Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо низомии афғон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки "аз ояндаи худ нигарон ҳастанд"


Халабонҳои фирории афғон аз Узбекистон ба кишвари севум мераванд. Рӯзи 12-уми сентябри соли 2021
Халабонҳои фирории афғон аз Узбекистон ба кишвари севум мераванд. Рӯзи 12-уми сентябри соли 2021

Бо гузашти қариб якуним моҳ, тақдири 143 низомии афғон, ки ба иттилои манобеи расмӣ "бо се ҳавопаймо ва ду чархбол" ба Тоҷикистон фирор карда буданд, номаълум мемонад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо ҳадафҳои амниятӣ аз ҳама гуна шарҳ дар бораи низомиёни афғон худдорӣ мекунанд. Вале онҳо дар оғоз, 16-уми августи имсол, ба Тоҷикистон омадани 143 нафарро тасдиқ карда буданд. Дар ҳоле ки мақомот дар ин бора хомӯширо ихтиёр кардаанд ва ҳамагуна тамос бо халабонҳо имконпазир нест, баъзе аз расонаҳо бо такя ба суҳбати онҳо бо хонаводаҳояшон гузориш нашр кардаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" рӯзи 23-юми сентябр бо такя ба хонаводаи халабонҳо навишт, мақомоти тоҷик "ба хотири амният" телефони низомиёни афғонро гирифтаанд ва тамос бо халабонҳо мушкил аст. Ба иттилои расона, халабонҳо дар суҳбат бо наздикон аз шароити нигоҳдории худ дар Тоҷикистон шикоят накарда, аммо гуфтаанд, норӯшан будани тақдири оянда онҳоро нигарон кардааст.

"Мо намедонем, ки тақдири ояндаи мо чӣ мешавад. Ҳамаи ин моро хавотир мекунад. Вақте аз мақомоти тоҷик дар ин бора мепурсем, фақат посух медиҳанд, ки мунтазир бошед," -- гуфтааст як халабон ба пайвандонаш.

Ин низомиёни афғон мехоҳанд, раводид ё визаи Амрикоро бигиранд ва онҳоро ба Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ё Олмон интиқол диҳанд. Таҷрибае, ки Амрико барои халабонҳои бандмондаи афғон дар Узбекистон истифода карда буд.

Халабонҳои афғон дар куҷо ҳастанд?

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот дар бораи низомиёни фирории афғон худдорӣ мекунанд. Як манбаи огоҳ рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини амнияти низомиён макони будубоши онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Хабаргузории “Ройтерз” 23-юми сентябр навишт, 143 низомии афғон дар як осоишгоҳ дар берун аз Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.

Ҷустуҷӯйи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин халабонҳо то як ҳафта пеш дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар нигоҳ дошта мешуданд. Як масъули донишгоҳ бо шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, "шаш рӯз пеш низомиёнро аз хобгоҳ гирифта, ба ҷойи дигар бурданд. Ба мо чизе нагуфтанд, ин корро амният пеш бурда истодааст. Худашон медонанд."

Талошҳои мо барои гирифтани назар аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бенатиҷа буд. Як масъули дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки барои низомиёни фирории афғон ёриҳои башардӯстона мерасонанд.

Мусоҳиби мо аз ироаи маълумоти дигар дар бораи низомиёни фирории афғон худдорӣ кард. Радиои Озодӣ барои дарёфти иттилои бештар дар ин бора ба Комиссариати Созмони Милал дар умури гурезаҳо муроҷиат карда, мунтазири посух аст.

"Гуфтанд, бо касе суҳбат накунед"

Як пизишк дар шаҳри Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои аввали фирори низомиёни афғон онҳоро барои муоина бурда буданд, аммо барояшон ҳушдор додаанд, ки ба касе дар бораи шумораи низомиён ва шароити онҳо суҳбат накунанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерз”, дар миёни низомиёни фирорӣ ду зан ҳам ҳастанд, ки яке аз онҳо ҳаштмоҳа ҳомила будааст. Ин зан халабон аст.

Нигаронии асосии халабонҳо дар он аст, ки мабодо ҳукумати Тоҷикистон онҳоро дубора ба Афғонистон баргардонад. Ҳарчанд амалӣ шудани ин кор феълан ғайриимкон ба назар мерасад, чун Тоҷикистон ба ҳукумати “Толибон” мухолифати ҷиддӣ дорад.

Гуруҳи “Толибон”, ки ҳоло қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст, эълон кардааст, низомиёни ҳукумати собиқ метавонанд баргарданд ва ба ҷони онҳо хатар таҳдид намекунад. Айни замон нобоварӣ ба ваъдаҳои “Толибон” зиёд аст.

Пештар баъзе аз низомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон фирор карда буданд, аз давлати Канада дархости паноҳандагӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG