Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии футболи Қазоқистон ва Тоҷикистон


Футболбозони тоҷик
Футболбозони тоҷик

Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоқикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстонаи тимҳои миллии Қазоқистону Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и шаҳри Нурсултон баргузор шуда, соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (18:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қазоқистон чаҳор маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Футболбозони қазоқ се маротиба пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон байни худ

Мусобиқаи байналмилалӣ

Тоҷикистон – Қазоқистон – 0:1

11 апрели соли 1994, Тошканд.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 4:1

Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.

2 июли соли 2006, Алмато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 1:1

Голи Тоҷикистон: Комил Саидов.

8 сентябри соли 2007, Алмато.

Бозии дӯстона

Қазоқистон – Тоҷикистон – 2:1

Голи Тоҷикистон: Фарҳод Тоҳиров.

12 августи соли 2014, Алмато.

XS
SM
MD
LG