Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Бадахшон: раиси вилоят бо намояндагони эътирозгарон гуфтугӯ мекунад


Алишер Мирзонабот ва сокинон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ

Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз зуҳри имрӯз 28-уми ноябр музокираи раиси вилоят ва намояндагони эътирозгарон баргузор мешавад. Рӯзи чаҳорум аст, ки садҳо нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуда, хоҳони таҳқиқи одилонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулини ҳукумати ВМКБ, музокираи раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва 40 намояндаи тазоҳуркунандагон соати 14 оғоз мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин гуфтугӯ, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси намояндагон ҳам ширкат мекунанд. Мақомот гуфтанд, Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳам феълан дар шаҳри Хоруғ аст.

Субҳи имрӯз манобеи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ аз оғози гуфтугӯи намояндагони эътирозгарон ва раиси вилоят хабар дода буданд. Масъулини ҳукумати ВМКБ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияи ба ҳалокат расидани Гулбиддин Зиёбеков мавзӯи асосии гуфтугӯи раиси вилоят бо намояндагони тазоҳургарон аст. Ширкатдорони тазоҳурот дар майдони марказии Хоруғ талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Зиёбекови 29-сола ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ гуфтанд, шаби гузашта ҳам мардум дар майдони марказии Хоруғ буданд ва ҳеч ҳодисаи ғайричашмдошт рух надодааст. "Вазъият муътадил шуда истодааст. Намояндагон ҳамин соатҳо бо раиси вилоят ва раиси шаҳр вохӯрӣ мекунанд,"-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Масъулини ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вазъият дар шаҳри Хоруғ муътадил буда, ҳамаи роҳҳои кушода мебошанд.

“Дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ҳамаи роҳҳои марказии шаҳри Хоруғ баста ҳастанд. Ин нодуруст аст, ҳамаи роҳҳо кушода ҳастанд. Аз рӯзи душанбе эълон карда шуд, ки ҳамаи муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва бозору марказҳои фурӯш фаъолият мекунанд. Донишҷӯён ва талабаҳо ҳам ба дарс мераванд. Ҳозир фақат чанд нафари дигар дар майдон монданд, ки онҳо намояндагони худро интихоб карданд,”-гуфтанд дар ҳукумати Бадахшон.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, мардум то ҳол майдони марказии шаҳри Хоруғ ҳастанд.

Масъулини ҳукумат ва ҳам намояндагони эътирозгарон мегӯянд, тағйир ёфтани вазъият дар Хоруғ ба натиҷаи музокираи имрӯза вобаста аст.

Эътирози гуруҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа рӯзи 25-уми ноябр оғоз шуд ва то ҳол идома дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин эътирозҳо то 5 ҳазор нафар аз сокинони вилоят ширкат доранд. Ин тазоҳурот пас аз он сар зад, ки ба нақли сокинон Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар амалиёти мақомот кушта шудааст. Додситонии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми ноябр амалиёти боздошти Зиёбековро тасдиқ кард, аммо гуфт, ӯ "муқобилият нишон доду захмӣ шуд." Сокинон ба ин фарзия бовар надоранд ва иддао мекунанд, ки ӯ қасдона кушта шудааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар муддати чор рӯзи тазоҳурот, ҳадди ақал ду маротиба миёни тазоҳуркунандагон ва мақомот муноқиша сар задааст. Бори аввал рӯзи 25-уми ноябр дар назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ ва маротибаи дуюм рӯзи 27-уми ноябр замоне, ки раиси вилоят Алишер Мирзонабот баъди баромад дар назди эътирозгарон ба бинои ҳукумат бармегашт.

Сокинон аз ҳалокати се нафар бо шумули Гулбиддин Зиёбеков ва захмӣ шудани қариб даҳ нафар хабар доданд. Ҷасади Гулбиддин Зиёбековро, ки ба майдони марказии шаҳри Хоруғ оварда буданд, шаби гузашта ба хок супориданд.

Мақомот гуфтанд, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ ҳам дар муноқиша захмдор шудаанд. Инчунин додситонии Бадахшон шоми 27-уми ноябр гуфт, Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси намояндагон баъди сангпартоӣ аз тарафи эътирозгарон захмӣ шудааст. Вале мақомот дар бораи ҳалокати сокинон ва маҷруҳ шудани онҳо дар ин рӯзҳо расман чизе нагуфтанд.

Матн давоми рӯз такмил мешавад. Бозгашт ба саҳифаҳо фаромӯш накунед.

XS
SM
MD
LG