Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як оила дар Амрико хоҳони барканории Залмай Халилзод шуд


Залмай Халилзод
Залмай Халилзод

Хонаводаи Марк Фрерикс, амрикоии нопадидшуда дар Афғонистон, аз ҳукумати Амрико хостаанд, ки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои сулҳи Афғонистонро барканор кунад. Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми сентябр навишт, онҳо иддао доранд, ки Халилзод барои раҳоии Фрерикс кӯшиш накардааст.

Давлати Амрико ва пайвандони Марк Фрерикс мегӯянд, ӯро ҷангҷӯёни “Толибон” рабудаанд.

Ба иттилои хабаргузории “Ройтерз”, хоҳари Марк Фрерикс ба Халилзод изҳори нобоварӣ карда, гуфтааст, барои раҳоии ӯ каси дигаре бо “Толибон” суҳбат кунад.

Марк Фрерикс аз соли 2010 дар иҷрои тарҳҳои Амрико дар Афғонистон кор мекард. Ӯ дар аввали моҳи феврали соли 2020 гум шуд. Дақиқан дар охири ҳамон моҳ созиши сулҳ миёни Залмай Халилзод ва Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии “Толибон” дар Қатар ба имзо расид.

Марк Фрерикс
Марк Фрерикс

Бар асоси гузориши хабаргузории “Ройтерз”, мақомҳои “Толибон” ба Амрико пешниҳод кардаанд, дар ивази озодии Марк Фрерикс як қочоқбари маводи мухаддир ва ҳамроҳаш раҳо шавад. Сухангӯёни гуруҳ дар ин маврид ба суоли бахши афғонистонии Радиои Озодӣ посух надодаанд.

Чанде пеш хоҳари Марк Фрерикс дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз мардум хоста буд, ки барои ҷустуҷӯи бародараш ба онҳо ёрӣ кунанд.

Сафорати Амрико дар Кобул низ барои раҳоӣ ва ҷустуҷӯи Марк Фрерикс 5 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.

Хонаводаи Марк Фрерикс дар ҳоле хоҳони барканории Залмай Халилзод шудааст, ки музокироти сулҳи “Толибон” бо ӯ суолбарангез шудааст, ки эҳтимол вай дар пешбурди раванди сулҳи Афғонистон сустӣ кардааст.

Мансабдорони Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтаанд, барои раҳоии Марк Фрерикс ва амнияти вай бар “Толибон” фишор меоваранд.

XS
SM
MD
LG