Дар чанд ҷумла
Путин ва Асад дар Маскав мулоқот карданд

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва ҳамтои суриягиаш Башор Асад дар Маскав роҷеъ ба ҳамкориҳои низомӣ алайҳи минтақаҳои таҳти ишғоли мухолифони ҳукумати Сурия гуфтугӯ кардаанд.
Дар ин бора расонаҳои давлатии Сурия рузи 14-уми сентябр хабар доданд.
Дар ҷанги даҳсолаи Сурия, Русия ва Эрон аз ҳукумати Башор Асад пуштибонӣ мекарданд.
Ҷанги дохилии Сурия дар моҳи марти 2011, пас аз фишорҳо ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ оғоз шуд. Дар ин ҷанг беш аз 400 ҳазор нафар ҷон бохта, миллионҳо нафар овора шуданд.
Русия дар моҳи сентябри соли 2015 ба пуштибонӣ аз нерӯҳои ҳукумати Башор Асад вориди ин ҷанг шуд. Дар ҳоли ҳозир аксар қаламрави Сурия зери назорати нерӯҳои Асад қарор дорад.
Бо ин ҳол, қисматҳои аз қаламрави ин кишварро нерӯҳои курди мухолифи Башор Асад идора мекунанд. Ин нерӯҳо аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд ва дар қисмати шарқӣ ва шимоли шарқи Сурия ҷойгир мебошанд.
Садҳо нерӯи Русия пас аз сентябри соли 2015 ба Сурия фиристода шуданд ва Маскав дар шаҳри Лозиқия пойгоҳи низомӣ бунёд кард. Русия ҳамчунин дар шаҳри бандарии Тартус барои ҳимояти нерӯҳои ҳавоияш ва низ нерӯҳои заминӣ, пойгоҳ сохт.
Путин ва Асад бори охир дар моҳи январи соли 2020 дар Димишқ, пойтахти Сурия, мулоқот карда буданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Чехия беш аз 40 коргари идораи полис якбора шикамдард шуданд

Дар шаҳри Прагаи Чехия ҳафтаи гузашта дар як вақт беш аз чил корманди як идораи полис бо нишонаҳои исҳол ё шикамдард ба духтур муроҷиат кардаанд. Сомонаи чехии iDNES рӯзи 17 сентябр навишт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар идораи полиси маҳаллаи Летна рух дод.
Таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале фарзияи аввалия ин аст, ки эҳтимолан бемории ходимони полис хусусияти вирусӣ дорад. Ҳанӯз манбаи сироят маълум карда нашудааст, вале барои пешгирӣ аз ҳама гуна эҳтимоли бадтар шудани вазъ барои як муддат ошхонаи умумӣ ва буфети бинои идораи полис баста шуд.
Ҳана Мала, як намояндаи ин идораи полис ба нашрия гуфтааст: “44 корманд бо нишонаҳои сабуки шикамравӣ шикоят карданд. Таҳқиқоти микробиологӣ вуҷуди хусусиятҳои бактериологии бемориро тасдиқ накард. Инчунин ВКД ба ҳайси идораи таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳқиқи эпидемиологиро ба роҳ мондааст”.
Ӯ гуфт, ки тафтиши ошхонаву буфет ҳеҷ мушкилеро ошкор накард ва баъди анҷоми таҳқиқ ин ду муассисаи хӯроки умумӣ аз рӯзи сешанбе дубора корро аз сар гирифтанд. Мала гуфт, баъди он ҳодиса дигар шикояте дар бораи бад шудани саломатии ходимони идораи полис дарёфт нашудааст.
Айбдоршавандаи қатли Кирк: ӯ нафрати аз ҳад зиёд мепароканд

Тайлер Робинсон, ки ба куштани блогнавис ва фаъоли муҳофизакор Чарлӣ Кирк гунаҳкор мешавад, гуфт, Киркро барои он кушт, ки аз худ нафратро хеле зиёд паҳн мекард.
Дар нахустин мурофиаи парвандаи Робинсон дар аёлати Юта вай бар пояи чандин банди қонуни кайфарӣ, аз ҷумла “куштори дараҷаи аввал, истифодаи силоҳи оташфишон бо расонидани зарари ҷиддӣ, монеъ шудан ба умури адлия, фишор ба шоҳидон ва содир кардани ҷинояти зӯроварона дар ҳузури кӯдак” айбдор карда шуд. Ин айбномаро додситони аёлати Юта Ҷефф Греё эълом дошт.
Бино бар парвандааш, Робинсон дар сӯҳбат бо волидонаш эътироф кардааст, ки маҳз ӯ Киркро парондааст ва ният дошт барои наҷот аз ҳабс худкушӣ кунад. Дар бораи ангезаи худ Робинсон гуфтааст: «Бадӣ хеле зиёд аст ва ин шахс нафрати аз ҳад зиёд паҳн мекунад».
Дар ҳуҷҷатҳо ҳамчунин зикр шудааст, ки ҳамхона ва эҳтимолан шарики Робинсон як ёддошт ёфтааст: «Ман имкони нест кардани Киркро дорам ва аз он истифода мекунам». Ба гуфтаи ҳамхонааш, Робинсон беш аз як ҳафта кушторро омода мекард.
Илова бар ин дар мукотиба бо ҳамхонааш Робинсон хоҳиш кардааст, ки ӯ ин паёмҳоро пок кунад ва бо пулис ҳамкорӣ надошта бошад. Вай инчунин шикоят кардааст, ки падараш ҷонибдори ашаддии президенти ИМА Доналд Трамп шудааст.
Чанд соат пеш аз боздошт, ба навиштаи The Washington Post, Робинсон дар чати Discord навиштааст: «Салом, бачаҳо, ман барои шумо хабари бад дорам. <...> Ин ман будам дирӯз дар Донишгоҳи водии Юта. ИН ҳамаро ба ман бубахшед».
- Чарлӣ Кирк, блогнавис ва фаъоли муҳофизакор, ки 31 сол дошт, рӯзи 10 сентябр бо тире, ки ба гарданаш бархӯрд, кушта шуд. Дар он лаҳза Кирк дар донишгоҳи аёлати Юта суханронӣ мекард. Трамп ин ҷиноятро «ваҳшиёна» номид.
- Кирк яке аз онҳое ҳисобида мешавад, ки дар ҷалби шумораи зиёди интихобкунандагони ҷавон ба Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва худи Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 ёрӣ кардааст.
"Бо амри Ҳайбатулло Охундзода". Интернети сокинони Балх маҳдуд шуд

Сухангӯи ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, раҳбари ин ҷунбиши тундгаро ба мақсади, ба гуфтааш, "ҷилавгирӣ аз бадахлоқӣ" дар вилояти шимолии Балх истифодаи нахҳои оптикии интернетро манъ кардааст.
Аз замони сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021-ум ин бори аввал аст, ки идораҳои ҳукуматӣ, бахши хусусӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои сокинони Балх аз интернет маҳрум мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, интернети мобилӣ дар Балх фаъол боқӣ мемонад. Сухангӯйи ҳукумати Балх Ҳоҷӣ Атоуллоҳ Зайд ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки "манъи комил" бо ҳукми раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ҷорӣ шудааст.
Маълум нест, ки чаро чунин қарор маҳз вилояти Балхро марбут аст ва оё ин ҳукм ба дигар вилоятҳои Афғонистон тавсеа хоҳад ёфт ё на?
Дар гузашта мақомдорони Афғонистон ҳангоми чорабиниҳои дастаҷамъӣ истифодаи интренети мобилиро манъ мекарданд, то аз инфиҷори маводи тарканда пешгирӣ шавад.
Мақомоти эронӣ нагузоштанд маросими ёдбуди Маҳсо Аминӣ барпо шавад

Мақомот дар Эрон пеши роҳи наздикону ҳаводоронро барои барпо кардани маросими ёдбуди Маҳсо Аминии соли 2022 дар идораи полис даргузашта гирифтанд. Радио Фардо менависад, 16 сентябр, ки рӯзи марги духтари 22-сола дониста мешавад, падари Маҳсо – Амҷад Аминиро ба идораи полиси шаҳри Саққиз дар Курдистони Эрон даъват ва аз ӯ тақозо карданд, ки ба хотири ёдбуди духтари ҷавонмаргаш ҳеҷ маросиме барпо накунад. Маҳсо Аминӣ баъди боздошташ аз ҷониби ходимони полиси ахлоқ дар Теҳрон бо иттиҳоми бадҳиҷобӣ дар шароити мармуз ҷон дод.
Наворҳои видеоии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки рӯзи 16 сентябр фурӯшгоҳҳо дар Саққиз баста буданд ва гуфта мешавад, ки ба нишони ёдбуд аз марги ин духтари ҷавон тоҷирон коршиканӣ карданд.
Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки аз рӯзи 14 сентябр ба ин сӯ дар наздикии хонаи Аминӣ ходимони амниятӣ истода ҳама гуна ҳаракату рафту омади мардумро назорат мекарданд. Ин манбаъ инчунин гуфт, ки амниятиҳо роҳро ба сӯи қабристони Ойчӣ, ки Маҳсо он ҷо дафн шудааст, бастаанд. Зиёрати қабри Маҳсо ҳам барои аҳли хонавода ва ҳам дигарон манъ шудааст.
Манбаъҳои Радио Фардо мегӯянд, ки мақомот бо талоши масдуд кардани роҳ ба сӯи қабристон сатҳи оби дарёи Саққизро аз ҳисоби боз кардани захираҳои оби обанбори Чароғи вайс зиёд карданд.
Айни ҳамин корро соли гузашта ҳам дар солгарди дуюми марги Аминӣ карда буданд. Ҳалокати духтаре, ки мақомот ӯро гӯё барои нодуруст бастани ҳиҷоб дар Теҳрон боздошт кардаву дар он ҷо ҷон дод, боиси эҷоди бесобиқатарин эътирозҳо дар таърихи низоми Ҷумҳурии Исломӣ гардид.
Мардуми зиёде давоми моҳҳои дароз зидди ҳукумати мазҳабӣ, аз ҷумла раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ба кӯчаҳо рехтанд. Ҳукумат бо саркӯб вокуниш кард ва дар натиҷа, беш аз 500 кас куштаву 20 ҳазор кас боздошт гардид. Human Rights Watch бо нашри гузорише дар остонаи сесолагии марги Маҳсо гуфт, бо гузашти вақт ҳам мақомот дар Эрон таҳқиқи муассир, бетарафона ва мустақилонаи ҳолатҳои ҷиддии вайрон шудани муқаррароти ҳуқуқи инсонро дар паи эътирозҳое бо шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” барпо накарданд.
Кӯмаки ИМА ба гуруҳҳои осебпазири сокини Тоҷикистон

Дипломатҳои амрикоӣ дар маросиме дар Душанбе рӯзи 17 сентябр ба Тоҷикистон 75 тонна ғизои истеҳсоли амрикоиро ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар тақдим карданд.
Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Душанбе омадааст, ки ин кӯмакҳо “барои дастгирии тақрибан 40 ҳазор аҳолии осебпазир” равона мешавад. Маводи ғизоии тақдимшуда аз наску биринҷ ва сабзавот иборат мебошад, ки бо витамину минералҳои муҳим ғанӣ гардонида шудааст.
Ин ёриро ба беш аз 140 муассисаи тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, дармонгоҳҳои равонпизишкӣ, марказҳои онкологӣ ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим мекунанд.
Аз соли 2007 ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон ҳазор тонна кумаки ғизоии ғанигардонидашудаи истеҳсоли Амрикоро ба маблағи беш аз 2,2 миллион доллар фароҳам кардааст.
Ҳабси абади як афғонистонӣ дар Олмон

Дар Олмон як зодаи Афғонистон барои куштори фарде дар гирдиҳамоии зиддиисломӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Штутгарт гуфт, ки соли гузашта ин шаҳрванди Афғонистон бо ғаразҳои эҳтимолан мазҳабӣ ба гирдиҳамоии зиддиисломӣ ҳамла кард ва дар натиҷаи ин амали ӯ, як афсари полис ба қатл расида, панҷ каси дигар захмӣ шуданд.
Ба навиштаи хабаргузории Рейтерс, ҳукм замоне содир мешавад, ки дар Олмон баҳси бозгардони ҷинояткорон ва паноҳҷӯёни нокоми афғонистонӣ ҷараён дорад. Хабаргузорӣ меафзояд, бозгардони афроди ёдшуда соли гузашта баъди музокироти Олмон бо ҳукумати Толибони Афғонистон оғоз ёфтааст, вале Берлин то кунун расман ин иқдомро тасдиқ накардааст.
Моҳи майи соли 2024-ум шаҳрванди 26-солаи Афғонистон, ки бо номи Сулаймон А. зикр шудааст, бо корди шикорӣ ба гирдиҳамоии гуруҳи мухолифини ислом бо номи "Пакс Европа" дар шаҳри ғарбии Манҳейм ҳамла кард.
Баъди ин амал ӯ боздошт шуд. Ҳарчанд ин шаҳрванди Афғонистон аз ҳаводорони созмони даҳшатафкани "Давлатӣ исломӣ" ба шумор меравад, дар айбномааш истилоҳи терроризм ёд нашудааст.
Дар ҳукми Сулаймон А. ибораи "ҷинояти хеле вазнин" ба чашм мехӯрад. Яъне имкони афви ҷурмаш вуҷуд надорад. Тибқи қонунҳои Олмон, Сулаймон А, ҳақ дорад, бознигарии ҳукмро талаб кунад.
Дар Тоҷикистон соле 2 миллион тонна партови маишӣ ҷамъ мекунанд

Дар Тоҷикистон соле беш аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва ин партовгоҳҳо масоҳати умумии беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 сентябр дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва маросими ифтитоҳи бинои нави ин идораи ҳукуматӣ суханронӣ намуд.
Раҳмон ба камбуди шумори коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо чун як мушкили ҷиддии экологии Тоҷикистон таъкид намуда гуфт, ки корхонаҳои амалкунанда барои коркарди партовҳои пластикӣ, коғаз, равғани воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва дигар навъи партов кифоят намекунанд.
Ӯ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дод, ки «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035»-ро таҳия намоянд, то ки ҳадафи аслиаш кам кардани таъсири партовҳо ба муҳити зисти Тоҷикистон бошад.
Мушкили партовҳо дар Тоҷикистон нав нест ва дар бисёр маҳалҳои аҳолинишин то ҳол нуқтаҳои махсусан ҷудошуда барои ташкили партовгоҳи расмӣ вуҷуд надоранд. Фаъолони экологӣ аз ҷорӣ набудани низоми ҷудо кардани навъи партов вобаста ба сифати он – пластик, оҳан ё коғазу ахлоқи маишӣ солҳо аст интиқод мекунанд.
Трамп бори дигар аз Зеленский хост, ки бо Путин созиш кунад

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп қабл аз сафараш ба Британияи Кабир гуфтааст, Владимир Зеленский барои поёни ҷанг дар Украина, бояд ба созиш расад.
Ба гуфтаи Трамп, дидори як моҳи пеши ӯ бо Владимир Путин дар Аляска "муваффақиятҳои зиёд дошт", аммо барои созиш бояд ду тараф, яъне Русия ва Украина, ба созиш расанд.
Трамп гуфтааст, лозим меояд, ки ӯ низ дар вақти вохӯрии роҳбарони Русия ва Украина ҳузур дошта бошад, чун Путин ва Зеленский "ҳамдигарро дидан намехоҳанд"-у "наметавонанд дар як утоқ бошанд".
"Расидан ба созиш аз тахмини ман мушкилтар аст, барои онки Путин ва Зеленский нисбати ҳамдигар бадбинии зиёд доранд. Вале мо ин ҳолатро бозмедорем",-гуфтааст Трамп.
Пештар Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, эҳтимол дорад Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ҳафтаи оянда дар ҳошияи нишасти 80-уми Маҷмааи СММ мулоқот кунад.
Трамп аз "Ню-Йорк Таймз" ба додгоҳ шикоят бурд ва $15 млрд хост

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 15 сентябр аз рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" ва чаҳор хабарнигори он ба додгоҳи федеролии Флорида шикоят бурд ва 15 миллиард доллар ҷуброн талаб кард.
Дар шикоят омадааст, мақолаҳо ва китобе, ки пеш аз интихоботи соли 2024 нашр шуданд, "намунаи чандинсолаи дурӯғгӯӣ ва бадгӯии барқасдона" алайҳи Трамп будааст.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии Social Truth ин рӯзномаро ба дурӯғпардозӣ ва сухангӯи чапи радикал" будан, муттаҳам кард.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ки "Ню-Йорк Таймз" ба дархосташ барои шарҳи ин мавзуъ, ҳанӯз посух надодааст.
Трамп қаблан ҳам алайҳи расонаҳои дигар, аз ҷумла, Wall Street Journal, шикояти 10-миллиарддоларӣ бурда буд.
Бонки миллӣ: Дар фурӯши доллар ягон маҳдудияти нав ҷорӣ нашудааст

Бонки миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба як гузориши Радиои Озодӣ аз 9 сентябр гуфтааст, дар кишвар барои фурӯши доллари амрикоӣ "ягон маҳдудият ё талаботи нав ҷорӣ карда нашудааст".
Дар моҳҳои ахир қурби доллар дар Тоҷикистон поён рафт, аммо пайдо кардани ин асъори хориҷӣ ба гуфтаи сокинон дар бонкҳо хеле мушкил аст. Бонкҳои тиҷоратӣ ё доллар надоранд ё бо маҳдудият танҳо то 500 доллар мефурӯшанд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гузориш навиштааст, "талаботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад".
Аммо Бонки миллӣ дар ин бора ягон омор наовардааст ва маълум нест, ки талаботи рӯзонаи бонк ва ташкилотҳои қарзии кишвар ба доллар чӣ қадар аст.
Бонки миллӣ ҳамчунин бе овардани рақамҳои мушаххас танҳо гуфтааст, дар моҳҳои январ - августи имсол асъори нақди барои аҳолӣ ҷудошуда назар ба соли гузашта зиёд мебошад.
Дар вокуниши Бонки миллӣ омадааст, камчинии асъори хориҷӣ дар бонкҳо "танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина" ва саривақт нарасидани асъор метавонад ба вуҷуд ояд, "вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад".
Баъзе аз соҳибкорон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қабл аз он ки доллар бигиранд, бояд санади соҳибкориашонро пешниҳод кунанд ва баъд аз ин ба онҳо доллар дода мешавад.
Бонки миллӣ низ ин ҳолатро тасдиқ карда гуфтааст, дар ҳолати як дафъа ивази асъор дар ҳаҷми аз 350 то 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, бонкҳо вазифадоранд, ки шахсияти муштариро аниқ кунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, сокинон метавонанд ҳангоми сафар, пардохти маблағи таҳсил дар хориҷ ва табобат, аз бонкҳо кортҳои Visa, UnionPay, Mastercard дастрас карда, сомониро ба он ворид кунанд ва он автоматӣ ба асъори хориҷӣ иваз карда мешавад.
Дар ҳоли ҳозир сад доллари амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистон то 940 сомонӣ мубодила мешавад.
Ду рӯзи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Танҳо дар ду рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон панҷ нафар кушта ва ду нафар сахт маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 13 ва 14-уми сентябр чор садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар сабт шудааст.
Дар миёни ҳалокшудагон кӯдаки шашсола, навраси 16-сола ва ҷавони 30-сола будаанд. Ду тани дигар аз 50 ва 56 сола будаанд.
Садамаи аз ҳама пурқурбонии рӯзи 13-уми сентябр, ки дар он се кас кушта ва як тан маҷрӯҳ шудааст, дар роҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара замоне рух додааст, ки, ба гуфтаи ВКД, ронанда Фирдавс Давлатов қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ба мошини самти муқобил бархурдааст.
Ҳодисаҳои дигар дар роҳи Душанбе-Ёвон, Панҷакент-Айнӣ ва Бохтар-Данғара сабт шудаанд.
Вазорат ин ҳодисаҳоро беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон кардааст.
Бино бар ҳисобҳои соли гузашта, рӯзе дар роҳҳои Тоҷикистон дар садамаҳо то се нафар кушта ва то панҷ нафар маҷрӯҳ мешаванд.
Бархе аз он интиқод мекунанд, ки бо вуҷуди таъкидҳои махсуси мақомоти баландпоя, ҷорӣ кардани низоми назорати видеоӣ аз кӯчаву роҳҳо, бисёр ронандаҳо қоидаҳоро нодида мегиранд.
Решаи мушкилро дар фасод медонанд, чун дар ниҳояти кор ронандагони қоидашиканро ҷазо намедиҳанд ва ба афроде, ки ронандагӣ карда наметавонанд, шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд.
Аз сӯи дигар, дар Тоҷикистон аксар ронандаву мусофирон тасмаи бехатарии мошинро намебананд, ки ин омори маргро бештар мекунад.
Соати нави алмосии Одам Қодиров 40 миллион рубл нарх доштааст

Одам Қодиров - писари 17-солаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров соате дорад, ки 40 миллион рубл нарх дошта, ду баробар бештар назар ба даромади расмии солонаи падараш мебошад. Акси ноболиғро, ки дар ҳукумати Чеченистон мақоми раиси хадамоти амнияти Рамазон Қодировро ба ӯҳда дорад, хоҳараш Табарик дар Инстаграм нашр кард.
Ба соати гаронарзиш дар дасти писари Қодиров нашрияи "Верстка" таваҷҷӯҳ кардааст. Хабарнигорон маълум кардаанд, ки соат сохти ширкати амрикоии Jacob & Co ва рақамаш Epic SF24 аст. Соат аз тиллои сафед ва 104 санги алмос сохта шудааст. Дар саросари ҷаҳон 18 дона чунин соат ба фурӯш рафтааст, ки ҳар яки он 497 ҳазор доллар арзиш дорад.
Одам Қодиров соати дигаре ҳам аз ширкати Jacob & Co дорад. Дар рӯзи тӯяш тобистони имсол ин ноболиғ соате дар даст дошт, ки яккаву ягона дар ҷаҳон аст. Ин соат бо беш аз сесад дона алмос оро дода шуда 7 миллион доллар арзиш дорад.
Одам Қодиров на танҳо раиси хадамоти амнияти раиси ҷумҳурии Чеченистон аст, балки инчунин нозири ба истилоҳ донишгоҳи хадамоти таъиноти вижаи шаҳри Гудермес, ду баталйони вазорати дифоъ, тамоми сохторҳои ВКД Чеченистон ва ҳам дабири Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ мебошад. Маълум нест оё ӯ маоши давлатӣ мегирад ва ҳаҷми он чанд аст.
Бино ба эъломияи даромадҳои Рамазон Қодиров барои соли 2021, даромади расмии ӯ 26,5 миллион рублро ташкил додааст.
Исми Одам Қодиров баъди латукӯби Никита Журавел дар як боздоштгоҳи шаҳри Грозний ба ҳамагон маълум шуд. Ин ҷавони рус барои оташ задани китоби Қуръон боздошт ва ба Чеченистон бурда шуд. Писари Қодиров унвони қаҳрамони ҷумҳуриро дорад. Ӯро инчунин дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Тотористон, Қарачаю Черкес, Қабардину Балқор ҳам бо ҷоизаву нишонҳои давлатӣ қадрдонӣ кардаанд.
Дар Белгороди Русия се сокин дар паи ҳамлаи паҳподҳо кушта шуданд

Дар як шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ дар вилояти Белгороди Русия се сокини маҳаллӣ кушта ва 11 нафар захмӣ шудаанд. Ин маълумотро раиси вилоят Вячеслав Гладков нашр кардааст. Ба иттилои ӯ, дар миёни кушташудаҳо сокини деҳаи Лозовое ва ду зани сокини деҳаи Головчино мебошанд.
Аксар маҷрӯҳшудаҳо сокинони деҳаи Зозули мебошанд, ки, ба таъкиди раиси вилоят, ҳангоми афтодани паҳпод дар дохили як микроавтобус қарор доштанд. Инчунин рӯзи сешанбе дар беморхонаи маҳаллӣ як сокини рӯзи 25 апрел аз ҳамлаи дрон маҷрӯҳшудае ҷон додааст. Вилояти Белгород ҳамсарҳади Украина аст ва пайваста мавриди ҳамлаҳои паҳподҳо қарор мегирад.
Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе дар бораи 87 паҳподи нобудкарда гузориш дод.
Дар ҳамин ҳол, шаби 16 сентябр низомиёни рус минтақаи Запорожйеи Украинаро мавриди ҳамла қарор доданд ва дар натиҷа, шабона як нафар кушта ва 13 кас маҷрӯҳ гардид. Ба иттилои маъмурияти вилоят, дар миёни осебдидаҳо ду ноболиғ ҳам мебошанд. Раиси вилоят Иван Федоров гуфт, ки шабона на камтар аз даҳ ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷа, 10 манзили бисёрошёна ва 12 хонаи хусусӣ осеб дидааст.
Артиши Русия инчунин дар ноҳияи Пологовский ҳамла анҷом дод, ки дар паи он як марди 66-сола ҷон дод.
Ҳукми як амрикоӣ барои талоши ҷосусӣ ба манфиати Русия

Додгоҳе дар ИМА як корманди собиқи корхонаи саноати ҳарбиро барои кӯшиши ҷосусӣ ба манфиати Русия ҳабс кард. Вазорати адлияи Амрико рӯзи 15 сентябр гуфт, Ҷон Мюррей-Роу бо қарори додгоҳ ба 10,5 соли ҳабс ва 25 ҳазор доллар ҷарима маҳкум мешавад.
Мюрреи 67-сола сокини аёлати Дакотаи Ҷанубӣ буда, давоми чил сол чун муҳандиси санҷишӣ дар чандин корхонаи соҳаи саноати ҳарбии Амрико кор кардааст. Яке аз самтҳои кораш фанновариҳо марбут ба муқовимати радиоэлектронӣ будааст. Ӯ, инчунин, ба маводи махфӣ ва фавқулодда махфӣ ҳам дастрасӣ доштааст.
Тафтиш маълум кардааст, ки моҳи марти соли 2020 Мюррей бо як нафаре дар тамос шудааст, ки ӯро намояндаи ҳукумати Русия гумон кардааст. Ба ӯ гуфтааст, ки ба ҳукумати ИМА садоқат надорад ва мехоҳад ба Русия манфиатовар бошад.
Дар мулоқот бо ин шахс ӯро бо маълумоти махфӣ, аз ҷумла иттило аз соҳаи муқовимати радиоэлектроние, ки силоҳҳои амрикоӣ доранд, таъмин кардааст. Давоми ҳашт моҳ ҳамингуна ин нафарро, ки дар асл ҷосуси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА будааст, бо маводи махфӣ таъмин кардааст.
Баъди ин, ӯро як корманди хатарнок барои ширкат номида, аз кор пеш кардаанд. Баъди ҳабс ӯ иқрор шудааст, ки ба як давлати хориҷӣ мехост маълумоти вобаста ба масоили амнияти миллиро бидиҳад.
Шурӯи амалиёти заминии Исроил дар шаҳри Ғазза

Артиши Исроил аз шоми душанбе, 15-уми сентябр амалиёти заминии ишғоли шаҳри Ғаззаро шурӯъ кард. Радио Свобода бо такя ба Axios менависад, дар оғоз низомиёни исроилӣ болои Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ ба роҳ монда, баъдан тонкҳо вориди шаҳр шудаанд. Як мақоми баландпояи артиши Исроил ба ин нашрия гуфтааст, ки низомиёни исроилӣ вориди Ғазза шуданд ва базудӣ ба онҳо нирӯҳои иловагӣ ҳамроҳ мешаванд.
Пеш аз оғози амалиёт артиши Исроил аз фаластиниҳо даъват кардааст, ки шаҳрро тарк карда ба қисмати ҷанубии “минтақаҳои башарӣ” бикӯчанд. Хабар дода мешавад, ки Ғаззаро 300 ҳазор кас тарк кардаанд. The Jerusalem Post менависад, ки 700 ҳазор кас дар дохил боқӣ мемонанд.
Ҳуҷум чанд соат баъди мулоқоти котиби давлатии ИМА Марко Рубио бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва аъзои баландпояи ҳукумати ӯ шурӯъ шуд. Манбаъҳои Axios гуфтаанд, ки Рубио дар ин мулоқот гуфтааст, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп амалиёти заминиро дастгирӣ мекунад, вале мехоҳад, ки он зуд ба анҷом расад.
Исроил баъди ҳамлаи рӯзи 7 октябри соли 2023-и Ҳамос – гуруҳе, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, дар минтақаи Ғазза амалиёти ҳарбӣ ба роҳ мондааст. Дар он ҳамла 1200 сокини мулкӣ куштаву беш аз 250 нафар гаравгон гирифта ва ба Ғазза бурда шуданд. Исроил гуфт, ки мақсадаш нобуд кардани Ҳамос дар Ғазза мебошад.
Мақомоти Исроил гуфтанд, ки яке аз ҳадафи марказии амалиёти ҳарбии Ғазза озод кардани гаравгонҳо мебошад. Бино ба иттилои ахир, то ҳол 50 нафар, аз ҷумла, сарбози соли 2014 кушташуда дар дасти гаравгонгирҳо боқӣ мемонанд. То ҳол танҳо 20 нафар аз гаравгонҳо зинда гуфта мешаванд. Вазорати беҳдошти Ғазза, ки таҳти назари Ҳамос аст, мегӯяд, аз оғози амалҳои низомӣ дар минтақа тахминан 65 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.