Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз қадри омӯзгор то баҳона барои ҷаримаи онҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Муаллиму мактаб ёдатон ҳаст? Омӯзгори аввалатон чӣ? Агар мухолиф набошед, дар бораи омӯзгорон суҳбат кунем, ки ба мо дуруст ҳисоб кардани пул ва муҳимтар аз ҳама хондану навиштанро омӯхтанд.

Дар Озодӣ Онлайн имрӯз дар бораи қадри омӯзгорон ва аз мактабҳо гурехтани онҳо суҳбат мекунем. Як гузориши Радиои Озодӣ дар ҳамин бора баҳси зиёдеро дар вебсайти мо барангехт ва ҳамроҳ мебинем, ки мардум доир ба қадру обрӯву эътибори муаллим дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд.

Аз шарҳи корбаре, аз вебсайти Радиои Озодӣ оғоз мекунем, ки худро Завқибек Аҳмадов муаррифӣ кардааст ва мегӯяд, ки муаллим буд. Ӯ навиштааст:

“Ман донишгоҳро бо ихтисоси забони англисӣ хатм кардам. Сементблок рехта, азоб кашида, дарс хондам. Як сол аз фанни забони хориҷӣ дарс гуфтам, маошам 735 сомонӣ буд. Ман ҳам тарки омӯзгорӣ карда, ба Русия омадам. Шогирдонам бе омӯзгор мондаанд!”

"Милисаҳои баъзе ноҳияҳо мактабро ҷойи хӯрокхӯрӣ кардаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00


Корбари дигаре бо номи Мусофир ҳам зоҳиран омӯзгор аст, ки гуфтааст, бо музди кори муаллим таъмини оила имконнопазир аст ва барои ҳамин муаллимон ночор аз корашон даст мекашанду корҳои дигар мекунанд. Шарҳи “Мусофир” чунин аст:

“Бале, ин ҳақиқат аст, бо маоши омӯзгор рӯз намегузарад. Чор сол хондам, дар мактаб ду сол бо синфҳои ибтидоӣ кор кардам, вале бо маоши ман ҳоло фақат ду халта орд медиҳанд, дигар ба ҳеч чиз намерасад. Маҷбур шудам, синфамро партофта, 11000 сомонӣ қарз гирифта, ба муҳоҷират оям. Ҳама омӯзгорон мехоҳанд, музди хуб бошад ва дар бағали оилаи худашон бошанд.”

Корбари дигаре навиштааст, ки ҳукумат бояд омӯзгоронро дастгирӣ кунад, зеро бо ин ҳол вазъи мактабу донишгоҳҳо бад мешавад. Ин корбар худро “Шаҳритус” муаррифӣ карда ва дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин навиштааст:

“15 сол шуд, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам. Омӯзгор қадр надорад. Барои қитъаи замин ариза додам, мегӯянд, ки аниқ нест. Маҷбур ба Маскав рафта, пули хона кор кунам. Аз масъулин хоҳиш мекунам, омӯзгорони ҷавонро дастгирӣ кунанд, то мо ҳам соҳиби хона шуда, дар ватани худамон озод нафас кашем."

Дар саҳифаи мо дар Фейсбук ҳам шарҳу назар дар бораи қадру қиммати муаллим зиёд аст ва яке аз корбарон бо номи Хуршед Ибодуллоев навиштааст, ки солҳои ахир мақомоти интизомӣ муаллимонро ба дод овардаанд. Шарҳи ӯ чунин аст:

“Кормандони прокуратура ва милисаҳои баъзе ноҳияҳо мактабро ҷойи обед интихоб кардаанд. Мисоли оддӣ. Ба дарси муадлимон даромада кисаи талабаҳоро мекофтаанд ва агар мабодо телефони мобилӣ пайдо кунанд, рӯи муаллим сиёҳ. Ҷаримаи ҳангуфтеро баҳона сохта, пул талаб мекардаанд.”

Барнома дар Ютуб


Корбарони зиёди дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки дар ҳаққи муаллимон ғамхорӣ кунад, то сатҳи дониши бачаҳо беҳтар шавад ва аз ин роҳ иқтисод пешрафт кунад, сатҳи некӯҳаҳволии мардум боло равад. Ба навиштаи онҳо, пешрафти ҳар кишвар ба қадри муаллим ва сатҳи дониши мардумаш сахт вобаста аст.

Шарҳе ба ин мазмунро аз саҳифаи Радиои Озодӣ мехонем, ки корбаре бо номи Фазлиддин Наҷмуддинов гузоштааст: “Пешрафти давлат омӯзгори бофарҳангу соҳибилм аст. Омӯзгор бояд на камтар аз 5000 сомонӣ музди кор гирад, то дар фикри таълиму тарбияи фарзандон шавад.”

Шумо дар бораи қадри муаллиму мактаб чӣ мегӯед ва ё 5000 сомонӣ музди кор барои муаллим кофист. Дар поварақи барнома нависед.

XS
SM
MD
LG