Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як шабакаи муътабари амрикоӣ фурӯши ҳиҷобро ба роҳ мондаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Як хонуми амрикоии зодаи Сомалӣ ба истеҳсоли навъҳои гуногуни ҳиҷобҳое оғоз кардааст, ки қарор аст, дар яке аз бузургтарин мағозаҳои Амрико ба фурӯш гузошта шавад. Худаш мегӯяд, ҳадафаш пешниҳоди интихоби бештар ба занони мусулмон ва маъмулӣ кардани фурӯши ҳиҷоб дар мағозаҳои Амрикои Шимолист.

Мехоҳам, ҳар вақте мардум ба мағоза меоянд, ҳиҷобро бинанду гӯянд, ин ҳам як либоси оддиест, ки амрикоиҳо мепӯшанд.
Ҳилол Иброҳим

Муштариён дар фурӯшгоҳи Нордстром дар шаҳри Миннеаполис ҳоло метавонанд, ҳиҷобҳоеро бихаранд, ки ширкати “Ҳино ва Ҳиҷоб” истеҳсол кардааст. Мудираш мегӯяд, барои занони мусулмон дар фурӯшгоҳҳои Амрико интихоб кам аст.

“Ин ҳамкории бисёр хос аст. Мо барои истеҳсоли либосҳое кор мекунем, ки дар саросари мағозаҳои Амрико ва Канада фурӯшем. Умедворам, ҷавонзанону духтарони мусулмон имкон пайдо мекунанд, ки дар мағозаҳои Нордстром либосҳои хостаашон, аз ҷумла ҳиҷоб бихаранд”, -- мегӯяд Ҳилол Иброҳим, мудири “Ҳино ва Ҳиҷоб”.

Ҳилол фурӯши ҳиҷобҳоро дар як дӯкони шифохонае оғоз кард, баъди он ки дид, баъзе занон ба ҷойи ҳиҷоб рахти бистарро ба сар мекашанд. Муҳаммад Умар, яке аз мудирони Нордстром мегӯяд, ҳамкорӣ бо ширкати Ҳилол барои истеҳсоли ҳиҷобҳои шоҳиву пахтагӣ ва шифон пешниҳоди зарурие барои онҳо буд.

Муҳаммад Умар гуфт, “ҳамкорӣ бо “Ҳино ва Ҳиҷоб” ва Ҳилол Иброҳим намунаи кори мо барои васеъ кардани таркиби маҳсулоти фурӯшӣ ва расонидани онҳо ба дасти муштариёни як бахши бозор аст, ки то ҳол дастнохӯрда монда буд.”

Ҳилол Иброҳим мегӯяд, ҳамкорӣ бо Нордстром кумак мекунад, ки ҳиҷоб чун як бахше аз фарҳанги амрикоӣ намоён шавад: “Ҳамчун як зани амрикоии мусулмон аз Сомалӣ мегӯям, ки кори мо баёнгари он аст, ки ҳиҷоб як чизи оддӣ ва бахше аз фарҳанги амрикоӣ аст. Мехоҳам, ҳар вақте мардум ба мағоза меоянд, ҳиҷобро бинанду гӯянд, ки ин ҳам як либоси оддиест, ки амрикоиҳо мепӯшанд.”

Ширкати Нордстром мегӯяд, коллексияи ҳиҷобҳои Ҳилол Иброҳим дар 16 фурӯшгоҳ дар Амрикои Шимолӣ ва дар Интернет ба фурӯш гузошта шудаанд.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Ҳиҷоб ба шабакаи муътабари фурӯшгоҳҳои амрикоӣ роҳ ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG