Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни зидди "фейк"-ҳо дар Қирғизистон қабул шуд. Пуштибонӣ аз мардум ё ҳукумат? ВИДЕО


Бинои "Кохи Сафед"-и Бишкек
Бинои "Кохи Сафед"-и Бишкек

Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, қонун дар бораи ҳимоя аз иттилои бардурӯғро имзо кард. Ин санад дар миёни мардум чун қонун дар бораи "фейк"-ҳо машҳур аст.

Гулшат Асилбоева ва Айнура Осмонова, вакилони порлумон, соле пеш хоҳони қабули чунин қонун шуда буданд. Он замон ин ташаббус вокуниши пурмавҷи қирғизистониҳоро ба бор овард ва боис ба чанд намоишҳои эътирозӣ шуд.

Ҷонибдорон чӣ мегӯянд?

Қонуни нав паҳн кардани хабари дурӯғро дар Интернет манъ мекунад. Яъне, шахсе, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ дар бораи худ маълумоти дурӯғро мушоҳида мекунад, ҳақ дорад, аз муаллиф маҳви онро талаб кунад. Агар шахс дар давоми 24 соат ин корро накунад, шабака баста мешавад.

Бар замми ин, соҳибони сомонаҳо ва корбарони одӣ вазифадоранд, ки дар шабакаҳо ному насаб ва почтаи электронии худро нависанд. Аз ин ба баъд корбарони беному насаби аслӣ ғайриқонунӣ шумурда мешаванд.

“Фейк ин бад аст, ин дурӯғ аст!”, -- мегӯяд, муаллифи қонун, вакили порлумон Гулшат Асилбоева.

Мавзӯи қонун дар бораи ба истилоҳ "фейк"-ҳо дар Қирғизистон беш аз як сол боз идома дошт. Дар оғоз номи қонун "дар бораи иттилои гиҷкунанда" буд. Соли гузашта бо вуҷуди эътирози ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон, вакилон барои қабули он рой доданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Қонуни зидди дурӯғ бо роҳи дурӯғ". Баҳси сахт дар порлумон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

"Ҳадаф пешгирӣ аз танқидҳои зидди ҳукумат аст"

Фаъолон ва коршиносони матбуот гуфтанд, ин қонун на бар зидди "фейк"-ҳо, балки барои ҳимояти ҳукумат аз интиқоди мардум дар Интернет қабул шудааст.

Сухани охиринро аз президенти он замон Сооронбой Ҷеенбеков интизор буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ӯ тақозо карда буданд, ки тарҳи қонунро рад кунад. Он замон Ҷеенбеков ин қонунро барои такмил фиристода буд.

"Бо назардошти аҳамияти иҷтимоии масъала... пешниҳод мешавад, лоиҳаи қонун, аз ҷумла субъектҳои муносиботи ҳуқуқӣ, механизми иҷрои он, ҷанбаҳои техникӣ ва мудирияти ин масъала бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва кормандони идораҳои давлатӣ бознигарӣ шавад", -- гуфта буд ӯ моҳи августи 2020.

Тақрибан як сол ин қонун фаромӯш шуда буд, аммо дар оғози тобистони имсол вакилон боз ба баррасии он бозгаштанд.

"Президент пойфишорӣ кард"

Воқеан, лоиҳа каме пурра шуд, номаш иваз шуда буд. 30-юми июн вакилон лоиҳаро рад карданд ва моҳе пас дубора ба баррасии он бозгаштанд ва тақрибан якдилона пазируфтанд. Ин кор хилофи қоидаи кори порлумон сурат гирифт, ки танҳо пас аз ним сол бояд ба баррасии лоиҳаи радшуда бармегашт. Бар илова, се вакили порлумон гуфтанд, ҳамкоронашон ба ҷойи онҳо рой додаанд.

Айсулуу Мамашова, вакили порлумони Қирғизистон, гуфт, "дар рӯзномаи маҷлис ин масъала набуд. Ҳамкоронам ба ҷойи ман овоз додаанд.”

Чанд вакили дигар ҳам изҳор доштанд, ки барои қабули ин қонун президент Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) дар як мулоқот бо вакилон дар бӯстонсарои давлатӣ пойфишорӣ дошт.

XS
SM
MD
LG