Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиёни молӣ ҳаст, талафоти ҷонӣ нест." Сабаби сӯхтор дар бозори "Баракат"-ро таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО


Сӯхтор дар макони фурӯши чубу тахта сар задааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи сӯхтор дар бозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бузургтарин бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар роҳи Хуҷанд-Конибодом, оғоз кардааст.

Сӯхтор шоми 21-уми октябр сар зад ва молу амволи чанде аз соҳибкоронро ба коми худ фурӯ бурд. Мақомот зиёни расидаро ҳанӯз ҳисоб накардаанд, вале мегӯянд, талафоти ҷонӣ надошт.

Дафтари матбуоти вазорат 22-юми октябр дар хабарномае гуфт, оташ дар 400 метри мураббаъ паҳн гардида, “чӯбу тахтаҳоро фаро гирифтааст.”

Дар ҳоле ки ВКД мегӯяд, сӯхторро пурра хомӯш карданд, хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса гуфт, бо гузашти тақрибан як шабонарӯз дуди ғафс ва забонаи оташ ҳанӯз ба ҳаво мепечад.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ба маблағи 100 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкоронро аз талаф ёфтан наҷот додаанд, вале зиёни расидаро ҳанӯз ҳисоб накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои соҳибкорон 20 раста ба коми оташ рафта, садҳо ҳазор доллар зиён расидааст.

Сабабҳои сар задани сӯхтор ҳанӯз рӯшан нест. Мақомот дар бисёр ҳолат сабаби сар задани сӯхторро дар бозорҳои кишвар "ба ҳам расидани сими барқрасон" мегуфтанд. Тоҷирони бозори “Баракат” мегӯянд, ки ҳар рӯз пас аз соати 18 барқ дар бозор пурра хомӯш карда мешавад. Дар ин бозор соли 2018 низ сӯхтор сар зада буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сабаби сӯхтор дар бозори "Баракат"-ро таҳқиқ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG