Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон истеъфо дод


Залмай Халилзод чанд маротиба ба Тоҷикистон омада буд
Залмай Халилзод чанд маротиба ба Тоҷикистон омада буд

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои сулҳи Афғонистон аз мақомаш истеъфо медиҳад. Халилзод роҳбари ҳайати Амрико дар музокира бо гуруҳи Толибон буд. Дар бораи истеъфои ӯ, расонаҳои амрикоӣ бо такя ба Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии ИМА хабар доданд.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико рӯзи 18-уми октябр гуфт, вазифаи Залмай Халилзодро минбаъд муовини ӯ Томас Вест анҷом медиҳад.

Котиби давлатии ИМА аз Залмай Халилзод изҳори ташаккур кард ва гуфт, "барои даҳсолаҳо хидмат карданаш ба мардуми Амрико аз ӯ миннатдорам."

Худи Залмай Халилзод дар номаи истеъфояш аз корҳои кардааш ҳимоят кард, аммо дар як вақт эътироф кард, ки натавонист маъмурияти ахири худро ба таври комил иҷро кунад.

"Танзими сиёсӣ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон он тавре, ки пешбинӣ шуда буд, амалӣ нагардид. Сабабҳои ин зиёданд ва назари худро дар ҳафтаҳои наздик баён хоҳам кард,"-навиштааст Халилзод.

Залмай Халилзод 70 сол дорад ва зодаи Афғонистон мебошад. Ӯ нахуст барои таҳсил ба Амрико рафт ва баъдан шаҳрвандии ин кишварро қабул кард. Халилзод солҳои пеш сафири ИМА дар Афғонистон, Ироқ ва Созмони миллал буд. Ӯ роҳбари ҳайати Амрико дар гуфтугӯ бо гуруҳи Толибон буд, ки дар шаҳраи Давҳаи Қатар баргузор шуд. Дар поёни ин музокирот 29-уми феврали соли гузашта ИМА ва Толибон ба имзои санаде даст ёфтанд. Бар асоси ин созишнома, ҳамаи неруҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва бар иваз гуруҳи Толибон бо ҳукумати Кобул музокироти сулҳро пеш мебарад.

Амрико бо таъхири чандмоҳа неруҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард, вале вазъият он тавре, ки дар назар буд пеш нарафт. Гуфтугӯҳои сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Ашраф Ғанӣ бенатиҷа буд ва рӯзи 15-уми августи имсол Толибон аксар манотиқи Афғонистон аз ҷумла шаҳри Кобулро тасарруф карданд. Ашраф Ғанӣ ва бисёре аз мақомҳои баландпояи ҳукумати ӯ ба хориҷ фирор карданд.

Бисёриҳо дар Афғонистон ва берун аз он аз амалкардҳои Залмай Халилзод интиқод мекунанд. Ба гуфтаи мунтақидон, Халилзод бо музокироти худ бо Толибон, ба ин гуруҳи ифротгаро машруияти сиёсӣ бахшид ва ҳам натавонист роҳро барои як сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳамвор кунад.

XS
SM
MD
LG