Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Хатлон» бори дувум ғолиби Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон шуд


Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои занона ғолиб шуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дастаи ғолиб дар даври охирини мусобиқа маълум шуд. Дар даври ниҳоӣ “Хатлон” дар майдони худ ба дарвозаи «Ҳосилот»-и Фархор 9 голи беҷавоб зад. “Зебонисо”-и Душанбе дар меҳмонӣ «Бешкент»-и Носири Хусравро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои ҳаждаҳ даври мусобиқа дастаҳои «Хатлон» ва «Зебонисо» 51-имтиёзӣ гирифтанд. Ғолиби чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои занона “Хатлон”-и Бохтар шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои ҳарду бозӣ бо “Зебонисо” (7:2, 0:1) бартарӣ дошт.

Ҳамин тариқ, дастаи «Хатлон» бори дувум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Бори аввал бохтариҳо соли 2019 ғолиби Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон шуда буданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки 17-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар доир гардид, ба дастаи ғолиб – “Хатлон”-и Бохтар Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло супурда шуд.

Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Дастаи «Суғд»-и вилояти Суғд, ки бо 33 имтиёз ҷойи севумро ишғол кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ба Адолатхон Комилова аз дастаи «Хатлон» ҷоизаи «дарвозабони беҳтарин», ба ҳамдастааш Лайлӣ Ҳалимова ҷоизаи «нишонзани беҳтарин» (ҳамагӣ 67 гол задааст) тақдим гардид. Ба Марҷона Саидова аз дастаи «Зебонисо»-и Душанбе ҷоизаи «бозигари беҳтарин» эҳдо шуд. Қурбонгул Қурбонова, сармураббии дастаи «Хатлон»-и Бохтар, барандаи ҷоизаи «мураббии беҳтарин» гардид.

Зимнан, дастаи “Зебонисо”-и Душанбе, ки порсол ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои занона шуда буд, бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи «Хатлон»-и Бохтар соли гузашта медалҳои нуқра гирифта буд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

байни дастаҳои занона

Натиҷаҳои бозиҳои даври 18 -ум:

«Нӯшофарин» – «Зебо» – 3:0

«Бешкент» – «Зебонисо» – 0:3

«Равшан» – «Суғд» – 2:4

«Хатлон» – «Ҳосилот» – 9:0

«Чашма» – «Конибодом» – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

18

17

0

1

156-4

51

2

«Зебонисо» (Душанбе)

18

17

0

1

157-10

51

3

«Суғд» (Суғд)

18

11

0

7

84-54

33

4

«Бешкент» (Носири Хусрав)

18

10

2

6

86-32

32

5

«Равшан» (Кӯлоб)

18

8

4

6

36-40

28

6

«Конибодом» (Конибодом)

18

8

1

9

66-50

25

7

«Ҳосилот» (Фархор)

18

6

2

10

33-60

20

8

«Зебо» (Дӯстӣ)

18

4

2

13

35-43

11

9

«Нӯшофарин» (Бохтар)

18

3

0

15

8-222

9

10

«Чашма» (Шаҳритус)

18

1

1

16

4-150

4

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 67 гол, Марҷона Саидова («Зебонисо») – 42 гол, Улҷамол Элмуродова («Бешкент») – 24 гол, Меҳрангез Шарифова («Хатлон»), Рафина Нормуродова («Бешкент») – 22-голӣ.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG