Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамолиддин Абдуллозода дар куҷост? Муовинаш: Дар сафари хориҷист. Манобеъ: Ӯро ҷиянҳои президент задаанд


Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарии 26-уми июл иштирок надошт

Ба иттилои дарёфтӣ, се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, шоми 20‑уми июл, пас аз марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, пизишкони баландпоя, аз ҷумла вазири тандурустии кишварро латукӯб кардаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент дар натиҷаи ин ҳамла "сахт маҷрӯҳ шудаанд".

Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале манобеи Радиои Озодӣ дар Вазорати тандурустӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бе зикри ном хабарро тасдиқ карданд.

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари 64‑солаи президенти Тоҷикистон, шоми 20‑уми июл дар Маркази тиббии назди дастгоҳи иҷроия даргузашт. Тибқи иттилои дарёфтӣ, барои табобати ӯ аз Олмону Русия ва Узбекистон пизишкон ҷалб шуда будаанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ду соат пеш аз марг пизишки хориҷие шеваи табобати хоҳари президентро нодуруст номида, супориш додааст, то тарзи муолиҷаро дигар кунанд. Нодуруст номидани табобати хоҳари президент хашми наздиконашро овардааст.

"Пас аз эълони марги модар, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо ба пизишкон ҳамла карданд. Файзиддин, писари дигараш дахолат накардааст. Ҳама духтуронро задаанд. Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд", ‑‑ гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми июл манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, полковник Фахриддин Сафарзода бо чанд узви оилааш дар бемористон бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ аст.

Ба қавли манобеъ, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрдааст. Осеби пизишкони дигарро сабук арзёбӣ карданд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26‑уми июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери итоаташ ширкат накард ва субҳ, замони қабули ваксинаи “Модерна” низ ҳузур надошт.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ, дар посух ба ин суол, ки вазир куҷост ва дуруст аст, ки ҷоғаш шикастааст, ҷавоб гуфт, ки "вазир дар сафари хидматӣ аст, ин гап боз аз куҷо баромад?"

Ба ин савол, ки дар сафари хидматӣ дар куҷо қарор дорад ва чӣ кор мекунад, посухи дақиқ надода, танҳо ишора кард, ки дар хориҷ аз кишвар аст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, тоза Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст, вале ҳанӯз касе боздошт нашудааст.

Сабаби марги Қурбонбӣ Раҳмонова, ки 21‑уми июл дар Данғара ба хок супурда шуд, расман шарҳ дода нашудааст, вале пизишкон бидуни зикри номашон мегӯянд, ӯ аз коронавирус фавтидааст.

Шарҳҳоро бинед (107)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG