Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон коргарони ширкати "Кезбӣ" коршиканиро қатъ карданд


Коргарони ширкати "Кезбӣ", ки ба таъмири чоҳҳои ширкати нафткаши "ОзенМунайГаз" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон машғул ҳастанд, корпартоиро қатъ карданд.

Дар ин бора худи кормандон ва раҳбарияти ширкат хабар дод. Ба гуфтаи онҳо, корпартоӣ шоми 12-уми октябр қатъ карда шудааст.

"Талабҳои мо иҷро шуд ва ҳама ба кор баромаданд. Изофапулиҳоро пурра пардохт мекунанд. Дар қарордод ҳаҷми изофапулӣ 25-35 дарсад буд, вале ба мо 5-10 дарсад медоданд. Бинобар ин, кормандон корпартоӣ карданд", - изҳор дошт як корманди ширкат бо номи Жолмурод.

Коргарони ширкати "Кезбӣ"рӯзи 11 октябр бо нашри изҳороте корпартоии худро эълом карданд. Мудири ширкати "Кезбӣ" Битим Кезбоев корпартоии коргаронро тасдиқ кард. Ширкат беш аз 1000 коргар дорад.

Дар соли ҷорӣ дар Қазоқистон коргарони чанд ширкат дар минтақаҳои гуногуни он кишвар корпартоӣ карданд. Талаби асосии коргарон афзоиши маош ва беҳсозии шароити корӣ буд.

XS
SM
MD
LG