Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суол аз мардум: Пул доду билети ҳарбӣ гирифт ё ҳатман хидмат кард? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба артиш оғоз шудааст. Ин маърака ду моҳ давом мекунад ва бар асоси қонуни нав сурат мегирад. Бар асоси ин қонун, ҷавонон метавонад бо пардохти 25 ҳазор сомонӣ ва гузаштан аз давраи як моҳаи тайёрӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ки оё розианд, ки фарзанди онҳо бар ивази супурдани маблағ аз хизмат озод шаванд?

Посухи сокинонро дар инҷо тамошо кунед:

"Агар даъватнома фиристанд, меравам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Посухҳои сокинон чунин буд:

  • Одамоне, ки билетро мехаранд, бисёр чизҳоро аз даст медиҳанд. Дар давраи Иттифоқи Шӯравӣ одамон хизмат мекарданд, бачаҳо боқувват мешуданд ва ҳаматараф зиндагиро меомӯхтанд.
  • Барои чӣ пул дода фарзандонашонро аз роҳ мегардонанд? Ин кори нодуруст аст.
  • Ин қарз аст, ҳар як фарзанд бояд рафта, хизмати ватанро адо кунад.
  • Ман 25 ҳазор сомонӣ надорам, ки супорам.
  • Ман розӣ будам, ки ба артиш равам, аммо барои ман даъватнома наомад
  • Мо мехоҳем, ки ҳамон маблағро пардохт кунем. Ба хотире, ки падару модар саргардон нашаванд, хавотир нашаад, ки писари мо чӣ аҳвол дорад.
  • Даъватнома фиристанд ё қапанд, меравем.
  • Намехоҳам хизмат кунам.

Дар Тоҷикистон солона ду бор, баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад. Дар даъватҳои гузашта ба артиш сокинон аз истифодаи зур ё "облава" шикоят доштанд. Бисёре аз сарбозон гуфтанд, ки онҳоро бо роҳи зур ба хидмат бурданд. Ҷалб нашудани писарони мансабдорон як сабаби норизоии сокинон хонда мешавад.

Шумо ҳам агар дар ин бора назаре доред, метавонед ба мо нависед.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG