Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pfizer гуфт, ваксинаи COVID барои кӯдакони хурд муносиб аст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Ширкати Pfizer ва шарики олмонии он BioNTech натиҷаҳои пешакии озмоиши ваксинаи СОVID-19 барои кӯдаконро ба Идораи назорат бар маводи хӯрока ва доруворӣ пешниҳод кардаанд. Ширкати Pfizer рӯзи 28-уми сентябр гуфт, озмоишҳо нишон доданд, ки ваксина барои кӯдакони аз 5 то 11-сола муносиб мебошад.

Айни замон ваксинаи офаридаи ширкати Pfizer ва шарики олмонии он BioNTech ба наврасони аз 12-сола боло зада мешавад. Ҳоло ба гуфтаи Pfizer озмоиш нишон дод, ки ваксина барои бачаҳои то 5-сола ҳам муносиб аст.

Билл Грубер, муовини мудири ширкати Pfizer, мегӯяд, «ман бо хушҳолии зиёд эълон мекунам, натиҷаҳои аввалияро ба даст овардем, ки нишон медиҳад, баъди ваксина бадани кӯдакони аз 5 то 11-сола вокуниши қавӣ ва қонеъкунанда нишон медиҳад.»

Pfizer ба кӯдакон миқдори ками ваксина ва сеяки онеро додааст, ки наврасону калонсолон мегиранд. Ширкат натиҷаҳои пешакиро ба Франк Эспер, табиби Бемористони Кӯдаконаи Кливленд нишон додааст.

«Бо вуҷуди миқдори андак дар кӯдакон ваксина айни калонсолон вокуниши қавӣ нишон дод. Аз ин рӯ, вокуниши мустаҳкамеро мебинем, ки барои муҳофизат аз беморӣ кофист», -- гуфт Франк Эспер.

Ҳарчанд COVID-19 кӯдаконро сахт бемор намекунад ва ё камтар мекушад, навъи делта ва вогиртари он теъдоди кӯдакони беморро зиёд кардааст. Ба қавли Билл Грубер, муовини мудири Pfizer, “бахусус ба сабаби сирояти навъи делта кӯдакони бемор зиёдтар шудаанд. Аз миёни онҳое, ки бистарӣ шудаанд, аз чаҳор як ҳиссаашон ба шуъбаҳои эҳёгарӣ афтодаанд. Хушбахтона, марг кам аст, аммо беморӣ мушкилофар аст.»

Илова бар ин оризаҳои беморӣ дар кӯдакон барои дарозмуддат мемонад. Кӯдакони аз 5 то 11-сола ҳам мисли калонсолон бояд ду дафъа ваксина бигиранд ва гоҳе мисли калонсолон баъди он хастагӣ, сардард, бадандард доштаанд. Аммо гузорише дар бораи ба илтиҳоби қалб ва ё миокард гирифтор шудани онҳо нест. Гуруҳи хурде наврасон пас аз ваксина ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Pfizer умедвор аст, ки ваксина барои кӯдакон талабгори зиёд меёбад. Мая Ҳубери 10-сола аз Ню Ҷерсӣ яке аз 2000 кӯдаконест, ки дар озмоишҳо ширкат кардаааст. Модараш Ниша Гандӣ табиб аст ва мегӯяд, “марги одамон аз COVID, тарс аз овардани COVID ба хона барои оилаи мо ваҳшатангез буд ва ҳаст."

Ин оила намедонад, Мая ваксина гирифт ва ё доруи таскини дард, вале худаш медонад, ки баъди гирифтани ваксина чӣ кор мекунад.

«Аввалин коре, ки мекунам, ба хонаи ҳамаи дӯстонам меравам ва шаб бо онҳо мемонам», -- мегӯяд Мая Ҳубер.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Пфайзер гуфт, ваксинаи COVID барои кӯдакони хурд муносиб аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG