Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Иззат Амон барои ҷомеаи Тоҷикистон чӣ паём дорад?


Иззат Амон

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ 9 сол зиндонӣ шудани Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирони тоҷикро барои фаъолони кишвар "як навъ ҳушдор" донистанд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, ҳукми Иззат Амон ба иҷро даромад, ҳарчанд бо он розӣ нестанд ва бозбинияшро мехоҳанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро моҳи октябр бо гуноҳи қаллобӣ нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон қарорро бетағйир гузошт. Писари Иззат Амон мегӯяд, падарашро ба напардохтани 232 сомонии яке аз даъвогарон ба маҳбас андохтанд. Ӯ мегӯяд, пули даъвогарони дигарро доданд, ҳарчанд бо шикояти онҳо розӣ набуданд.

Азбаски мурофиа дар ҳузури расонаҳо баргузор нашуд, ҷузъиёти парванда маълум нест. Коршиносони мустақил ва ҷонбдоронаш боздошт ва ҳукми Иззат Амонро ба танқидҳои тунду пайвастааш аз мақомоти тоҷик рабт медиҳанд. Мақомот мегӯянд, чанд нафар ба зидди ӯ аз қаллобӣ шикоят карда буданд.

"Масъулияти дастҷамъӣ"

Дар ҳоли ҳозир шахсони наздик ба Иззат Амон, ки дар "Маркази тоҷикон" дар шаҳри Маскав кор мекарданд, аз фишори мақомоти Тоҷикистон шикоят доранд.

Радиои Озодӣ пештар аз боздошт шудани Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон хабар дода буд. Инчунин, Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи шинохта, ки солҳои охир бо Иззат Амон ҳамкорӣ дошт, аз эҳтимоли боздошту истирдод шуданаш ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ таъкид дошт, ки "гурӯҳе аз намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ниҳоӣ кардани масъалаи ӯ ба Маскав омадаанд..." Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин фарзияро инкор кард, вале ӯро барои ҳамкорӣ бо “Паймони миллӣ”, созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ, гумонбар донист. Қудратов ҳамкории худро бо ин созмон қотеъона рад намуд.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Бахтовар Ҷумъаев, Суҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов, кормандони дигари “Маркази тоҷикон”, низ дар суҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” аз афзоиши фишор шикоят кардаанд.

“Маркази тоҷикон” ба таври расмӣ аз соли 2019 дар Маскав фаъол аст. Кормандони марказ барои муҳоҷирони тоҷик машваратҳои ҳуқуқӣ дода, дар мурофиаҳо аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекарданд. Фаъолияти марказ дар авҷи бемории COVID-19 чашмрас шуд. Кормандонаш он замон барои муҳоҷироне, ки аз кор маҳрум шуда буданд, маводи ғизоӣ медоданд.

Худи Иззат Амон бо пахши наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия танқид мекард. Ӯ мегуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳои расмӣ ҳеч навъ кумак намебинанд ва ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Ниёзе ба роҳбарон аз миёни муҳоҷирон нест?

"Дар Тоҷикистон қувваҳое ҳастанд, ки намехоҳанд шахсони алоҳида ба муҳоҷирон ёрӣ расонанд ва аз ин роҳ дар миёни онҳо соҳиби эътибор шаванд. Нерӯҳое дар ҳукумат намехоҳанд, ки аз байни муҳоҷирон лидерон пайдо шаванд", -- гуфтааст Шӯҳрат Қудратов дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс”.

Моҳи апрели имсол дар пайи боздошти Иззат Амон бори аввал ҳудуди дусад муҳоҷир дар назди сафорати Тоҷикистон даст ба эътироз заданд. Ҳарчанд бештаре аз онҳо боздошт шуданд, эътирози муҳоҷирон бесобиқа буд.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бо назардошти шуҳрати Иззат Амон боздошти ӯ метавонад, хусусияти эҷоди тарс дошта бошад.

“Намедонам оё Иззат Амон ҷоҳталабӣ ё амбитсияҳоӣ сиёсӣ дошт ё на, аммо тими ӯ хеле фаъол ва пурэнержӣ буд. Эҳтимол ҳар созмоне дар миёни шаҳрвандон боиси тарси ҳукумат ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мегардад. Аз ин рӯ, ин ҳукуматҳо бо ҳар роҳе талош мекунанд созмонҳоро аз саҳна биронанд”, -- шарҳ дод ӯ.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Иззат Амон нахуст аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва 25-уми марти имсол аз қаламрави ин кишвар берун карда шуд. Мақомоти Тоҷикистон сипас аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Ӯ аввалин фаъоли тоҷик нест, ки бо чунин сарнавишт рӯ ба рӯ шуд.

Аз Каромат Шарифов то Қадам Исматов

Каромат Шарифов, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, моҳи декабри соли 2016 аз шаҳрвандии Русия бенасиб ва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Баъдан моҳи майи соли 2020 даргузашт.

Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” соли 2015 нопадид гардид. Ӯ чанде баъд дар Душанбе “пайдо шуд” ва ба гуноҳи ифротгароӣ 13 сол зиндонӣ шуд. Иброҳимов низ аз шиносномаи Русия маҳрум шуд, аммо ба қавли худаш ӯ расман аз шиносномаи Тоҷикистон даст кашидааст.

Валентина Чупик, вакили мудофеъ, аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум ва барои 30 сол аз Русия “депорт” шуд.

Мақомоти Русия моҳи марти соли ҷорӣ шаҳрвандии Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии тоҷикро низ бекор карданд. Қадам Исматов, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳафтаи гузашта хабар дод, ки шаҳрвандии Русияро аз даст дод.

Каромат Шарифов
Каромат Шарифов

Надежда Кеворкова, рӯзноманигори рус, далели чунин муносибат бо фаъолони сиёсиро дар ноустувории низомҳоии сиёсии Русия ва Тоҷикистон мебинад. Ба қавли ӯ, чунин режимҳои сиёсӣ барои бақои худ аз ҳамаи роҳҳо истифода мекунанд.

“Аз чунин ранг гирифтани муносибат бо фаъолон метавон хулоса кард, ки кормандони истихбороти Тоҷикистон метавонанд, вориди Русия шаванд, шаҳрванди Русияро бирабоянд, ӯро аз шиносномаи ин кишвар маҳрум кунанд ва дар додгоҳи ношаффофи Тоҷикистон муҳокима кунанд. Онҳо метавонанд, ҳар иқдоми созмонёфтаи шаҳрвандонро шикаст бидиҳанд. Ин беқонунии муштарак аст, ки тавассути кормандони истихборотии ду кишвар анҷом мешавад. Онҳо ҳамеша омодаи кумак ба ҳамдигаранд”, -- хулоса кард ӯ.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG