шуд
Сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" дар ибтидои соли 2021 дубора шурӯъ шуд

Иёлоти Муттаҳид ва Олмон дар мавриди такмили тарҳи "Ҷараёни шимол - 2" бидуни таҳримҳои амрикоӣ ба созиш расиданд. Дар ин бора муовини котиби давлатии Амрико Виктория Нуланд хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ва Берлин тамдиди созишномаи транзити гази русиро тавассути қаламрави Украина барои 10 сол ҳосил хоҳанд кард. Муҳлати созишномаи мавҷуда соли 2024 ба поён мерасад.

Нуланд гуфт, Амрико ва Олмон талош меварзанд, ки вобастагии иқтисодии Украина аз транзит ва интиқоли гази русӣ кам гардад. Ба ҷуз ин, мақомоти Олмон талош мекунанд, дар сурате, ки агар Русия захираҳои энержиашро барои фишор ба кишварҳои дигар истифода кунад, зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ шавад.

Владимир Путин, президенти Русия, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар мавриди ба охир расидани сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" изҳори қаноатмандӣ кард.

Сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" соли 2016 шуруъ шуд. Интизор мерафт, лӯлаи мазкур дар охири соли 2019 мавриди истифода қарор гирад. Васли лӯлаҳо моҳи декабри соли 2019 дар пайи таҳдиди таҳримҳои Амрико барои як сол боздошта шуд.

Ибтидои соли 2021 сохтмони "Ҷараёни шимол - 2" дубора шуруъ шуд.

Ҳукумати Амрико мегӯяд, лӯлаи мазкур ба амнияти энержии Иттиҳоди Аврупо ва Украина хатар дорад. Дар иваз Вашингтон ба Аврупо захираҳои энержии худро пешниҳод карда буд.

XS
SM
MD
LG