Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоӣ наандозед." Вокуниши Ҳикматёр ба ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи тоҷикон


Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори ҷиҳодӣ ва сарвазири пешини Афғонистон, дар паёме пеш аз намози ҷумъаи 27-уми август дар масҷиди Кобул ба мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари рӯйдодҳои Афғонистон ва зарурати таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он вокуниш кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин нукотро рӯзи 25-уми август дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Покистон баён дошта, гуфт, "Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард”.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, шаҳри Душанбе, 25-уми августи 2021
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, шаҳри Душанбе, 25-уми августи 2021

Гулбиддин Ҳикматёр дар суханронии тақрибан 49-дақиқаии худ бо забони пашту бо ишора ба изҳороти раҳбари Тоҷикистон гуфт: "Имрӯз аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мешунавем, ки раиси ҷумҳурияш мегӯяд, дар ҳукумати оянда ҳуқуқи ақаллиятҳо дар назар гирифта шавад. Бахусус тоҷикҳо. Яъне, ҳамчун мудофеи ҳуқуқи тоҷикҳо намудор мешавад. Ва ба мо мефаҳмонад, ки ҳуқуқи ақаллиятҳо риоя шавад ва онҳо дар ҳукумат ҳузури фаъол дошта бошанд."

Ин раҳбари ҳизби бунёдгарои исломии Афғонистон, ки бо шиорҳои тунди миллатгароёнааш машҳур аст, аз раҳбарияти Тоҷикистон хостааст, “ғами тоҷикони худро, тоҷикистониёнро бихӯред. Мушкилоти онҳоро ҳал кунед. Ҳуқуқи ақаллиятҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, риоя кунед. Номи кишвар Тоҷикистон ҳаст, вале дар онҷо ақаллиятҳо ҳастанд. Пурсида шавад, ки дар ҳукумати Шумо чанд узбак ҳаст? Аз ақаллиятҳои дигар чӣ қадар ҳузур доранд?”

Аз "федерализм" то "мустаъмара"

Дар идомаи сухан Ҳикматёр ин баёнияҳоро, ки мегӯяд, аз тарафи дигарон низ садо медиҳанд, ба талоши ҷудоиандозӣ ва тақсими Афғонистон рабт медиҳад ва истилоҳоти “федерализм”-ро бо тамасхур зикр карда, аз маъракае ёдовар мешавад, ки ба гуфтаи ӯ барои нест кардани калимаи “афғон” ва аз байн бурдани номи “Афғонистон” роҳандозӣ шуда буд. Ин ишора ба эътирози тоҷикон ва қавмҳои дигари Афғонистон аст, ки зидди дар шиноснома “афғон” номнавис шудан маъракаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо унвони “Ман афғон нестам” ба роҳ монда буданд.

Ҳикматёр ҳамчунин аз бархӯрди Русия ба рӯйдодҳои ахири Афғонистон ситоиш карда, онро “хеле мусбат” меномад ва Тоҷикистонро як мустаъмараи Русия меномад, ки раиси ҷумҳураш чанд сол пеш “ов”-и русиро аз исми хонаводагияш ҳазф кард.

Дар чанд пайт аз нутқаш дар назди намозгузорон Ҳикматёр батакрор аз “Толибон” ситоиш мекунад, ки “Афғонистонро озод карданд ва корҳои бузурге дар пеш доранд” ва намуна меорад, ки дар Кобул ба ғорату яғмогарӣ ё интиқомҷӯӣ роҳ дода нашуд. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз чандин мавриди қатл, латукӯб ва хона ба хона ҷустани афроде тибқи рӯйхат хабар дода, садҳо ҳазор нафар талош кардаанд, аз фурудгоҳи Кобул ё марзҳои заминии Афғонистон ба хориҷа фирор кунанд.

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳамакнун Афғонистонро (ба ҷуз аз вилояти Панҷшер) зери назорат дорад, ҳанӯз ба мавзеъгирии ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус ҷойгоҳи тоҷикон ё эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар ҳукумати оянда расман вокуниш накардааст. Аммо фароҳам овардани имкони вазъгӯӣ дар намози ҷумъа дар Кобул, ки акнун дар дасти Толибон аст, метавонад баёнгари он бошад, ки суханони ӯ бо сарони ҳаракати тундрав ҳамоҳанг карда шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуфт?

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми август дар мулоқот бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, гуфтааст:

"Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки “Толибон" аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд".

Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки низоми давлатӣ дар кишвари ҳамсоя бояд бар асоси иродаи мардум муайян карда шавад ва ба ҳукумат бояд ҳамаи ақаллиятҳои миллии кишвар, аз ҷумла тоҷикон шомил шаванд, ки ба гуфтаи ӯ, 46% аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Ҳикматёр кист?

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон, соли 2017 (баъди бист соли зиндагӣ дар хориҷ) дубора ба Афғонистон баргашт. Ӯ бо ҳалқаҳои пинҳонкори артиши Покистон ва хадамоти ҷосусии он иртиботи наздик дошт. Ҳамкорияш бо ин ниҳодҳо дар солҳои 80-уми асри гузашта ва дар замони ишғоли Афғонистон аз тарафи Шӯравии собиқ шуруъ шуд. Яке аз фармондеҳони асосии муҷоҳиддини афғон буд, ки аз Покистон ва Хадамоти истихборотии Амрико пуштибонӣ медид.

Ҳикматёр аз паштуҳои қабилаи харотӣ, марбут ба хонаводаи қабоили гилзай буда, соли 1947 (бино ба манобеи дигар, соли 1944 ё 1948) дар рустои Вартапури ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз ба дунё омадааст.

Ӯ дар солҳои 60-ум ибтидо бо ақидаҳои коммунистӣ вориди сиёсат шуда, аз оғози солҳои 70-ум ба ақидаҳои исломӣ гароид ва соли 1972 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Саидалӣ Сухандон, як донишҷӯи коммунисти пайрави ақидаҳои Мао Дзе Дун ба зиндон афтод. Соли 1973, дар пайи табаддулоти давлатии Довуд, бародарзодаи Зоҳиршоҳ, подшоҳи Афғонистон ба Покистон рафт ва Ҳизби исломии Афғонистонро ташкил дод.

Пас аз суқути ҳукумати коммунистии Наҷибуллоҳ, Ҳикматёр соли 1993 дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ ба мансаби сарвазир таъин шуд, вале ба далели ихтилофоташ бо Аҳмадшоҳ Масъуд ва Абдурашид Дӯстум, ба Кобул наомад ва ба ҷойи Ҳикматёр яке аз ёронаш - Ваҳидуллоҳ Сабоун –ба ҳукумат раҳбарӣ мекард.

Дар соли 1994 рақобати фармондеҳони муҷоҳидин барои назорати Кобул ба як ҷанги тамомайёр мубаддал шуд ва Ҳикматёр Кобулро таҳти мушакборони чунон шадиде қарор дод, ки бар асари он, бино ба ҳисобҳо, беш аз 4 000 нафар кушта шуданд.

Моҳи июни соли 1996, дар пайи боло рафтани таҳдиди гурӯҳи нави Толибон, Масъуду Раббонӣ бо Ҳикматёр дубора роҳи оштӣ ҷустанд ва ӯро аз нав ба мақоми сарвазирӣ оварданд. Аммо алакай моҳи сентябри соли 1996, дар пайи тасарруфи пойтахти Афғонистон аз сӯи Толибон, Ҳикматёр боз ба тарки ҳам мақом ва ҳам Кобул маҷбур шуд.

Ҳикматёр тайи 5 соле, ки Толибон то поёни соли 2001 бар Афғонистон ҳукумат ронд, асосан дар Эрон ба сар бурд. Аммо соли 2002, дар пайи вуруди нерӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон ва фурӯрезии режими Толибон, Гулбиддин Ҳикматёр изҳор дошт, ки “то замони рондани ишғолгарони хориҷӣ” ба Толибон мепайвандад.

Баъди ин изҳорот Ҳикматёрро аз Эрон ихроҷ карданд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, ӯ солҳои охир бо эҳтимоли ғолиб дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурда буд.

XS
SM
MD
LG