Дар чанд ҷумла
Путин гуфт, ба Тоҷикистон омада наметавонад
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ки рӯзи 17-уми сентябр бояд дар ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷаъмӣ (ОДКБ) дар Душанбе иштирок мекард, гуфтааст, ба Тоҷикистон омада наметавонад.
Ӯ рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори худро ба ошкор шудани сирояти коронавирус дар атрофиёнаш пайванд дод. Путин гуфт, ночор аст, гӯшанишинӣ кунад. Ба навиштаи сомонаи Кремлин, вай нишастҳо ба таври онлайн иштирок хоҳад кард.
Ба қавли намояндагони расмии Русия, Владимир Путин мебоист рӯзи 15-уми сентябр ба Душанбе омада, бо раисҷумҳури Тоҷикистон вомехӯрд ва ду ҷониб 20 санади нав, аз ҷумла дар бораи нафақаи муҳоҷиронро имзо мекарданд.
Рӯзи 17-уми сентябр роҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бори аввал якҷоя вохӯрда, мавзӯи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон мавқеи кишварҳои узви СҲШ дар ин мавзуъ гуногун аст.
Узбекистон ва Чин аз ташкили ҳукумати "Толибон" истиқбол карданд, аммо Тоҷикистон сахт зид аст ва мегӯяд, бояд ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба назар гирифта шавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп гуфт, теъдоди сарбозони Амрикоро дар Олмон кам мекунанд
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико коҳиши нерӯҳои низомиаш дар Олмонро баррасӣ дорад.
Доналд Трамп, президенти ИМА дар шабакаи Truth Social навиштааст, ки "дар ояндаи наздик бояд тасмим гирифта шавад".
Пеш аз ин, президенти Амрико Фридирх Мертс, садри аъзами Олмонро барои назараш дар мавриди ҷанги ИМА бо Эрон танқид карда буд.
Садри аъзами Олмон гуфта буд, ки зоҳиран ИМА ҳеч нақшаи дақиқе барои ҷанг дар Эрон надошт.
Олмон ва ИМА кишварҳои муҳими узви созмони низомии НАТО ҳастанд.
ИМА дар пойгоҳи низомиаш дар Олмон 39 ҳазор низомӣ дорад.
Маълум нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо кам хоҳанд шуд.
Маъмурияти Трамп борҳо гуфтаанд, ки ҳузурашон дар созмони низомии НАТО-ро бозбинӣ хоҳанд кард.
Борону жола ҳаракати нақлиёт ва зиндагӣ дар Душанберо сахт кард
Борони сел ва жолаи сахт имрӯз, 30-юми апрел, зиндагиву ҳаракати мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро мушкил кард.
Дар видеоҳо аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр дида мешавад, ки баъзе аз роҳҳо зери об мондаанд ва ҳаракати нақлиёт дар онҳо номумкин шудааст. Дар дигар видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои зери об мондаро ҳам дидан мумкин аст.
Мақомот барои боз кардани ҷӯйҳои обгузари шаҳр, мошин ва дигар нақлиётро сафарбар кардаанд, вале зоҳиран имкони рафъи паёмадҳои селобро надоранд.
Наворро инҷо бинед:
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки аз имрӯз то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст. Ҳар сол дар натиҷаи селу обхезӣ ва тармаву дигар офатҳо мардум даҳҳо миллион доллар зиён мебинанд. Ҳолатҳои талафоти ҷонӣ ҳам дида мешавад.
Суҳбати Трамп ва Путин дар бораи Украина ва Эрон
Роҳбарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия рӯзи 29-уми апрел телефонӣ гап задаанд. Суҳбат якуним соат давом кардааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дар суҳбат бо Путин вазъи Украина ва Эронро баҳс кардаанд.
Ба гуфтаи Трамп, ӯ ба Путин оташбаси кутоҳмуддат дар Украина пешниҳод кард ва умедвор аст, ки Маскав инро қабул мекунад.
Дар ҳамин ҳол Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба расонаҳо гуфтааст, Путин ба Трамп пешниҳод дод, ки ба муносибаи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Украина оташбас ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи Ушаков, президенти Амрико ин пешниҳоди Путинро дастгирӣ кардааст.
Муҳлати ин оташбас маълум нест ва мақомоти украинӣ ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд. Дар Аврупо Рӯзи Ғалаба 8 ва дар Русия 9 май таҷлил мешавад.
Тошиев ба "кӯшиши ғасби қудрат" ва "сӯиистифода аз мақом" муттаҳам шуд
Қамчибек Ташиев, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба "кӯшиши ғасби қудрат" ва "сӯиистифода аз мақом" муттаҳам мешавад. Дар ин бора адвокат Икромидин Тошиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.
Бархеҳо оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тошиевро ба номаи 75 чеҳраи маъруф рабт медиҳанд, ки хостори баргузории интихоби қаблазмуҳлати президентӣ шуда буданд.
Рӯзи 29-уми апрел худи Қамчибек Тошиев дар муроҷиатномае тасдиқ кард, ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тошиев дар ин муроҷиат ба бегуноҳии худ таъкид карда гуфтааст, ба адолати додгоҳӣ бовар дорад.
Пештар хабар расида буд, ки рӯзи 28-уми апрел Қамчибек Тошиев, раҳбари собиқи КДАМ, Нурлан Тургунбек, раиси собиқи порлумон ва Курманқул Зулушев, собиқ Додситони кулли Қирғизистон аз ҷониби муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ бозпурсӣ шудаанд.
Дар бораи иттиҳоми раиси собиқи порлумон ва додситони пешини Қирғизистон хабари расмӣ дар даст нест. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфтааст.
Қамчибек Тошиев аз чеҳраи таъсиргузор дар Қирғизистон ва дӯсти наздики Содир Ҷабборов, президенти ин кишвар буд, моҳи феврали имсол аз мақомаш барканор шуд.
Ҳабси як сокини Ваҳдат "барои ирсоли пул" ба муассиси "Ислоҳ.нет"
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як муҳоҷири собиқро бо иттиҳоми фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат ба 13 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Додгоҳ 25-уми апрел ҷузъиёти ин ҳукмро нашр кард.
Назари фарди маҳкумшуда, ки 39-сола ва сокини ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат будааст, ба ҳукм маълум нест.
Дар қарори додгоҳ омадааст, ин шахс соли 2023 ҳангоми дар Русия буданаш ҳафт маротиба ба миқдори умумии 17 ҳазору 500 рубл ба Муҳаммадиқболи Садриддин маблағ фиристодааст.
Додгоҳ ин мардро ҳамчунин ба он гунаҳкор кардааст, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ, ҷонибдорӣ кардааст.
Додгоҳ ин муҳоҷирро бар асоси моддаи 179 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум кардааст, ки такроран маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро пешбинӣ мекунад.
Созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо борҳо иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон дар бораи гуруҳи террористӣ будани худро рад кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони пешинро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" боздошт ва зиндонӣ мекунанд.
Моҳи майи соли 2025 мақомоти интизомии Кӯлоб 24 нафарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин дастгир карда буданд.
Манобеи Радиои Озодӣ он вақт гуфта буданд, "Сбербанк"-и Русия ба мақомоти Тоҷикистон рӯйхати афродеро додааст, ки аз Русия барои Муҳаммадиқболи Садриддин маблағ фиристодаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин он вақт дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки интиқоли маблағ ба ҳисоби "Ислоҳнет"-ро рад намекунад, вале таъкид мекунад, ки ҳеч нафареро, ки ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин муқими Аврупо ва муассиси вебсайти "Ислоҳ" аст, ки саҳифаҳои ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва ифротӣ эълон кардааст ва ба зидди худаш ҳам дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароии исломӣ парванда боз кардаанд. Худаш тамоми ин иттиҳомотро рад мекунад.
Ҳукумат ҳаҷми буҷаро қариб як млрд сомонӣ зиёд кард
Порлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумат барои зиёд кардани ҳаҷми буҷаи соли 2026-ро қабул кард. Тибқи тағйироти нав, ҳаҷми буҷаи кишвар барои имсол 916 миллион сомонӣ зиёд карда мешавад ва қарор аст ин маблағ барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" сарф шавад. Ҳаҷми буҷаи Тоҷикистон дар оғози соли равон 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон 22-юми апрел дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, "ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи мазкур равона намудани маблағҳои иловагӣ тавассути буҷаи ҷумҳуриявӣ барои рушди соҳаи энергетика, махсусан маблағгузории сохтмони неругоҳи "Роғун" аст.
Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби молиёт ё андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пур мешавад. Тибқи омори ахир, ки 29-уми апрел дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон садо дод, нақшаи даромади будҷа дар се моҳи аввали соли 2026 барзиёд иҷро шудааст.
Соли равон мақомот ҳаҷми ҷаримаҳоро зиёд карда, ҳамчунин молиётҳои нав ҷорӣ карданд. Аз ҷумла, ахиран барои воридоти ҳар тонна сӯзишвории дизелӣ ва газ ба кишвар 30 евро пардохти экологӣ ҷорӣ шуд.
Имсол гузашти низомӣ дар Маскав ба таври маҳдуд мегузарад
Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки имсол гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ба таври маҳдуд баргузор мешавад.
Дар баёнияи ин вазорат омадааст, имсол дар гузашти низомӣ силоҳҳои вазнин ба намоиш гузошта намешаванд ва ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳарбӣ низ дар чорабинӣ ширкат намекунанд.
Сабаби ин тасмим "вазъияти амалиётии кунунӣ" унвон шуда, аммо шарҳи бештаре ироа нашудаст.
Давоми қариб 20 соли ахир бори аввал аст, ки гузашти низомӣ дар назди Кремл бидуни намоиши ҳеч мошини ҳарбӣ ва силоҳҳои сангин баргузор мешавад.
Русия аз гузашти низомии Рӯзи Ғалаба ба унвони намоиши қудрати низомии худ истифода мекунад.
Бархе нозирон, аз ҷумла Кирилл Мартинов, сардабири "Новая газета Европа" мегӯянд, таҳдиди ҳамлаҳои паҳподҳои Украина шояд сабаби даст кашидани Русия аз баргузории гузашти низомӣ шудааст.
Мартинов мегӯяд, "тавоноии Украина барои ҳадаф қарор додани дохили хоки Русия дар солҳои ахир воқеан афзоиш ёфтааст".
Трамп гуфт, Эрон аз ИМА хостааст, ки Ҳурмузро боз кунад
Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки Эрон аз Амрико хоҳиш кардааст, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро боз кунад.
Дар як паём дар шабакаи TruthSocial, Трамп гуфт, ки мақомоти эронӣ “ба мо хабар доданд, ки онҳо дар "ҳоли фурӯпошӣ" қарор доранд” ва мехоҳанд, ки ИМА гулӯгоҳро “ҳарчи зудтар” боз кунад.
Эрон убури киштиҳои хориҷиро аз ин гулӯгоҳ маҳдуд кардааст. ИМА ҳам роҳи киштиҳои Эронро дар ин оброҳа бастааст.
Ин боиси якбора кам шудани ҳаракати киштиҳо ва боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ гаштааст.
ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҷанг ба хотири гуфтугӯ ва расидан ба як созиш ИМА оташбас эълон кард. Ҳанӯз ҳеч нишонае аз гуфтугӯ ва созиш миёни ду кишвар дида намешавад.
Додситонӣ қазияи "устухон фурӯ бурдани сарбоз"-ро таҳқиқ мекунад
Ба думболи марги як навсарбоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ, додситони низомии Тоҷикистон дастур додааст, қазияи дар бемористон ҷон додани ӯ ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.
Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-солаи як қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 25-уми апрел ҷон бохтааст ва сабаби маргашро фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон гуфтаанд.
Ду манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фирдавс Ҳаётзода, муовини додситони кулл ва додситони низомии Тоҷикистон ба Кӯлоб омадааст ва қарор аст, барои мулоқот ба хонаводаи Ғолибҷон Иброҳимов биравад.
Навсарбози тоҷик, ки моҳи октябри соли гузашта ба хидмат рафтааст, ба гуфтаи худаш ҳангоми истеъмоли палав устухон фурӯ бурдааст ва афсарон бо вуҷуди дарди зиёд ба сиҳатии ӯ беэътиноӣ кардаанд.
Ҳодиса рӯзи рӯзи 6-уми апрел рух додааст ва Ғолибҷон Иброҳимов ва пас аз 19 рӯз ҷон додааст.
Ду манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додситони низомӣ дастури қатъӣ додааст, ки тамоми далелҳо дар бораи муоинаву муолиҷаи сарбози бемор дар шифохонаҳо таҳқиқ шавад. Маргу мири сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як масъалаи дарднок аст ва ҳамеша баҳси зиёдеро дар ҷомеа бармеангезад.
Русия мехоҳад ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро зиёд кунад
Мақомоти Русия мехоҳанд, ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро 12 баробар зиёд кунанд.
Хабаргузории РКБ аз қавли манобеаш навиштааст, лоиҳаи ин қонунро ҳукумат дастгирӣ кардааст.
Тибқи ин ислоҳот, аз ҷумла, гирифтани шаҳрвандии Русия ё баромадан аз он аз 4 ҳазор рубл ба 50 ҳазор рубл зиёд мешавад.
Нархи иҷозати истиқомати муваққат ҳам аз 1920 рубл ба 15 ҳазор рубл афзоиш хоҳад ёфт. Дар сурати қабули ин қонун, арзиши иҷозаи доимӣ то 30 ҳазор рубл мешавад. Феълан арзиши ин ҳуҷҷат 6 ҳазор рубл аст.
Лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, иштирокчиёни барномаи кӯчонидан (переселение) ва онҳое, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок доранд, аз пардохти ин боҷҳои давлатӣ озоданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, аз тариқи зиёд кардани боҷи давлатӣ барои муҳоҷирон, мехоҳанд хароҷот барои гузарондани санҷишҳоро рӯйпӯш кунанд.
Баъзе вакилони Думаи давлатӣ, аз ҷумла Константин Затулин гуфтааст, ин сахтгириҳо ба бозори меҳнат ва муносибати Русия бо кишварҳои дигар зарар мерасонанд.
Ба гуфтаи ин вакили порлумони Русия, бо зиёд шудани боҷи давлатӣ, муҳоҷирон қариб тамоми маоши худро барои ҳуҷҷатҳо сарф мекунанд ва ин ҳолат метавонад боиси афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ шавад.
Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон даҳҳо қонуни сахтгирона ҷорӣ кард, ки кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор кардааст.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз афзоиши фишорҳои бесобиқа дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мегӯянд, ки зиндагӣ ва кор дар ин кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.
Дар Тоҷикистон, ки бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад, дарёфти кору маоши муносиб осон нест ва ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ин омор эътироз накард, вале ӯ соли 2022 гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.
Дидори намояндагони Толибон ва Тоҷикистон дар Бадахшон
Намояндагони ҳукумати Толибон ва мақомоти Тоҷикистон мавзӯи бозкушоии консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро баҳс кардаанд.
Ба гузориши расонаи Афғонистон, аз ҷумла, "Пажвок" ва Afghanistan International, ин мавзӯъ ахиран дар дидори намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва волии вилояти Бадахшони Афғонистон баррасӣ шудааст.
Дар ин дидор, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд, ду тараф ҳамчунин дар бораи равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла тақвияти бозорҳои марзӣ ва беҳтар кардани назорати сарҳади давлатӣ гап задаанд. Маълум нест, ки ҷонибҳо ба чӣ хулоса расидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин дидор ва натиҷаи он расман хабар надодаанд.
Тоҷикистон моҳи августи соли 2021 консулгариашро дар вилояти Бадахшони Афғонистон муваққатан баст. Ин кор замоне анҷом шуд, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул қарор дорад.
Тоҷикистон аз замони ба қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон дар баробари ин гурӯҳ мавқеъгирии шадид дошт ва дар моҳҳои охир ин робитаҳо рӯ ба гармӣ овардааст.
"Таҷовуз ва ғорат". Боздошти Боқиев ва ҷустуҷӯи 5 ҳамроҳаш дар Амрико
Дар шаҳри Филаделфия, дар аёлати Пенсилванияи Амрико, ки макони муҳоҷират ва кору иқомати садҳо зодаи Тоҷикистон аст, шаш ҷавони то бистсола ва эҳтимол зодагони Осиёи Марказӣ ба ҳамла ва дуздиву таҷовуз ба номус гумонзад шудаанд.
Пулиси Филаделфия дар баёнияе рӯзи 27-уми апрел гуфт, яке аз ин ҷавонҳо Саидаҳмад Боқиеви ҳаждаҳсола дастгир ва панҷ тани дигар дар ҷустуҷӯ ҳастанд.
Гуфта нашудааст, ки Боқиев зодаи кадом кишвар аст ва чанд муддат боз дар Филаделфия иқомат дорад.
Номи панҷ гумонзади дигар ҳам нашр нашудааст, вале пулис онҳоро “сафедпӯст, то 20-сола, мӯяшон сиёҳ ва эҳтимол рус ё аз Осиёи Марказӣ” тасвир кардааст.
Ҳодиса субҳи 25-уми апрел дар як маҳаллаи Филаделфия иттифоқ уфтодааст. “Онҳо маҷбурӣ ба як бино даромада, ҷабрдидагонро бо таҳдиди силоҳ ғорат ва таҷовуз кардаанд,” - гуфта шудааст дар баёнияи пулиси Филаделфия. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ба як ҳаммом ҳамла шудааст.
Ба иттилои расмӣ, ҷавонҳо пас аз расидани маъмурони интизомӣ “аз болои бом гурехтаанд”.
Талоши мо барои гирифтани шарҳи бештар ва маълумот дар бораи гумонзадҳо аз мақомоти Филаделфия ҳанӯз натиҷа надод. Пулиси Филаделфия дар баёнияаш танҳо ҳаминро гуфтааст, ки Саидаҳмад Боқиев ба ҳамла, таҷовуз, дуздӣ ва иттиҳомҳои дигар гумонзад аст.
Ангезаи ҳамла ва баёнияи ибтидоии Саидаҳмад Боқиев, ки ҳоло дар боздошт аст, рӯшан нест.
Бино ба маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Бахше аз онҳо дар шаҳри Филаделфия ҷойгир шудаанд. Соли 2025 як навраси 17-соларо аз Тоҷикистон, ки дар натиҷаи занозанӣ даргузашт, дар шаҳри Филаделфия дафн карданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Трамп суҳбат кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо Серҷио Гор, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар Душанбе суҳбат кардааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хабар додааст, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар “дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният” баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат гуфтааст, ки ИМА яке аз панҷ кишвари аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст.
Серҷио Гор гуфтааст, ки Доналд Трамп, президенти ИМА ба талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои субот дар минтақа арҷ мегузорад.
Дар хабарнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ИМА “дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ” аст.
Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки Тоҷикистону ИМА дар чаҳорчуби созмони “С5+1” ҳамкориро идома хоҳанд дод.
ИМА аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ин кишвар ҳамкориро оғоз ва миллиардҳо доллар ба Душанбе кумак намудааст.
Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст
Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи Ваҳдат андохта, ғарқ шудааст.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ҳашт моҳ пеш ба артиш рафта, сарбози баталёни минрубии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Насим, як тан аз наздикони ӯ рӯзи 28-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидон гуфт, ки ӯ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, худро аз болои панҷараи пул ба рӯдхона ҳаво додааст.
"Зан фикр кардааст, ки ӯ телефонро баро аксгирӣ ба ӯ додааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад. Ба он зан ягон гап нагуфтааст, ки чаро ин корро мекунад. Дигар раҳгузарон ҳам шоҳид будаанд. То 500-600 метр ӯ дар рӯи об метофтааст, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст,"--гуфт ӯ.
Ҳоло наздикони Шаҳбоз ва сокинони маҳаллӣ пайкари сарбозро дар соҳилҳои Кофарниҳон ҷустуҷӯ доранд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, сарбоз барои даҳ рӯз дар рухсатӣ буд ва имрӯз, 28-уми апрел, мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт. Онҳо гуфтанд, ки ӯ аз шароити бади хидмат шикоят дошт ва мегуфт, ки гурдаҳояш осеб дидаанд. Он рӯз ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад.
Дар маҳалли ҳодиса як тан аз масъулони қисми ҳарбӣ, ки Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода онҷо сарбоз буд, ҳузур дошт ва ӯ нахост телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гап занад.
Наздикон мегӯянд, намедонанд, ки чаро ӯ ба ин кор даст задааст, чун ба онҳо чизе нагуфта будааст.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад.
Наздикони бархе сарбозон аз шароити нохуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва озори сарбозон аз ҷониби сарбозони бузургтар ё афсарон шикоят мекунанд. Солҳои гузашта ҳам чанд навори азияти сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Мақомот мегӯянд, вазъ дар қиёс ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст ва тамоми шароит барои сарбозон муҳайё аст. Аммо ҳамоно аз фоҷиаҳо дар нерӯҳои мусаллаҳ хабарҳо мерасанд.
Боздошти як мансабдор дар Душанбе барои "тамаъҷӯӣ"
Як мансабдор дар Душанбе бо гумони гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора ё тамаъҷӯӣ, боздошт шудааст.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 27 апрел дар баёнияе аз ин шахс Наҷмудинзода Д.А. ном бурда, ки дар раёсати заминсозии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" - и пойтахт ба ҳайси муттахассис кор мекардааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, тафтишот маълум кардааст, ки гумонбар соли 2025 барои ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокин 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манбаъ барои ҳуҷҷатгузории замин ҳамагӣ 1000 сомонӣ пардохти давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Назари худи Наҷмуддинзода ба ин иттиҳом маълум нест.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба ин мансабдор барои тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола чандин мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯшу ҳуҷҷатгузории ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.
Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар кишвар як "дарди бедаво" меноманд.