Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Иззат Амон ба афв пешниҳод шудааст. Наздиконаш гуфтанд, пули даъвогаронро доданд


Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон
Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон

Номи Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирони тоҷик, пас аз пардохтани пули даъвогарон, ба афв пешниҳод шудааст. Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад.

Котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонданд. "Қарзаш аз даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар баробар буд, ҳамаашро супориданд", -- афзуд манбаъ.

Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, низ рӯзи 23-юми сентябр пурра пардохта шудани қарзи даъвогаронро тасдиқ кард.

Пайвандонаш гуфтанд, бо вуҷуди он ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, ба хотири раҳоии ӯ пулро супурданд ва мунтазири озодияш ҳастанд. Моддаи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, ӯ бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ муттаҳам аст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя донистанд.

Тарафдоронаш бовар доранд, боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва аз баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

XS
SM
MD
LG