Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беҳтарин" беҷоиза монд, вале Наврӯзи тоҷиконро намоиш дод. ВИДЕО


Аксе аз филми "Беҳтарин". Муаллиф: Муҳсин Раҳимӣ
Аксе аз филми "Беҳтарин". Муаллиф: Муҳсин Раҳимӣ

Ҷашни Наврӯзи тоҷикон ва қиссаи ишқи гумшудае, ки дар “Беҳтарин” тасвир шудааст, як ширкатдори  17-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмониии Қазон буд, ки 10-уми сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористор натиҷагирӣ шуд.

Филми коргардони эронитабори кувайтӣ Муҳсин Раҳимӣ, ки дар ҷашнвора аз Кувайт ва Тоҷикистон намояндагӣ кард, ҷоизае набурд, вале намоиши он дар як маҳфили эҷодӣ асосан хуб истиқбол шуд. Дар ин бора вебсайти ҷашнвораи филмҳои мусалмонии Қазон хабар додааст.

“Беҳтарин” як филми мустанад дар бораи таърихи ҷашни Наврӯз қисса карда, қаҳрамони асосии он марде бо номи Сиёвуш ҷавониҳову ишқи аздастрафтаашро ҷустуҷӯ мекунад. Вебсайти ҷашнвораи Қазон менависад, ки дар муаррифии филм худи коргардон Муҳсин Раҳимӣ ва Давлат Раҷабов, иҷрокунандаи нақши марказӣ иштирок карданд ва тамошобинонро ба фазои идонаву пурнақшу нигори Наврӯзи Тоҷикистон бурданд.

Ситоиши саҳнаҳои пуррангу ҷолиб барои наворбардорӣ дар ҷашнҳои Наврӯзи Тоҷикистон аз ҷониби коргардон дар ҳолест, ки дар дохили Тоҷикистон ин маъракаҳои серхарҷу серташвиш бо ширкати ҳазорҳо донишҷӯёну мактабиён солҳост мавриди интиқод аст. Бисёриҳо ташкили чунин чорабиниҳои пурхарҷу вақтгирро бо назардошти вазъи иқтисодии мушкили кишвар нозарур медонанд. Соли 2020 дар замони шурӯи пандемияи коронавирус тасмими мақомот барои баргузор кардани ҷашни Наврӯз бо ширкати 12 ҳазор ҷавонон ҳамчун бемасъулиятии мақомот интиқод шуд.

Надияву Сиёвуш - ҷустуҷӯи ишқ дар фазои Наврӯзӣ

Қисса аз он ҷо шурӯъ мешавад, ки як духтари эроние бо номи Нодия барои аксгирии ҷашни Наврӯз аз Лондон ба Душанбе ва бо ёрии Сиёвуш ба дидани макону манзараҳои аксгирӣ мераванд. Ҳамкории ин ду нафар барои ибрози самимияти ишқи аздастрафта сабаб мешавад.

Муҳсин Раҳимӣ бо як қаҳрамони филм сӯҳбат мекунад. Акс аз Муҳсин Раҳимӣ
Муҳсин Раҳимӣ бо як қаҳрамони филм сӯҳбат мекунад. Акс аз Муҳсин Раҳимӣ

Муҳсин Раҳимии 46-сола, коргардони эронитабори сокини Кувайт, ки давоми шаш соли охир бо Тоҷикистон дар амри иҷрои тарҳҳои фарҳангӣ зиёд ҳамкорӣ кардааст, пеш аз анҷоми ҷашнвора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Қазон гуфт, филми 90-дақиқагӣ бо даъвати ҳунарпешаҳои ғайркасбӣ сохта шудааст. Интихоби Тоҷикистон ба он хотир буд, ки мегӯяд ӯ, ҷашнҳои Наврӯз дар ин кишвар “бошукӯҳу шаҳомат барпо мешаванд” ва дар таҳияи филм хеле кӯмак мешаванд.

“Номи “Беҳтарин” аз он ҷо барои ин филм интихоб шудааст, ки номи як шахсиятест, ки гум шудааст. Ин лақаби касе будааст ва барои оқои Сиёвуш – қаҳрамони марказии мо дар рӯзгораш шахси беҳтарин будааст”, гуфт Муҳсин Раҳимӣ дар шарҳи филмаш ба Радиои Озодӣ.

Муҳсин Раҳимӣ: Филми "Беҳтарин" дар бораи Наврӯзи Тоҷикистон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Ҷоизаи "Муаллим" шаш соли пеш

Ин аввалин филме нест, ки дар бораи тоҷикону тоҷикистониҳо дар Ҷашнвораи филмҳои мусалмонии Қазон ба намоиш медарояд.

Соли 2015 “Муаллим” - филми таҳиягари тоҷик Носир Саидов аз ҷашнвораи байнулмилалии “Минбари тиллоӣ” дар шаҳри Қазони Русия бо ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” баргашт. Ин филм он замон дар миёни 700 довталаб чунин ҷоизаро мушарраф шуд.

Ҳамонс соли 2015 филми “Гости” ё "Меҳмонон"-и коргардони рус Алексей Суховей, ки дар бораи таъсири муҳоҷират дар зеҳни тоҷикон баҳс мекунад, дар ин озмун иштирок ва сарусадои зиёд кард. Филми дигари коргардони рус “Фирор аз Маскавобод”-и Даря Полторатская ҳам яке дигар аз ширкатдорони ин ҷашнвора жао солҳои гузашта будааст.

Ҷашнвораи филмҳои мусалмонии Қазон, ки аз соли 2005 ба ин сӯ баргузор мекунад, мегӯяд, бо ҳадафи таблиғи таҳаммулпазириву эҳтиром ба миллату дин ва фарҳангҳои мухталиф тавассути ҳунар ва синамо барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG