Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро ба парвандаи латукӯби Мадина беэътиноӣ карданд? ВИДЕО


Мадина Муҳаммадҷонова, зани ҷавоне, ки дар як муноқишаи сахт латукуб шуд, беш аз 70 рӯз аст, ки беҳушу беёд бистарӣ аст. Муттаҳамон ба озору азияти ӯ то аввали ҳамин моҳ бе ҷавобгарӣ монданд ва фақат баъди муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раҳбарони кишвар ба зидди ду нафар парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Мавзуи барномаи Гапи Озод дар бораи ин қазия ва ҳам дар бораи он аст, ки чаро дар Тоҷикистон мақомоти интизомӣ ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ ба қазияҳои зӯроварӣ ба зан эътино намекунанд ва онро як масъалаи хонаводагӣ мешуморанд. Барои суҳбат дар ин бора, Муаззама Қодирова, вакили дифои муқими Лаҳистон ва Бахтиёр Насруллоев, вакили дифо аз вилояти Суғдро даъват кардем.

Чанде аз иқтибосҳои барнома:

Муаззама Қодирова: “Шояд инҷо манфиат бошад, аз назари ман шояд манфиат бошад, зеро падари Парвиз Давлатов, аз рӯи шунидам, яке аз кормандони баландояи мақомот будааст, худи Парвиз Давлатов, яке аз роҳбарони калидии ширкати “Мегафон” аст. Ман фикр мекунам барои ҳамин. Шояд пора бошад, ман аниқ гуфта наметавонам, ки пора гирифтаанд ва ё ягон чизи дигар. Ин масъалаи хеле норӯшан аст.”

Бахтиёр Насруллоев: “Албатта агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин аҳамият намедод ва сару садо баланд намекард, эҳтимоли ин парванда ҳамингуна хомӯш шуда рафтанаш, хеле калон буд.“

Муаззама Қодирова: “Агар дар қазияи Мадина Мамадҷонова гирем, бояд худи мақомот ҳал мекарданд, бояд ки Рустами Эмомалӣ на суд, мешуд, на прокурор мешуд, дахолат намекард."

Бахтиёр Насруллоев: “Урфу одатҳои анъанавии оиладории мо бар асоси ақидаҳои шахшудаи тобеияти зан ба мард сохта шудааст. Вақте ба мақомот муроҷиат мешавад, (ба зан) мегӯянд, ки ту бояд дар хона биншинӣ ба гапи шавҳарат гӯш кунӣ, кӯча набароӣ, дигар, дигар, дигар, бо ин роҳ проблемаро ҳал карданӣ мешаванд. Ва ҳамин сабаби қабули қарорҳои ғайриқонунӣ аз тарафи кормандони тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад ва дар натиҷа ҳамон занҳо вақте ба кӯчаи сарбаста гирифтор мешаванд, ё даст ба худсарӣ мезананд, чӣ тавре, ки Азиза рафту Мадинаро зери латукӯбу азобу уқубат қарор дод, ё агар зӯрашон нарасид, даст ба худкушӣ мезананд.“

Муаззама Қодирова: “Ман (парвандаи зӯроварӣ ба зан) доштам, вале ягон натиҷаи хуб надода буд. Шавҳари вай фақат бо ҷарима халос шуд, тамом. Вай баъди шаш моҳ буд, ё ҳашт моҳ буд, боз баргашта рафт, зеро шароити иқтисодии вай хеле бад буд. Вай зан маҷбур шуд, ба назди шавҳараш, гашта равад, дар ҳамонҷо зиндагӣ кунад, тамоми вазнинии зиндагиро ба дӯши худ гирифта, зиндагии худро бо ҳамон шавҳаре давом диҳад, ки май менӯшид ва латукӯб мекард.”

Барномаро инҷо бубинед:

Гапи Озод: Чаро парвандаи Мадинаро нодида гирифтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:40 0:00

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG