Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар Русия пирӯз шуд, вале дастааш шикаст хӯрд


Сомон Маҳмадбеков, варзишгари маъруфи тоҷик дар яке аз мусобиқаҳо. Акс аз бойгонӣ
Сомон Маҳмадбеков, варзишгари маъруфи тоҷик дар яке аз мусобиқаҳо. Акс аз бойгонӣ

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Мусобиқаи IV байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, ки дар доираи Форуми VI иқтисодии Шарқ дар шаҳри Владивостоки Русия баргузор шуд, дар рақобати худ ғолиб омад, вале дастааш – мунтахаби омехтаи байналмилалӣ - аз тими Русия бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи ҷудои Русия, Мусобиқаи IV байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, поягузори ин риштаи олимпии варзиш, таҳти сарпарастии президенти Русия ва сарвазири Ҷопон 3-юми сентябр дар Владивосток дар доираи барномаи варзишии Форуми VI иқтисодии Шарқ доир гардид.

Мусобиқаи имсола дар шакли нав – рақобатҳо миёни дастаҳои мунтахаби омехтаи Русия ва байналмилалии то 23-сола аз рӯи қоидаҳои рақобатҳои даставии омехтаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби омехтаи байналмилалӣ қаҳрамонону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳонӣ, Аврупо ва Осиё, ғолибони Ҷоми ҷаҳон, инчунин барандагони мусобиқоти "Тоскулоҳи бузург" (Grand Slam) дар риштаи ҷудо миёни ҷавонони то 23-сола дар солҳои 2019-2021 аз Маҷористон (Венгрия), Олмон, Тоҷикистон, Туркия, Фаронса ва Нидерланд дохил буданд.

Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё/Уқёнус Сомон Маҳмадбекови 22-сола ягона варзишгар аз қораи Осиё буд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Ӯ дар вазни то 73 кило рақибаш - қаҳрамони Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Казбек Нагучеви русиягиро шикаст дод. Дар замони асосӣ ғолиб муайян нашуд. Дар «голден-скор» ба Нагучев барои камфаъолиятиаш танбеҳи сеюм (“шидо”) дода шуд ва Сомон пирӯз гашт.

Ҳамчунин дар ин мусобиқаи байналмилалӣ зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Назиров, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола, ба ҳайати дастаи мунтахаби Русия шомил буд. Вай дар вазни то 90 кило аз барандаи медали нуқраи Ҷоми бози Аврупо-2021 дар Прага Роланд Гоз (Маҷористон), ки ду «ваза-ари» гирифт, мағлуб шуд.

Умуман, дар рақобатҳо 12 нафар (6 зан ва 6 мард) ширкат карданд. Ҳайати ҳар як дастаи омехта аз се зан ва се мард иборат буд.

Дар вазни то 57 кило барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо миёни наврасон Ирина Зуева аз дастаи мунтахаби Русия ба қаҳрамони феълии Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола Плеуни Корнелис (Нидерланд) пирӯз шуд.

Дар вазни то 70 кило қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Марлен Галанди (Олмон) ғолиби Ҷоми Осиё-2021 дар Оқтови Қазоқистон, иштирокдори қаҳрамонии ҷаҳон-2021 дар ҳайати дастаӣ Дали Лилуашвилиро аз мунтахаби Русия мағлуб кард.

Дар вазни беш аз 70 кило ғолиби Ҷоми Осиё-2021 дар Оқтови Қазоқистон Даря Владимироваи русиягӣ барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон Таҳина Дюранро аз Фаронса шикаст дод.

Дар вазни беш аз 90 кило барандаи дукаратаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон Мерт Шишманлар (Туркия) аз барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола ва 18-сола Валерий Ендовитский (Русия) ноком шуд.

Ҳамин тариқ, ҳисоб мусовӣ - 3:3 шуд ва тақдири сабқатро бар асоси қуръакашӣ рақобати духтарон дар вазни сангинтарин ҳал кард. Дар вазни беш аз 70 кило Даря Владимирова, ки бори дигар Таҳина Дюрани фаронсавиро шикаст дод, ба мунтахаби Русия пирӯзӣ овард – 4:3.

XS
SM
MD
LG