Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидбони ҳуқуқ дар Созмони Милал аз қатлу зӯроварии "Толибон" хабар дод


Мишел Бачелет дар нишасти Женева. 24-уми августи 2021
Мишел Бачелет дар нишасти Женева. 24-уми августи 2021

Як мақоми баландпояи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, дар бораи хушунату саркӯбгариҳои "Толибон", аз ҷумла кушторҳои бидуни баррасии шаҳрвандон дар Афғонистон, гузориш гирифтааст. Вай ҳамзамон гуфт, бино ба паёмҳои дарёфтааш, "Толибон" ба зидди занон ва норозиён аз шеваи ҳукмронии онҳо низ маҳдудият ҷорӣ карданд.

Аз тарс ва ба ҷавобгарӣ кашидани "Толибон" гуфтанд

Мишел Бачелет 24-уми август дар суханронии худ дар Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар бораи қатлҳои бидуни баррасӣ тафсилот надод, вале аз нишасти Женева хост, ки рафтори "Толибон"-ро аз наздик назорат кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Бачелет гуфтааст, бархӯрди "Толибон" бо занон марзи бунёдӣ ё ҳадди охир хоҳад буд. Вай дар нишасти фаврӣ, ки бо дархости Покистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор шуд, гуфтааст, "занону рӯзноманигорон ва насли нави раҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар солҳои охир падид омадаанд, бисёр метарсанд."

"Ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабии Афғонистон бо назардошти намунаҳои қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар замони ҳокимияти пешинаи "Толибон" ва гузоришҳо дар бораи куштору ҳамлаҳои ҳадафмандона дар моҳҳои охир, зери хатари хушунат ва саркӯб қарор доранд", -- гуфт ӯ.

Як гурӯҳ аз занон барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ дар Кобул гирдиҳам омаданд. 17-уми августи 2021
Як гурӯҳ аз занон барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ дар Кобул гирдиҳам омаданд. 17-уми августи 2021

Носир Аҳмад Андеша, дипломати баландпоя дар ҳукумати сарнагуншудаи Афғонистон, вазъро дар ин кишвар "номуайяну даҳшатбор" тавсиф карда, ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", даъват намудааст, ки "Толибон"-ро барои амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашанд.

Нигаронӣ аз амалиёти “хона ба хона”

Бино ба хабари "Ройтерз", коршиносони мустақили Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар изҳороте гуфтаанд, бисёре аз шаҳрвандон дар Афғонистон аз тарси қасосгирӣ пинҳон шудаанд, "зеро "Толибон" хона ба хона кофтукобро идома медиҳанд."

"Дар ҳоли ҳозир дар бораи кофтукобҳо, боздоштҳо, таъқиб ва тарсондан, инчунин, мусодираи молу мулк ва интиқом гузориш дода мешавад", -- гуфтаанд онҳо.

Яке аз онҳое, ки пинҳон шудааст, Мубинаи 39-сола, рӯзноманигор аз шаҳри Мазори Шариф аст. Вай ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, пас аз он ки “Толибон” шаҳрро ишғол карданд, бо ду фарзандаш фирор кард ва дар як макони амн дар Кобул паноҳ ёфт.

"Мо аз худ мепурсем, ки давоми кор чӣ хоҳад шуд? Гиря мекунем, зеро чизеро ислоҳ кардан номумкин аст", -- гуфтааст Мубина ба “Ассошиэйтед Пресс”.

Дар ҷойи дигаре дар пойтахти Афғонистон, Мумтоз, ки ба наздикӣ мактаби ҳуқуқшиносиро хатм кард, бо оилааш дар хона нишастааст. Падари ӯ дар ҳукумат кор мекард ва бародараш дар соли 2010 дар вилояти Лағмон бар асари таркиши норинҷак кушта шуд. Дар он ҷо “Толибон” муддати дароз фаъол буд.

“Ассошиэйтед Пресс” менависад, ин хонавода пас аз вуруди “Толибон” ба Кобул, рӯзи 15-уми август, ба фурудгоҳ рафтанд, вале бо издиҳоми зиёду бетартибӣ ва тирандозӣ дучор шуда, ба хона баргаштанд.

Баъди омадани "Толибон" ба Кобул. 18-уми августи 2021
Баъди омадани "Толибон" ба Кобул. 18-уми августи 2021

Аз он вақт инҷониб онҳо манзили худро тарк накардаанд. Аммо ташвишашон баъди он зиёд шуд, ки ҳамсоя гуфтааст, як гурӯҳи мусаллаҳ онҳоро меҷӯяд. Маълум нест, онҳое, ки дарро мекӯбанд ва ё тарсу ҳаросро паҳн мекунанд, нерӯҳои “Толибон” ҳастанд ё ҷинояткороне, ки ҳангоми ҳарҷу марҷ аз маҳбас озод шудаанд.

"Мо наметавонем ба берун равем. Аз ҳамсоя хоҳиш мекунем, ки ба мо хӯрок биёрад. Воқеан, метарсем”, -- нақл кардааст Мумтози 26-сола ба “Ассошиэйтед Пресс”.

Тасмими ёрӣ дар аҳди мушкили Афғонистон

Гурӯҳи “Толибон”, ки аз соли 1996 то 2001 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст дошт ва дар пайи амалиёти нирӯҳои байнулмилалӣ вожгун шуд, 15-уми уми августи имсол дигарбора назорат ба ин кишварро ба даст гирифт. Дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти Панҷшер аз итоати онҳо берун аст.

Дар ҳоле ки ҳанӯз сохтори ҳукумати нав дақиқ нест ва бисёре аз идораҳо кор намекунанд, ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ва ҳамкорони созмону давлатҳои хориҷӣ дар талоши фирор аз ин кишвар ҳастанд. Ҳарчанд намояндагони гурӯҳ амнияту озодии онҳо ва ҳам занонро замонат додаанд, бисёриҳо ба самимияташон бовар надоранд.

Ин аст, ки ин шабу рӯз пазируфтани паноҳҷӯён аз Афғонистон ва ё кумак ба мардуми ин кишвар доғ шудааст. Рӯзи 24-уми август раиси Кумисюни иҷроияи Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин ниҳод ёриҳои башардӯстона ба афғонҳои дохил ва кишварҳои атрофи Афғонистонро аз 50 миллиони еврои пешина то 200 миллион доллар афзоиш хоҳад дод.

Урсула вон дер Лейен дар "Твиттер" навишт, ин ёрии инсондӯстона бар иловаи саҳми кишварҳои узв барои кумак ба мардуми Афғонистон хоҳад буд". Мақоми дигари Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ин кумак бо шарти эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва занон дода хоҳад шуд. Яъне, ин ду амр таъйинкунанда ҳастанд, ки чӣ миқдор пул ба таври мустақим ба Афғонистон ё минтақаҳои ҳамсояи ин кишвар ворид мегардад.

XS
SM
MD
LG