Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дар Тоҷикистон ҷазо барои пиёдагардонро сахттар мекунанд

Мақомот мегӯянд, бо ҷазоҳои сабук наметавон аз қонуншикании пиёдагардон пешгирӣ кард
Мақомот мегӯянд, бо ҷазоҳои сабук наметавон аз қонуншикании пиёдагардон пешгирӣ кард

Додситонии кулли Тоҷикистон аз порлумони кишвар хостааст, ҷазо барои қонуншиканӣ аз тарафи пиёдагардон дар роҳҳои мошингузар пурзӯр карда шавад. Бар асоси тағйироти нав ба қонун, барои гузаштан аз болои гулзорҳои канори роҳ ҳам акнун муҷозот пешбинӣ мешавад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки рӯзи 11-уми октябр Шӯрои ин Маҷлис масъалаи сахттар кардани ҷазо барои пиёдагардонро баррасӣ кардааст. Аксаран ронандагон шикоят мекунанд, ки пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳ қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, вале бештар ронандаҳо ҷазо мегиранд.

Дар хабари палатаи поёнии порлумон омадааст, “пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд.”

Масъалаи дигаре, ки мақомотро нигарон кардааст аз болои роҳҳои сетабақа ё эстакада гузаштани сокинон мебошад. Ба гуфтаи масъулин, сокинон дар вақти убур аз чунин роҳҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода кунанд. Дар Душанбе феълан ду эстака дар маҳаллаҳои 82 ва назди беморхонаи маъруф ба “Қарияи боло” сохта шудааст.

Дар Тоҷикистон феълан барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳҳо ва ё ташкили ҳолати садамавӣ огоҳӣ ё то 180 сомонӣ ҷарима мекунанд. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, чунин ҷазоҳои сабук масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардонро беҳтар намекунад. Феълан маълум нест, ки ин муҷозот чӣ қадар сахтар мешавад.

Як тағйироти дигар ба қонун, ки мумкин аст рӯзҳои наздик қабул шавад, ҷазо барои гузаштан аз “сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин” мебошад.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар шаҳри Душанбе зиёда аз 183 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки қариб 36 ҳазори он аз тарафи пиёдагардон содир шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Бақо Содиқовро дар Олмон дафн карданд

Бақо Содиқов
Бақо Содиқов

Бақо Содиқов, филмсози маъруфи тоҷикро дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, ба хок супориданд. Ин филмбардори тоҷик 25-уми июн дар 85-солагӣ даргузашт.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва кормандони дигари сафорат дар маросими видоъ бо Бақо Содиқов ширкат карданд. Ин маросим рӯзи 26-уми июн баргузор шудааст.

"Бисёр мехостам, ки тобути устод ба Тоҷикистон бурда шавад, омодаи кумак будем," -- гуфт Имомиддин Сатторӣ.

Умедҷон Содиқов, писари Бақо Содиқов, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш васият карда буд, ки ӯро дар Олмон дафн кунанд, зеро ҳамсар ва фарзандонаш дар ҳаминҷо ҳастанд.

Бақо Содиқов сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо мезист.

Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.

Филмҳои "Адониси 14", "Гирдбод", "Бухорои шариф", "Ҷосус" ва "Имом Бухорӣ" аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд. Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми "Мурувват" ва "Фидоиён"-ро ба навор гирифт. "Фидоиён" аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост.

Ин дувумин филмсози саршиноси тоҷик аст, ки дар хоки Олмон дафн карда мешавад. Соли 2015 коргардони машҳур Бахтиёр Худойназаров низ дар ин кишвар, дар қабристони Тегели шаҳри Берлин ба хок супурда шуд. Вай 49-сола буда, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Олмон мезист ва аз саратон даргузашт.

Як ҷавони тоҷикро бо гуноҳи "таблиғи порнография" ҷазо додаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Бохтар як ҷавонро, ки ба далели ахлоқӣ номаш навишта намешавад, бо гуноҳи таблиғи “порнография” ё маводи шаҳвонӣ шаш сол зиндонӣ кардааст.

Ҳукми А.Ш. дар охири моҳи май содир шуда, Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 29-уми июн иттилоъ гирифт.

Яке аз хешовандони ҷавон гуфт, “додгоҳ ӯро барои ғайриқонунӣ омода кардани маводи порнографӣ гунаҳкор донист.” Чизе, ки пайвандонаш намепазиранд ва иддао доранд, ки ӯ зери шиканҷа баёнот додааст.

“Маъмурони милиса ӯро моҳи март ҳангоми гаштугузор дар шаҳри Бохтар барои риш нигоҳ дошта, пас аз тафтиши телефонаш ба таблиғ ва паҳн кардани маводи шаҳвонӣ муттаҳам карданд. Дар милисахона ӯро задаанд. Вай худашро айбдор намедонад,” -- гуфт яке аз хешовандони ҷавон.

Радиои Озодӣ талош кард, ки назари мақомотро дар ин бора бигирад, аммо то ин дам муваффақ нашуд.

Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон дар Камбоҷа кору таҳсил мекард ва дар охири моҳи феврали имсол барои зиёрати қабри волидонаш ба Тоҷикистон омада буд.

Мақомот дар Тоҷикистон соли 2023 ҷазоро барои тайёр ё паҳн кардани маводи порнографӣ сахттар карданд.

Солҳои охир баъзе аз духтарон шикоят доранд, ки шахсони ношинос навор ва аксҳои маҳрамонаи онҳоро ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, дар иваз аз онҳо пул меситонанд.

Дар гузашта чанд навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, низ ба интернет роҳ ёфта буд. Мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, ки он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.

Фавти 18 кас дар марказҳои нигоҳдории муҳоҷирон дар Амрико

Боздошти як муҳоҷир аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки Амрико. 26 январи 2025
Боздошти як муҳоҷир аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки Амрико. 26 январи 2025

Дар панҷ моҳи аввали соли 2026 дар марказҳои нигоҳдории муҳоҷирони Иёлоти Муттаҳида 18 кас вафот кардааст. Дар ин бора Волкер Турк, комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар гузориш дод.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи июн дар бораи фавти боз як нафари дигар маълумот гирифтанд.

Соли 2025 фавти 33 нафар ва соли 2024 даргузашти 11 кас дар марказҳои муҳоҷиратии Иёлоти Муттаҳида сабт шудааст.

Комиссари олии Созмони Милал таъкид кард, ки набудани шаффофият ва маълум набудани шароити марги ин афрод, имкони ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъулро зери суол мебарад.

"Ман даъват мекунам, ки тафтишоти фаврӣ, мустақил, беғараз ва муассири ҳама мавридҳои фавт дар боздоштгоҳҳои Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки Амрико (ICE) анҷом дода шавад. Онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва оилаҳои қурбониён бояд ҳаққи собит кардани ҳақиқат, адолат, дарёфти ҷубронпулӣ ва кафолати такрор нашудани ҳодисаҳои монандро дошта бошанд," -- гуфт Волкер Турк.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши маргу мир дар пасманзари густариши амалиёт барои боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ сабт шудааст. Дар айни замон беш аз 60 ҳазор нафар дар марказҳои боздошти ICE нигоҳ дошта мешаванд. Дар аввали соли 2025 ин рақам тақрибан 40 ҳазор нафарро ташкил медод.

Мақомоти амрикоӣ ният доштаанд, ки то охири соли 2026 ғунҷоиши ин боздоштгоҳҳоро то 90 ҳазор нафар зиёд кунанд.

Наздикони Иззат Амон гуфтанд, "ӯро афв накарданд"

Иззат Амон аз соли 2021 дар зиндон аст
Иззат Амон аз соли 2021 дар зиндон аст

Қонуни нави афв нисбат ба Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, татбиқ нашудааст.

Иззат Амон, раиси пешини Маркази тоҷикон дар Маскав, панҷ сол боз дар зиндон аст. Ӯро моҳи марти соли 2021 ва баъди ронда шудан аз Русия, дар Тоҷикистон боздошт ва дар доираи ду парвандаи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро беасос медонанд.

Яке аз хешовандони Иззат Амон рӯзи 29-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "азбаски ӯ бар асоси қисми 4-и моддаи 247 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) зиндонӣ шудааст, қонуни афв татбиқ намешавад."

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни афв, онҳое, ки бар асоси қисмҳои 1, 2 ва 3-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ зиндонӣ шудаанд, мавриди афв қарор мегиранд.

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, ин пуштибони зиндонии муҳоҷирон ҳанӯз бояд дар афви соли 2021 озод мешуд ва далелашон ин аст, ки “ӯ маблағи зарарро пурра ҷуброн кард”.

Охирин маблағи пардохтнашуда, ки дар Додгоҳи олии Тоҷикистон зикр шудааст, 232 сомонӣ ё 18 доллар будааст, ки ба сабаби нопадид будани даъвогар дода нашудааст. Наздикони Иззат Амон гуфта буданд, аз рӯи қонун ба номи ин шахси даъвогар дар бонк суратҳисоб кушода, маблағро гузаронданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи афв нашудани Иззат Амон чизе нагуфтаанд.

Қонуни нави афв, ки рӯзи 16-уми июн пазируфта шуд, нисбат ба зиёда аз ҳаждаҳ ҳазор кас иҷро хоҳад шуд. Аз ҷумла, беш аз 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.

Мақомот мегӯянд, қонуни афв асосан нисбат ба занону ноболиғон ва занҳое, ки ҷинояти вазнин накардаанд, татбиқ хоҳад шуд. Вале он нисбат ба баъзе аз фаъолону мухолифон, аз ҷумла онҳое, ки бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ё таҷовуз ба номус зиндонӣ гаштаанд, фаро намегирад.


Исроил куштори арманиҳоро расман наслкушӣ эътироф кард

Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил
Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил

Ҳукумати Исроил пешниҳоди вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар бораи эътирофи наслкушии арманиҳо дар замони Хилофати Усмониҳоро тасдиқ кард.

Ин аввалин бор аст, ки давлати Исроил расман наслкушии арманиҳоро эътироф мекунад.

Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, тасмим бо назардошти "вазифаи ахлоқӣ ва таърихӣ" гирифта шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия ин тасмими Исроилро сиёсӣ хонд.

Наслкушии арманиҳо ба ҳодисае мегӯянд, ки моҳи апрели соли 1915 ва дар солҳои ахири мавҷудияти Салтанати Усмониҳо рух дод.

Таърихшиносон менависанд, туркони усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро кушта ва ё ихроҷ карданд. Ин ҳодиса дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ рух дод.

Бисёр таърихнигорон ва бархе кишварҳои ҷудогона ҳодисаҳои солҳои 1915-умро ҳамчун наслкушӣ эътироф кардаанд. Туркия ҳамеша бо ин арзёбиҳо мухолифат карда, иддао кардааст, ки кушторҳо натиҷаи ҷангу ихтилофҳо буд ва ҳеҷ гоҳ наметавонад ба унвони як нақшаи ҳукумати Усмониҳо барои аз байн бурдани арманиҳо арзёбӣ шавад. Туркия инчунин иддао кардааст, ки дар ин ҳодисаҳо шумори ками арманиҳо кушта шудаанд.

Наслкушии арманиҳоро беш аз 30 кишвар, аз ҷумла ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Русия ва Аргентина эътироф кардаанд.

Мақоми амрикоӣ: Музокироти Эрон ва ИМА идома меёбад

Ҷей Ди Венс, муовини раиси  ҷумҳури Амрико ва Ҷаред Кушнер, мушовир ва домоди Доналд Трамп
Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷаред Кушнер, мушовир ва домоди Доналд Трамп

Як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузоришҳо дар бораи тавофуқи Амрико ва Эрон бар сари қатъи ҳамлаҳои дуҷониба ва вохӯрии ҳайатҳоро тасдиқ кард.

Ин мақоми амрикоӣ 29-уми июн гуфт, "гуфтугӯҳои фаннӣ қарор аст дар бораи ҳамаи бахшҳои тафоҳумнома идома пайдо кунад. Ду тараф феълан ақиб меистанд ва киштиҳо метавонанд озодона аз тангаи Ҳурмуз убур кунанд."

Пештар пойгоҳи Аксиос ва хабаргузории Фаронса низ ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ дар ин бора гузориш дода буданд. Аксиос навишт, намояндагони Амрико ва Эрон ният доранд, ки рӯзи сешанбеи 30-юми июн дар Доҳа, пойтахти Қатар, дидор кунанд.

Хабаргузории Олмон низ ба нақл аз як мақоми аршади давлати Амрико гузориш дод, ки Вашингтон интизор дорад гуфтугӯҳои бештаре дар рӯзҳои оянда анҷом шавад. Маҳалли ин гуфтугӯҳо эълом нашудааст.

Ин мақом ба хабаргузории Олмон гуфт, "ҳеҷ чиз лағв нашудааст."

Мақомоти Эрон дар ин бора изҳори назаре накардаанд ва мавқеи Теҳрон дар бораи идомаи музокирот феълан рӯшан нест.

Ҳуҷҷатҳои Алишер Мирзонаботро аз дарёи Панҷ ёфтаанд

Наҷотбахшон ва марзбонони тоҷик ҳуҷҷатҳо ва дафтари ёддошту компютери Алишер Мизонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Аммо бо гузашти қариб ду ҳафта, то ҳол ҷасад ё пайкари ӯ ва ҳамсару духтари дусолааш ёфт нашудаанд.

Дар аксҳое, ки рӯзи 28-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки шиносномаи дохилӣ, хориҷӣ ва дипломатии Алишер Мирзонаботро аз об баровардаанд.

Ҳамчунин ҷузвдон, дафтари ёддошт ва ноутбуки раиси ВМКБ-ро низ пайдо кардаанд.

дафтари ёддошти Алишер Мирзонабот
дафтари ёддошти Алишер Мирзонабот

Рӯзи 28-уми июн дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷустуҷӯи пайкари Алишер Мирзонабот ва ҳамсару духтараш идома дорад. Рӯзҳои 25 ва 26-уми июн ҷасади Садоншо Ҷанобалишо, ёвари раиси вилоят ва Сино Муборакшоев, ронандаи ӯро пайдо карда буданд.

ноутбуки Алишер Мирзонабот
ноутбуки Алишер Мирзонабот

Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

ҳуҷҷатҳои Алишер Мирзонабот
ҳуҷҷатҳои Алишер Мирзонабот

Зайд Саидов шомили қонуни афв нашудааст

Зайд Саидов аз соли 2013 дар ҳабсу боздошт аст
Зайд Саидов аз соли 2013 дар ҳабсу боздошт аст

Қонуни нави афв нисбати Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон татбиқ нашудааст.

Яке аз наздикони Зайд Саидов бо шарти фош нашудани номаш 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба далели будани иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи Саидов, ӯро шомили қонуни афв накарданд.

"Иттиҳоми таҷовуз аз аввал барои ҳамин ҳолатҳо барномарезӣ шуда буд. Мақсад ҳам беобрӯ кардан ва ба афвҳо шомил нашудани Зайд Саидов буд", - афзуд ин хешованди соҳибкори зиндонӣ.

Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Зайд Саидов 68 сола аст ва аз соли 2013 дар ҳабсу зиндон ба сар мебарад. Қонуни нави афв, ки 16-уми июн тасдиқ шуд, озод кардани шахсони аз 55-сола болоро пешбинӣ мекунад. Вале қонун барои баъзе иттиҳомҳои вазнин маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Мақомот ӯро ба "суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус, сохтакории ҳуҷҷат, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз" гунаҳкор ва ба 29 сол зиндон маҳкум карданд.

Худаш ва тарафдоронаш иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" буд.

Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ дониста, борҳо бозбинии ҳукми ӯ ва раҳоияшро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.

Қонуни нави афв зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад. Аз ҷумла, 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.

Мақомот мегӯянд, қонуни афв асосан нисбат ба занону ноболиғон ва занҳое, ки ҷинояти вазнин накардаанд, татбиқ хоҳад шуд.

Теъдоди ҳалокшудагони зилзила дар Венесуэла ба 1430 кас расид

Як навраси 13-соларо аз зери харобаҳо наҷот медиҳанд
Як навраси 13-соларо аз зери харобаҳо наҷот медиҳанд

Шумори қурбониёни заминларза дар Венесуэла ба 1430 нафар расид. Дар ин ҳодиса ҳамчунин 3238 кас маҷруҳ шудаанд.

Нашрияи The Guardian аз қавли наздикони гумшудагон навиштааст, қариб 69 ҳазор каси дигар то ҳоло бедарак ҳастанд.

Делси Родригес, иҷрокунандаи вазифаи президенти Венесуэла гуфт, то ҳоло 24 кишвар 2700 наҷотдиҳандаро барои кумак фиристодаанд.

Ба гузориши CNN, аз вақти рух додани ду заминларзаи сахт аллакай 72 соат гузашт ва баъди сипарӣ шудани ин муҳлат имкони зинда ёфтани сокинон аз зери харобаҳо хеле кам аст.

Пештар мудири Салиби Сурх дар қитъаи Амрико гуфта буд, зилзилаҳои такрорӣ кори наҷотдиҳандаҳоро мушкил кардааст.

Рӯзи 25-уми июн замин дар атрофи Каракас, пойтахти Венесуэла, ларзид ва маконҳои зиёдеро хароб кард.

Хадамоти заминшиносии Амрико гуфт, шояд ҳазорҳо нафар дар ин ҳодиса ҷон бохта бошанд.

Пештар мақомоти Венесуэла эълон карда буданд, ки 250 бино зиён дида ё пурра хароб шудааст ва садҳо нафар зери вайронаҳо мондаанд.

Созмони милал зарари расида аз ин ҳодисаро 6,7 миллиард доллар ҳисоб кардааст, ки ба 6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Венесуэла баробар аст.

Сипоҳ аз ҳамла ба пойгоҳҳои Амрико дар Кувайт ва Баҳрайн хабар дод

Киштие дар тангии Ҳурмуз
Киштие дар тангии Ҳурмуз

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди 28-уми июн эълон кард, ки дар посух ба зарбаҳои Амрико ба чанд нуқта дар Эрон, ба пойгоҳҳои ИМА дар Кувайт ва Баҳрайн ҳамла кардааст.

Дар баёнияи Сипоҳ омадааст, ин амалиёт байни соатҳои ду то сеи бомдод анҷом шуда ва ҳашт зерсохтори муҳими низомии Амрико дар ин ду пойгоҳ "нобуд" шудаанд. Ин иддао то кунун аз сӯи манобеи мустақил ё мақомоти амрикоӣ тасдиқ нашудааст.

Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна ё СЕНТКОМ дар паёми тозае дар шабакаи X навишт, дар вокуниш ба ҳамлаи паҳподии Эрон ба нафткаши "Кико", ба 10 ҳадаф дар дохил ва атрофи тангаи Ҳурмуз зарба задааст.

Як мақоми амрикоӣ 28-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба хабаргузории Ройтерз гуфт, Эрон ба самти кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Баҳрайн ва Кувайт чанд мушак ва паҳпод партоб кардааст.

Ба гуфтаи ин мақомдор, вазъият ҳамчунон дар ҳоли тағйир аст, аммо то кунун ҳеч гузорише аз талафоти нерӯҳои амрикоӣ ё хисороти қобили таваҷҷуҳ ба таъсисоти ИМА дар Ховари Миёна дарёфт нашудааст.

навшуда

Заминларза чанд гӯшаи Тоҷикистонро такон дод

Бегоҳи 27-уми июн заминларза шаҳри Душанбе ва чанд минтақаи дигари Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гуфтаи сокинон ва ҳам марказҳои сабти зилзила, ларзиши замин соати 18:35 сабт шудааст.

Дар пайи ларзиши замин, баъзе сокинон дар Душанбе аз хонаҳои худ берун баромаданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар хабарномае навишт, қувваи зилзила дар шаҳри Хоруғ 4-5, Душанбе 4, Хуҷанд 3 ва Кӯлоб 4 баллро ташкил дод.

Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистон буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ё хисорот сабт нашудааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.

Аз редаксия: хабар субҳи 28-уми июн бо назари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барӯз шудааст.

Ҷасади Садоншо Ҷанобилшо, ёвари раиси ВМКБ-ро ёфтаанд

Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш
Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонмегӯяд, "ҷасади мушовири раиси ВМКБ, Садоншо Ҷанобалишо" рӯзи 26-уми июн ёфт шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади вай 20 километр пойинтар аз ҷойи садамаи мошини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайдо шудааст.

Сухангӯи кумитаи мазкур Ориф Нозимиён дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ҷустуҷӯи ҷасади раиси вилоят ва дигар ҳамроҳонаш идома дорад.

Пештар аз ин, рӯзи 26 Нозимиён аз пайдо шудани ҷасади Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ хабар дода буд.

Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд ва 10 рӯз аст, ки ҷустуҷӯйи пайкари онҳо идома дорад.

Дар дохили мошин ба ҷуз Алишер Мирзонаботу ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолааш Орифа, ду марди дигар – ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев – буданд. Онҳо аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Ҷасади ронандаи раиси Бадахшонро ёфтаанд

Ҷустуҷӯи мошини Алишер Мирзонабот дар дарёи Панҷ
Ҷустуҷӯи мошини Алишер Мирзонабот дар дарёи Панҷ

Пайкар ё ҷасади Сино Муборакшоев, ронандаи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дарёи Панҷ ёфт шудааст.

Рӯзи 25-уми июн дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки дар ҷараёни ҷустуҷӯи мошини раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш аз дарёи Панҷ як ҷасад ёфтанд ва ташхис кӣ будани ӯро муайян мекунад.

Рӯзи 26-уми июн Ориф Нозимиён, сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис муайян кард, ки ҷасади ёфтшуда Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ аст.

Сухангӯи Кумита ҳамчунин гуфт, 26-уми июн боз як ҷасади дигар пайдо карданд ва "ташхис то ҳоло кӣ будани ӯро муайян накардааст".

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб гуфт, ҷасади ёфташударо ба шаҳри Кӯлоб бурдаанд. "Барои муайян кардани шахсияти ин ҷасад наздикони ҳамаи касонеро, ки бо Алишер Мирзонабот буданд, даъват кардаанд", - гуфт як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ.

Мошини хидматии раиси вилояти Бадахшон рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд ва беш аз як ҳафта боз ҷустуҷӯйи пайкари онҳо идома дорад.

Дар дохили мошин ба ҷуз Алишер Мирзонаботу ҳамсараш Амина Амонуллоева ва духтари дусолааш Орифа, ду марди дигар – ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев – буданд. Онҳо аз Душанбе ба Хоруғ мерафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаро "суръати баланд" ва "аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда" номид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 маъмури наҷот дар рӯйи об ва зери он дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддин Шоҳин ва мавзеъҳои дигар ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Ҷабборов: "Дар гирифтани қарз барои тӯй бояд бомасъулият буд"

Содир Ҷабборов. Акс аз бойгонӣ
Содир Ҷабборов. Акс аз бойгонӣ

Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, аз мардуми кишвараш хостааст, пеш аз гирифтани қарзи бонкӣ барои тӯю маъракаҳо фикри бозгардондани онро бикунанд.

Хабаргузории “24.kg” рӯзи 26-уми июн навишт, Ҷабборов дар ин бора ҳангоми мулоқоташ бо сокинони ноҳияи Оқтолаи вилояти Норин гап задааст.

Як сокини Норин гуфтааст, баъзе аз одамон барои саривақт насупурдани қарз ба “феҳристи сиёҳ”-и бонкҳо ворид карда мешаванд.

Ҷабборов дар посух гуфтааст: “Қарзи бонкӣ кумаки бебозгашт нест. Баъзеҳо қарз гирифта тӯй мегузаронанд, вале баъди тӯй онро баргардонида наметавонанд.”

Расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки мавзӯи қарзҳои бонкӣ барои барпо кардани тӯй дар ин кишвар дар гузаштаҳо ҳам матраҳ шудаст.

Кумитаи омори миллии Қирғизистон гуфтааст, соли 2025 ташкилоти қарзӣ ба сокинон ба маблағи 86 миллиард сом пул додаанд. Бахши асосии маблағҳо барои барпо кардани тӯй истифода мешаванд.

Дар Қирғизистон низ ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тӯю арӯсиҳо аз бахши бисёр серхароҷоти маъракаҳо ба ҳисоб мераванд.

навшуда

Apple шабакаи русии ВКонтакте-ро аз қатори замимаҳояш берун кард

Ширкати Apple замимаи ВКонтакте, шабакаи иҷтимоии русиро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз он истифода мекунанд, аз App Store пок кардааст. Инчунин, барномаҳои дигари вобаста ба VK Group дар дастгоҳҳои Apple боргирӣ намешаванд.

ВКонтакте, ки пойгоҳи иҷтимоии маъруф дар Русия ба шумор меравад, аз соли 2006 фаъол аст. Ин ширкати русӣ рӯзи 25-уми июн дар изҳороте гуфт, Apple бидуни шарҳ ё огаҳӣ замимаи онро ҳазф кард.

Ин пойгоҳ гуфт, дастрасии даҳҳо миллион корбараш ба шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо, пойгоҳҳои видеоӣ, имейл ва маҳсулоти омӯзишии онҳо низ номумкин гардид.

Дар Кремл қарори Apple-ро барои ҳазфи ВКонтакте "аҷиб" номиданд. Сухангӯи Кремлин гуфт, аз ширкати амрикоӣ тақозо хоҳанд кард, ки қарорашро шарҳ диҳад.

Ширкати Apple дар оғози моҳи июн нисбат ба шабакаи иҷтимоии русии Max, ки дар пушти он ҳукумати Русия истодааст, тасмими ҳамсон гирифта буд.

Мақомоти Русия давоми моҳҳои зиёд аз ҳама шаҳрвандон талаб мекарданд, ки ба пойгоҳи Max бипайванданд ва дар ин байн фаъолияти WhatsApp ва Telegram-ро ҳам ба шиддат маҳдуд карданд.

Apple "ВКонтакте"-ро аз сафи замимаҳояш берун кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG