Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози чоррӯза дар Хоруғ поён ёфт


Эътироз дар назди бинои ҳукумати ВМКБ поён ёфт.

Эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ пас аз музокирот бо мақомот ба эътирози чоррӯзаи худ поён доданд ва майдони назди ҳукумати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тарк карданд. Ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" нимашаби гузашта бо такя ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар дод, ки "гирдиҳамоии ғайриқонунӣ", ки рӯзи панҷшанбеи 25-уми ноябр дар Хоруғ аз тарафи "баъзе гурӯҳҳои манфиатдор" оғоз шуда буд, соати 20:00-и 28-уми ноябр поён ёфт. Дар ин хабарномаи кутоҳ омадааст, ки масоили мавриди назар аз сӯи мақомоти додситонӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ санҷиш ва ҳаллу фасл мешаванд.

Нисфирӯзии 28-уми ноябр пас аз нимрӯзи музокираи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо намояндагони ҳукумат вазъ дар Хоруғ ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст. Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ мегӯяд, ҳамакнун фаъолияти нақлиёти умумӣ дар маркази Хоруғ ба низом даромадааст ва нуқтаҳои савдо ба таври маъмулӣ кори худро идома медиҳанд.

Як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ин музокирот иштирок дошт, гуфт, пас аз музокираи 10 соата мақомот талаби ҷомеаи шаҳрвандиро қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ваъда доданд, афроде, ки дар майдон эътироз карданд, таъқиб намешаванд ва кормандони мақомоти интизомие, ки дар марги Гулбиддин Зиёбеков даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Посгоҳҳои изофӣ аз шаҳри Хоруғ бардошта мешаванд ва интернет дубора дастрас мешавад.

Сокинони Хоруғ гуфта буданд, ки се посгоҳи изофӣ дар назди бозор ва беморхонаи Хоруғ нисфирӯзии 28-уми ноябр бардошта шуда буданд.

Мақомот ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд, вале фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, шарт ин буд, ки пас аз тарки майдон кардани эътирозгарон ин ваъдаҳо пайи ҳам иҷро хоҳанд шуд.

Хурсанд Мамадшоев, фаъоли дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ваъда карданд, ки марги се нафар дар ҳодисаи ахир ба таври шаффоф таҳқиқ мешавад. Ӯ гуфт, ки 44 нафар аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ раванди тафтишотро назорат хоҳанд кард. “Мақомот ваъда доданд, ки бо мӯътадил шудани вазъ давоми ду рӯзи оянда дастраси ба интернет дар вилоят таъмин хоҳад шуд.”,--гуфт ӯ.

Аз ин пеш, як намояндаи ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба анҷоми хуб умедвориҳо бештар шудаанд”.

Ин мақоми ҳукумати Бадахшон гуфта буд, ки мардум кӯчаҳоро аз резинҳои шабона сӯхта тоза кардаанд ва аксаран ба хонаҳояшон баргаштанд.

Эътирози сокинон дар Хоруғ чор рӯз пеш ба дунболи кушта шудани як сокини Роштқалъа дар пайи амалиёти боздошти ӯ оғоз шуд. Мақомот Гулбиддин Зиёбековро гумонбар дар ҷиноят медонанд ва мегӯянд, ӯ ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Сокинон ба ин бовар надоранд ва шеваи боздоштро хилофи қонун медонанд. Ҳоло мақомот ваъдаи тафтиши одилонаи қазияро додаанд.

XS
SM
MD
LG