Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ. Сафи эътирозгарон ва даъватҳо ба хештандорӣ меафзоянд


Хоруғ. Субҳи 27-уми ноябр

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хабар доданд, ки субҳи 27-уми ноябр ду тобуте, ки дар минбари гирдиҳамоии эътирозӣ намоиш дода мешуданд, аз ин ҷо бурда шудаанд. Вале маросими дафн баргузор нашудааст ва Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуфт, ду ҷасадро "барои ташхиси тиббӣ" бурданд.

Дар ҳамин ҳол шумори эътирозгарон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ рӯ ба афзоиш дошта, ба гуфтаи чанде аз шоҳидон аз марзи 5 000 нафар гузаштааст. Қисме аз онҳо шаби гузаштаро дар ин ҷо рӯз кардаанд.

Як манбаъи огоҳ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, имрӯз намояндагони майдон бори сеюм бо раиси вилоят Алишер Мирзонаботов дидор ва гуфтушунид дошта бошанд. Ду вохӯрии гузаштаи ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони тазоҳурот бе натиҷа анҷом ёфта буд. Мақомот дар бораи рӯйдодҳои 25-27 ноябр дар ВМКБ ба ҷуз як хабари кӯтоҳи рӯзи 25-уми ноябр шарҳе нашр накардаанд.

Ҳоло гирдиҳамомадагон аз ҳукумат барои як тазоҳуроти бемӯҳлат дархост додаанд. Ҳукумат ба ин талаб то ҳоло ҷавоб надодааст.

Эътироз дар назди бинои ҳукумати ВМКБ. 26 ноябри соли 2021
Эътироз дар назди бинои ҳукумати ВМКБ. 26 ноябри соли 2021

Эътироз дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, ба ривояти мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт дар хонааш аз туфангчаи "Макаров" тир кушод ва захмӣ гашт. Бархилофи хабари расмӣ, шоҳидон мегӯянд, Зиёбеков қасдан кушта шудааст. Бархе аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ на дар назди хонааш, балки дар роҳ ба тарафи Хоруғ ба ҳалокат расидааст. Мақомоти расмӣ ба ин сарусадоҳо посух надодаанд.

Додситонии Бадахшон баргузории амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд. Дар ин баёния гуфта мешавад, Зиёебеков ба "гаравгонгирӣ, латукӯб ва шиканҷаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. дар рӯзи 1-уми феврали соли 2020" гумонбар будааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, Зиёбеков ва чанд нафари дигар ин корманди додситониро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона бо як духтари маҳаллӣ танбеҳ дода буданд ва раиси собиқи Бадахшон Ёдгор Файзов моҷароро ҳал карда буд. Прокурор низ дар як навори видеоӣ аз мардуми Бадахшон узр пурсида буд.

Ҷасади Зиёбековро ба майдони марказии Хоруғ оварданд. 26 ноябри соли 2021
Ҷасади Зиёбековро ба майдони марказии Хоруғ оварданд. 26 ноябри соли 2021


Талоши боздошти Зиёбеков пас аз барканории Ёдгор Файзов дар рӯзи 5-уми ноябр ва ба ин мақом таъин шудани раиси пешини шаҳри Хоруғ ва муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Алишер Мирзонаботов, рӯй дод. Худи Мирзонаботов мегӯяд, аз амалиёти боздошт огоҳ набуд ва ҳангоми баргузории он аз ноҳияи дурдасти Мурғоб дидан мекард.

Дар ин амалиёт ҳачмунин сокини дигари Роштқалъа, Гулназар Муродбеков, захмӣ шуда, дертар дар бемористон даргузашт. Дар даргириҳои байни пулис ва эътирозгарон дар Хоруғ рӯзи 26-уми ноябр шаҳрванди дигар Тутишо Амиршоев кушта ва 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ захмӣ шудаанд. Сокинон аз захмӣ шудани даҳҳо нафар хабар медиҳанд, вале ба сабаби иттилоъ надодани мақомоти расмӣ, санҷиши ин хабарҳо ғайриимкон аст.

Вазъи Хоруғ ва дурнамои он аз мавзуъҳои асосии бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Даҳҳо корбар аз мақомот хостанд, то буҳрон ба таври осоишта ҳал карда шавад.

Дар Фейсбук маъракаи "Дуо барои Помир" роҳандозӣ шуда, яке аз фаъолони он, Аниса Собирӣ, коргардони шинохтаи тоҷик навишт, "ҳамаи мо имрӯз нигарони "ватани хурду бебаҳоямон ҳастем ва ҳеч кадоми мо намехоҳем, ки дигар хун рехта шавад." Ин коргардони тоҷик даъват кардааст, "дастгири ҳамдигар бошем ва вазъият одилона таҳқиқ карда шавад."

Ҳамчунин, дар саҳифаҳои наздик ба мақомот, паёмҳои академик Мамадшо Илолов ва профессор Парвона Ҷамшед нашр шуданд, ки сокинон ва зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба хештандорӣ даъват кардаанд. Ҳамчунин ҳизбу гуруҳҳои сиёсии хориҷ аз Тоҷикистон ба қатъи зӯроварӣ нисбати ин сокинон даъват намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки зодагони ВМКБ дар назди бинои СММ пикетҳои эътирозӣ баргузор карданд ва эълон шудааст, ки тазоҳурот дар чанд шаҳри Аврупо роҳандозӣ хоҳад гашт.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG