Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Султони Кабир", "Осиё" ва "Мадад"-ро мебанданд. Раис розӣ, вале тақдири тоҷирон чӣ мешавад? ВИДЕО


Бозори "Султони Кабир" дар Душанбе
Бозори "Султони Кабир" дар Душанбе

Сарнавишти садҳо тоҷири бозори "Султони Кабир", маркази савдои "Осиё" ва "Мадад" дар шаҳри Душанбе норӯшан мондааст. Бино ба қарори ҳукумати пойтахт, бозори "Султони Кабир" ва ду маркази савдоро аз моҳи марти соли 2022 мебанданд. Мақомот гуфтаанд, савдогаронро ба ҷойи дигар мебаранд, аммо нагуфтаанд, ба куҷо.

Кабиров: Хабар надоштам, вале розиям

Аваз Кабиров, молики бозори "Султони Кабир", рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар бораи бастани бозор огоҳ накарда буданд. Аммо ҳамзамон афзуд, омодааст, қарорро иҷро кунад ва ба бастани бозор зид нест. "Агар ин гуна қарор баромадааст, бо он розӣ ҳастам. Ҳамааш хуб мешавад," – афзуд ӯ.

Нороҳатии тоҷирон аз баста шудани бозори "Султони Кабир"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Чанде аз тоҷирон гуфтанд, дар бораи бастани бозор аз расонаҳо ва мардум бохабар шуда, бештар дар бораи тақдири ояндаи кор ва зиндагияшон нигарон ҳастанд.

Олимҷон Алиев, яке аз тоҷирони "Султони Кабир", рӯзи 25-уми ноябр гуфт, бо баста шудани бозор аз ягона манбаи даромадаш мемонад: "Ман 90 сантиметр ҷой дорам. Аз ҳисоби тиҷорат дар ҳамин ҷой 12 нафар нон мехӯрад. Маблағе надорам, ки аз бозори "Кӯшониён" ҷой бихарам," -- афзуд ӯ.

Савдогаронро ба куҷо мебаранд?

Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, қабл аз бастани бозор масъулони ҳукумати Душанбе бояд дақиқ кунанд, ки тақдири минбаъдаи кори онҳо чӣ мешавад ва дар ҷойи дигар барояшон имтиёзе дода мешавад ё не.

Савдогарон тахмин мезананд, ки мумкин аст онҳоро ба бозори нави "Кушониён" дар шимоли Душанбе бибаранд. Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ ду сол пеш ба он даст ёфтааст, молики бозори нав ширкати "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аст. Вале раиси бозори "Кушониён" Муҳаммад Давлатшоев соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бозорро чанд нафари алоҳида ташкил кардаанд" ва яке аз саҳмдорон худи ӯст.

Шаҳрдории Душанбе дар бораи ба бозори "Кушониён" бурдани савдогарон дақиқан чизе нагуфта, танҳо таъкид кардааст, ки бар асоси "Генплан" ё нақшаи куллии пойтахт бозори "Султони Кабир"-ро баста, соҳибкоронро "дар маҳалли дигар" ҷобаҷо хоҳад кард.

Мақомот гуфтанд, бо ин кор се кӯчаи пойтахтро ба "талаботи меъморию шаҳрсозии муосир" мувофиқ карда, "ҳаракати бемамониати мошинҳо"-ро таъмин мекунанд. "Бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд," -- омадааст дар баёнияи шаҳрдорӣ.

Намояндагони шаҳрдорӣ ва идораи меъморӣ барои шарҳи бештари мавзуъ дастрас набуданд.

"Баракат", "Ҷал-Ҷам"...

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои асосии фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон аст. Онро соли 2000 сохтаанд ва дар онҷо 1500 нафар кор мекунанд. Ин бозор ва маркази савдои “Осиё" дар масоҳати бештар аз 5 гектар ҷой гирифтааст.

Дар Душанбе дар давоми беш аз даҳ соли охир чанде аз бозорҳо, аз ҷумла, "Шоҳмансур", "Баракат" ва "Ҷал-Ҷам" вайрон карда шуда, дар ҷойи онҳо боғ ё биноҳо сохта шудаанд. Тасмими тахриби бозорҳо ва ба ҷойи дигар кӯчонидани тоҷирон ҳамеша бо нигаронӣ ва норозигии фурӯшандаҳо ҳамроҳ будааст. Савдогарон шикоят доранд, ки дар пайи чунин тағйирот бе ҷойи кор монда, дар пардохти қарзҳои бонкӣ бо мушкил дучор мешаванд.

XS
SM
MD
LG