Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Радиои Озодӣ бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот кард


Ҷейми Флай (рост) бо Содир Ҷабборов (Содир Жапаров). Бишкек, 14-уми сентябри 2021
Ҷейми Флай (рост) бо Содир Ҷабборов (Содир Жапаров). Бишкек, 14-уми сентябри 2021

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи 14-уми сентябр бо Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, озодии баён аз мавзуъҳои асосии суҳбат будааст. Ҷабборов гуфтааст, Қирғизистон як кишвари озод аст ва ба озодии баёну демократия эҳтиром мегузорад.

"Президент гуфт, роҳбарияти кишвар барои ҳамкории фаъолона бо расонаҳо ҳамеша омодааст. Айни замон хост, онҳо низ холисона кор кунанд ва меъёрҳои рӯзноманигории воқеиро риоя кунанд", -- омадааст дар сомонаи расмии президенти Қирғизистон.

Ҷейми Флай дар навбати худ гуфтааст, дар Қирғизистон ҳама шароити зарурӣ барои фаъолияти расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ, фароҳам аст.

Як рӯз пеш ӯ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Руслан Казакбоев, мулоқот дошт. Вазир гуфт, Радиои Озодӣ дар Қирғизистон ҷойгоҳи вижа дорад ва солҳои дароз ҳамчун манбаи боэътимоди ахбор мемонад.

Ба гуфтаи Казакбоев, сарфи назар аз андешаҳои гуногун дар бораи кори Радиои Озодӣ, ин расона бо риояи меъёрҳо “ошкоро ва шаффоф маълумотро ба мухотабон мерасонад”.

XS
SM
MD
LG