Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Санадҳои Пандора". Ошкор шудани "дороиҳои пинҳон"-и раҳбарони ҷаҳон


Шуморе аз муассисаҳои бузурги расонаӣ рӯзи 3-юми октябр санадҳоеро нашр карданд, ки аз сарватҷамъкунии пинҳони раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон, Малик Абдуллоҳ – подшоҳи Урдун, Андрей Бабиш – нахуствазири Ҷумҳурии Чех ва наздикони Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия нақл мекунад.

Ҳуҷҷатҳои фошшуда, ки бо номи "Санадҳои Пандора" маъруф аст, шомили 11,9 миллион ҳуҷҷат мебошад. Ин санадҳо панҷ сол пас аз ифшои "Авроқи Панама" нашр шудааст.

Ин санадҳо нишон медиҳанд, ки сарватмандони ҷаҳон чӣ гуна дороиҳои худро ба тарҳзои гуногун пинҳон мекунанд.

Консорсиюми байналмилалии рӯзноманигорон, ки қароргоҳаш дар Вашингтон аст, мегӯяд, ин санадҳо марбут ба 35 раҳбари кунунӣ ё собиқи ҷаҳон ва ҳамчунин 330 сиёсатмадор ва мақоми расмӣ аз 91 кишвари ҷаҳон аст.

Ин ниҳод мушаххас накард, ки чӣ гуна ба ин санадҳо даст ёфтааст ва хабаргузории "Рейтерз" низ менависад, наметавонад, ба таври мустақил иддаоҳоро дар робита ба ин санадҳо тасдиқ кунад.

Тибқи ин санадҳо, подшоҳи Урдун, ки аз муттаҳидони наздики Амрико ба шумор меравад, бо истифода аз ҳисобҳои бонкии худ дар хориҷ беш аз 100 миллион доллар харҷи хонаҳояшро дар Бритониё ва Амрико додааст.

Санадҳои дигар нишон медиҳанд, ки чӣ гуна хонаводаи Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба таври пинҳонӣ ва тавассути ширкатҳои хориҷӣ ба нархи 700 миллион доллар дар Лондон молу мулк харидаанд.

Рӯзномаи "Вашингтон Пост" низ, ки аз аъзои Консорсиюм ба шумор меравад, дар бораи Светлана Кривоногих, як зани рус гузориш дод, ки гуфта мешавад дар соли 2003 ба воситаи як ширкати хориҷӣ дар ҷазираи Монако тавонистааст, соҳиби як манзил шавад.

Ӯ дар он замон тибқи гузориши "Вашингтон Пост", бо Владимир Путин солҳо робитаи пинҳонӣ дошт.

Ба навиштаи Би-би-сӣ, дар Покистон шуморе аз наздикони нахуствазир Имрон Хон, ба шумули аъзои кобина ва наздикони онҳо ба таври махфӣ ширкату шабакаҳоеро соҳибӣ мекунанд, ки дорои миллионҳо доллар мебошад.

Ин санадҳо ҳамчунин дар остонаи интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Чех фош месозад, ки Андрей Бабиш, нахуствазири ин кишвар дар Фаронса як бинои 22-миллиондолларӣ дорад. Бабиш дар як мунозираи телевизионӣ таъкид карда буд, ки ҳеҷ кори хатое анҷом надодааст.

XS
SM
MD
LG