Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиард евро. Ёрӣ ба Афғонистон бе эътирофи "Толибон"


Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар нишасти Душанбе, 22-юми ноябри 2021
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар нишасти Душанбе, 22-юми ноябри 2021

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ваъда доданд, ки ба Афғонистон як миллиард евро кумак мекунанд, вале ёриҳо бидуни ба расмият шинохтани "Толибон" ба мардуми он кишвар расонда хоҳад шуд. Гуруҳи «Толибон» беш аз се моҳ боз қудрат дар Афғонистонро ба даст дорад.

Ютта Урпилайнен, узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ, рӯзи 22-юми ноябр ва баъди вохӯрӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷузъиёти кумакҳоро ба Афғонистон шарҳ дод.

Ӯ афзуд, ин ёриҳо бидуни ба расмият шинохтани “Толибон” ва ширкати намояндагони онҳо ба мардуми эҳтиёҷманд дода мешавад. Як бахши ёриҳо, ба гуфтаи хонум Урпилайнен, барои пуштибонӣ аз кишварҳои минтақа будааст.

Вазъи Афғонистон яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти тоҷик дар рӯзи гузашта буд.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22-юми ноябр дар поёни дидор бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, бори дигар мавқеи Тоҷикистонро такрор карда, гуфт, Душанбе таъсиси “ҳукумати ҳамашумулро... омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон” медонад.

Вазир ҳамчунин дар бораи вазъи Панҷшер суҳбат кард. Вай гуфт, бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, “ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълони оташбас ва кушодани роҳҳоро барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа” баррасӣ кардаанд.

Гуруҳи “Толибон” иддао дорад, ки дараи Панҷшер пурра зери назорати намояндагонаш аст. Аммо масъулони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао доранд, ки онҳо ҳанӯз дар вилоят ҳастанд ва ба муқовимат идома медиҳанд.

Гуруҳи “Толибон” моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва “аморати исломӣ”-и худро эълон кард. Ҳарчанд то кунун ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст, аксар кишварҳои минтақа, ба истиснои Тоҷикистон, бо намояндагони он мулоқот доштанд.

XS
SM
MD
LG