Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаппа шудани кӯҳпора дар "Тиллои тоҷик" боис ба марги 2 кас шуд


Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло ҷойгир аст
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло ҷойгир аст

Бо чаппа шудани кӯҳпорае дар кони "Тиллои тоҷик" дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ду кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса 29-уми августи имсол рӯй дода, тафсилоташ 10-уми сентябр дастрас шуд. Мақомот ба таври расмӣ дар ин бора хабар надоданд.

Як манбаъ дар кони “Тиллои тоҷик” рӯзи даҳуми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Орзуи Муҳаммадюсуф 19 сол ва Восеъ Камолов 32 сол доштанд.

“Орзуи Муҳаммадюсуф набераи Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон буд”, -- афзуд мусоҳиби мо, ки нахост номаш зикр шавад. Тасдиқи ин нукта аз манобеи дигар феълан даст надод.

"Ин ду нафар нигаҳбон буданд. Ҳангоми иҷрои вазифа кӯҳпора ба болояшон чаппа шудааст", -- хабар дод манбаъ.

Дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг хабари чаппа шудани кӯҳпораро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, "ҳодиса аз беэҳтиётии нигаҳбонҳо рух додааст".

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло ҷойгир аст. Ҳоло дар онҷо ҳашт ширкат бо техника ба ҷустуҷӯи тило машғуланд.

Ҳар сол дар онҷо бар асари чаппа шудани кӯҳпора чанд нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Як сол пеш Кобулӣ Дамиеви 35-сола, Абдуалим Амрохони 20-сола ва Саймаҳмуд Ҷалилови 19-сола ҳангоми заршӯӣ зери санг монда буданд.

XS
SM
MD
LG