Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс аз сарнавишти профессори "оташнафас", ки Толибонро зери тозиёнаи танқид гирифт


Файзулло Ҷалол

Файзулло Ҷалол, профессори Донишгоҳи Афғонистон, солҳо боз дар мубоҳисаҳои маъруфтарин шабакаҳои телевизионии Афғонистон баромад карда, ҳамчун мунтақиди сарсахти раҳбарони ин кишвар ном баровардааст. Аммо баҳси охирини ӯ дар телевизиони “Тулуъ”, ки дар он ҳукумати “Толибон”-ро накӯҳиш кард, нигарониҳоро дар бораи сарнавишти ояндаи ӯ ба бор овард.

Гуруҳи тундгарои “Толибон” аз моҳи августи имсол, замони расидан ба қудрат дар Афғонистон, алайҳи мухолифон амалиётро ба роҳ монда, эътирозгарони осоиштаро пароканда ва хабарнигоронро боздошту латукӯб намудааст.

Баҳси “гӯсола” ва “монополия”

Дар як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ дар шабакаи машҳури “Тулуъ” рӯзи 20-уми ноябр профессор Ҷалол гуруҳи Толибонро ба инҳисор ё монополияи қудрат ва маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кард.

Файзулло Ҷалол, профессори ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул дар ин баҳс гуфт: "Вазъи ҳозираи Кобул дардовар аст. Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Амният чӣ гуна аст? Ҳеч кас чизе гуфта наметавонад."

Ӯ ҳамчунин Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибонро, ки низ дар ин баҳс ширкат дошт, "гӯсола" номид, ки дар Афғонистон ҳаммаънои "аблаҳ" аст ва таҳқир шумурда мешавад. Ин суханони ӯ баъди он садо дод, ки Наим солим будани Ҷалолро зери суол бурд ва иддао кард, «ӯ коммунист аст».

Муҳаммад Наим
Муҳаммад Наим

Навори баҳси Файзулло Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд ва бисёре аз афғонҳо ӯро барои шуҷоаташ ситоиш карданд. Дар як намоиши рамзии ҳамраъйӣ, баъзе аз афғонҳо акси ӯро ба ҷойи тасвири худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд.

Иддае хоҳони муҷозоти Ҷалол шуданд

Аммо ҷонибдорони Толибон ҳам Ҷалол ва ҳам телевизиони “Тулуъ”-ро маҳкум карданд. Бархе аз аъзои Толибон дар Твиттер навиштаанд, профессор Файзулло Ҷалол бояд барои таҳқири сухангӯи гуруҳ муҷозот шавад.

Зокир Ҷалолӣ, як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Толибон, дар Твиттер навиштааст: "Ҷалол як шахси муғриз ва бемори равонӣ аст. Мақомот бояд бо Ҷалол ва Тулуъ ҷиддӣ бархурд кунанд.”

Даъватҳо барои муҷозоти Файзулло Ҷалол нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли интиқомситонии Толибон бештар кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин сару садо ба гардиш даромад, ки гуё Ҷалол пас аз ибрози назарҳояш мавриди ҳамла қарор гирифтааст, вале Толибон дар изҳороте ҳамагуна зарар расонданро ба профессор инкор карданд.

Аҳмадуллоҳ Восиқ, сухангӯи Толибон ва муовини вазири иттилоот дар Твиттер навишт: "Овозаҳо дар бораи ҳамла ба устоди Донишгоҳи Кобул Файзулло Ҷалол воқеият надоранд. Профессор Ҷалол дар як тамоси телефонӣ ин иддаоро рад кард."

Радиои Озодӣ кӯшиш кард, бо Файзулло Ҷалол телефонӣ тамос бигирад, аммо ӯ бо баҳонаи «банд будан» натавонист дар ин бора суҳбат кунад. Ба суолҳои хаттӣ низ посух надод.

"Толибон" дари озодиҳоро баст

Пас аз онки Толибон дар моҳи августи имсол дар Афғонистон ба қудрат расиданд, вазъи расонаҳои Афғонистон ба куллӣ тағйир ёфт.

Ҳоло телевизионҳои давлатӣ эълонҳои Толибон ва мавъизаҳои исломиро пахш мекунанд, дар ҳоле ки шабакаҳои телевизионии хусусӣ бисёре аз намоишҳои тафреҳиро аз байн бурда, бисёре аз сухангӯёни занро бо ҳамкорони мард иваз кардаанд.

Садҳо рӯзноманигори афғон ба далели тарс аз интиқомситонии Толибон ва идомаи буҳрони иқтисодӣ кишварро тарк карда, шуморе аз радиову рӯзномаҳо ва телевизионҳо баста шуданд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) рӯзи 1-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, Толибон "дар кори расонаҳо ва озодии баён" маҳдудиятҳои густурда ҷорӣ кардаанд.

Дар охири моҳи сентябр режими нав барои рӯзноманигорони афғон 11 "қоидаи рӯзноманигорӣ" ҷорӣ кард, ки ба гуфтаи мунтақидон дари сензура ва таъқибро кушодааст. Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар рӯзи 21-уми ноябр барои расонаҳои афғон маҷмӯи нави “дастурҳои мазҳабӣ”-и иборат аз ҳашт бандро нашр кард, ки як зарбаи дигар ба озодии матбуот дар Афғонистон дониста мешавад.

Бино бар ин дастурҳо, аз хабарнигорони зан талаб шудааст, ки ҳиҷоб бипӯшанд ва аз масъулони шабакаҳо тақозо шудааст, филмҳоро бо иштироки занони ҳунарпеша нишон надиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG