Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Ленин то Туғрал. 100 нақши ҳунарпеша Тағоймурод Розиқов. ВИДЕО


Тағоймурод Розиқов дар нақши Садриддин Айнӣ
Тағоймурод Розиқов дар нақши Садриддин Айнӣ

Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки бо иҷрои нақшҳое назири «раиси ланг» ва «Владимир Ленин» дар миёни тамошобинҳои тоҷик шуҳрат ёфтааст, ба синни 75 расид. Баъд аз хатми Донишкадаи ҳунарҳои театрӣ дар Москва то ҳол дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов машғули нақшофарист. Вай аз корномаи ҳунарии худ шод, аммо аз вазъи имрӯзаи театрҳои тоҷик ғамгин аст. Дар сӯҳбат бо ин ҳунарманд нахуст ӯро шодбош гуфта, пурсидем, ки чӣ тавр ҷавони деҳотӣ ба саҳнаи театр роҳ ёфт:

Тағоймурод Розиқов: Ин суолро соли 1987 вақте ба сафари ҳунарӣ ба Москва рафтем, Юрий Лиманов, ки низ нақши Ленинро бозидааст, дар Кумитаи марказии комсомоли Иттиҳоди Шӯравӣ карда буд. Барои онҳо низ ҷолиб буд, ки чӣ тавр як тоҷикбачаи кӯҳистонӣ аз қишлоқи Ҳавзаи Даштиҷум ба ин сатҳи ҳунарӣ расидааст. Вай хоҳиш кард, ки дар бораи қишлоқам қисса кунам, то онҳо тавонанд рустои маро тасаввур кунанд. Барояшон ҷолиб буд, ки деҳаи мо дар куҷо ҷойгир аст ва табиаташ чӣ тавр аст чӣ ҳайвоноте дар атрофи он вуҷуд доранд. Дар посух ба саволи шумо мегӯям, ки ҳар як инсон барои иҷрои коре офарида мешавад ва ҳар инсон бояд донад, ки барои чӣ офарида шуда, чӣ мехоҳад. Ҳар инсон вазифадор аст, ки вазифаашро дар ин зиндагӣ муайян кунад. Дар кӯдакиам ба деҳаи Ҳавзаи мо ҳунармандон омада, дар миёни манзари зебову сарзабзи табиӣ ҳунарнамоӣ мекарданд ва ҳамон вақт ба худ вазифа гузоштам, ки низ ҳунарманд мешавам. Ин орзуи кӯдакӣ буд ва ҳоло метавонам бигӯям, ки агар ҳар кас барои расидан ба орзуи худ талоши даркорӣ анҷом диҳад, ба ҳадафаш мерасад. Вале набояд танҳо орзу карда нишаст, бояд амал кард, кор кард, заҳмат кашид ва он вақт инсон ба орзуяш мерасад.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Айнӣ, Лоҳутӣ ва Ленини Тағоймурод Розиқов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:25 0:00

Радиои Озодӣ: Устод, шумо танҳо дар театри ҷавонон фаъолият доштед ё боз дар кадом театри дигар?

Тағоймурод Розиқов: Фақат дар театри ҷавонон. Ман «ҷойпаракро» дӯст намедорам. Дарахт дар як ҷой месабзад. Ман ҳатто наметавонам ҷойивазкунии корро наметавонам тасаввур кунам.

Радиои Озодӣ: Дар маҷмӯъ дар саҳнаи театрӣ чанд нақш офаридаед?

Тағоймурод Розиқов: Дар театр беш аз сад нақшро иҷро кардаам ва дар синамо 27 нақшро бозидаам. Дар барномаҳои телевизионӣ нақшҳои зиёдеро иҷро кардаам, ки шумориданаш ҳам душвор аст. Мутаассифона, ҳоло дар телевизион нафарони қаблие, ки театрро мефаҳмиданд, дигар нестанд. Он коргардонҳое, ки театрро мефаҳмиданд, ҳоло дар телевизион нестанд. Аслан, дар телевизион нафароне, ки донанд бо театр чӣ гуна бояд ҳамкорӣ кард, нестанд. Ягар чунин нафарон дар телевизион пайдо шаванд, насиб, ҳамкорӣ мекунем.

Радиои Озодӣ: Устод, нақши аввалини иҷро кардаи худро дар хотир доред?

Тағоймурод Розиқов
Тағоймурод Розиқов

Тағоймурод Розиқов: Нақши аввалинам дар донишкада буд. Нақши Воробйев буд дар намоишномаи «Пирии пурзаҳмат»-и Рахманов ва дар саҳнаи театр дар намоишномаи “Хазони таги пой”-и Фотима Ғуломова. Он кас танҳо як намоишнома навишта буданд ва онро коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов, шавҳарашон ба саҳна гузоштанд. Ин нақши хуби Бахтиёр буд, ки табъи дилам гашт.

Радиои Озодӣ: Нақшҳое, ки дар саҳнаи театр офаридаед мухталифанд. Дар як намоишнома шумо «раис» ҳастеду дар дигар намоишнома коргари оддӣ. Дар як намоишнома нақши Владимир Ленин ва дар дигар нақши фарди азияткашидаро. Бароятон иҷрои чунин нақшҳои мухталиф душвор набуд, зеро қаҳрамонҳоятон тафаккуру тарзи гуфтори ба ҳам мухолиф доранд?

Тағоймурод Розиқов: Вазифаи ҳунарманд ё актер аз ҳамин иборат аст, ки тавонад нақшҳои мухталиферо иҷро кунад. Мутаассифона, ҳоло актерҳое ҳастанд, ки қариб сад нақш офаридаанд, вале ҳамаи нақшҳоро якхел иҷро кардаанд. Ҳарчанд, мақсади асосӣ ин ҳунар ва гуногунӣ бояд бошад. Ман худам чунин корро намеписандам. Хушбахтона, дар ин умри кӯтоҳам нахустин нақше, ки офаридаам нақши Лоҳутӣ буд, баъд нақши Ленин ва сипас Улянов буд. Баъдтар аз рӯйи осори шоири покистонӣ Файз Аҳмади Файз дар намоишномае нақш офаридам, баъд нақши Нақибхон Туғрал, сипас нақши Айниро низ иҷро кардам. Дар намоишномаҳои Островский низ нақшҳо иҷро кардаам. Яъне, ин нақшҳо мухталиф буданд ва актер вазифадор аст, ки аз иҷрои ин ҳама нақшҳо барояд. Агар аз иҷрои нақшҳои мухталиф баромада натавонад, пас, чӣ зарур аст, ки вай ҳунарманд бошад? Хоҳӣ-нахоҳӣ, ҳунарманд бояд вориди умқи нақшаш ворид шавад. Албатта, агар ин нақш иҷозат диҳад, ки ту воридаш шавӣ.

Радиои Озодӣ: Устод, шумо нақши Ленин, доҳии пролетариатҳои ҷаҳонро иҷро кардаед, ки шояд он замон навъе аз замонасозӣ буд ва ҳоло...

Тағоймурод Розиқов
Тағоймурод Розиқов

Тағоймурод Розиқов: Бубахшед, медонед, бадбахтии Ҳукумати Шӯравӣ дар чӣ буд? Бадбахтӣ дар он буд, ки ақидаву гуфтаҳои Ленинро ба осмони ҳафтум бароварданд, лекин ҳеҷ яке аз гуфтаҳои ӯро иҷро накарданд. Сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам дар ҳамин аст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷое намонда буд, ки расму ҳайкали ӯро намонда бошанд, аммо ягон васияти ӯро иҷро накарданд. Вай васият карда буд, ки ҳатто ҳеҷ боғчаеро ба номаш нагузоранд. Дар Тоҷикистон ноҳияи Иличовский ва Ленин буданд. Қабл аз фурӯпошии шӯравӣ ба ман савол доданд, ки агар ин номҳо бардошта шаванд, номи киро мегузоред? Гуфтам, ҳамин ҷойро одамон обод кардаанд, номи ҳаминҳоро бояд монд. Охир, намешавад, ки ҳама ҷоро Ленин, Ленин ном гузорем. Бо номи Ленин ва дигар бузургон набояд бозӣ кард.

Радиои Озодӣ: Устод, новобаста аз синну соли худ, шумо хубу бардамед ва бигзор ҳамеша сиҳатманд бимонед. Орзуи иҷрои кадом нақшҳоеро дар қалб мепарваред, ки ҳанӯз ба он муваффақ нашудаед?

Тағоймурод Розиқов: Орзуҳои зиёде дорам. Аммо, ҳоло он коргардоне, ки фикри маро тавонад дарк кунаду тавонем якҷо нақши мондагореро офарем, нест. Ба унвони мисол, Козентсев якҷо бо Инокентий Смоктуновский «Гамлет»-ро офариданд. Дар натиҷа, ин беҳтарин филми замони шӯравӣ шуд.

Радиои Озодӣ: Шумо дар гузашта таҷрибаи ҳамкорӣ бо Барзу Абдураззоқовро доштед.

Тағоймурод Розиқов: Бо Барзу Абдураззоқов танҳо як намоишномаи “Отелло”-ро монда будем. Ҳарчанд, ман мехостам нақши асосиро иҷро кунам, аммо нақши якумро ба Қурбони Собир доданд. Ман нақши падари Дездемонаро бозидам. Ин як нақши кӯчаке буд, вале барои актер мафҳуми нақши хурд вуҷуд надорад. Дар ҷашнвораи “Парасту” барои иҷрои ин нақш ман сазовори беҳтарин нақши мардона шуда будам.

Радиои Озодӣ: Пас, фикр мекунед, ҳоло барои театрҳои Тоҷикистон коргардоне ба мисли Барзу Абдураззоқов намерасад?

Тағйомурод Розиқов: Мутаассифона, чунин коргардоне ҳоло надорем. Медонед, театр ҳоло хеле пеш рафтааст. Ҳоло мо ҳатто наметавонем барои театр тамошобинеро пайдо кунем. Имрӯз мақсаду равия ва идеяҳои театр дигар шудааст. Барои ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон мехоҳем барномаеро таҳия созем, вале ҳунарманди зарурӣ наметавонем пайдо кунем. Бояд бигӯям, ки Маркази миллии тестӣ барои тарбияи ҳунармандони ҷавон мушкилӣ эҷод мекунад. Довталаби ҳунари актериро бояд на танҳо аз тариқи имтиҳонҳои тестӣ, балкӣ аз рӯйи истеъдодаш қабул кард. Аммо, аз имтиҳони Маркази тестӣ нафароне сазовори унвони донишҷӯӣ мешаванд, ки камбудиҳои зиёде доранд. Дар ин ҳолат, ба унвони устоди Донишкадаи санъат мо чӣ гуна бояд барои театрҳои Тоҷикистон коргардону ҳунармандони босалиқаро тарбият кунем? Мо аз довталабҳое, ки биноиаш мушкил дорад ё садояш, ё дасту пойҳояш нуқс доранд чӣ гуна актерҳои хушсалиқаро омода созем? Маркази миллии тестӣ бояд интихоби донишҷӯёни эҷодкорро аз рӯйхати худ берун кунад. Мо хостори он ҳастем, ки хатмкардаҳои бахши актерии донишкадаи мо минбаъд тавонанд дар Театри миллии Тоҷикистон барои худ ҷойи кор ёфта бошанд.

Радиои Озодӣ: Вазъи ҳозираи театри тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Тағоймурод Розиқов: Хароб аст, бисёр хароб аст. Чункӣ қаблан мақомот барои фаъолияти театрҳо каме маблағ ҷудо мекарданд, ҳоло бошад, ин маблағҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин, телевизиону интернет ва синамову моҳвораҳо вазъи молии театрҳоро хеле танг кардаанд. Ҳоло театр бояд намоишномаеро олиро рӯйи саҳна дошта бошад, ки тавонад тамошобинро аз хонаи гармаш ба толори сарди театр биоварад. Ҳоло тамоми оилаҳои Тоҷикистон силсилафилмҳои туркӣ тамошо мекунанд. Бояд чунин театре дошта бошем, ки маҳбуби тамошобин бошад. Мо мактаби хуби актерӣ ба мисли Ҳошим Гадо ва Ато Муҳаммадҷонов ё Сайрам Исоева дорем. Шумо медонед, ки театри ҷавононро 50 сол қабл як гурӯҳи 24-нафарии хатмкардаҳои тоҷики донишкадаи ҳунарҳои театрии Москва ташкил карданд. То он замон чанд талоше барои таъсиси ин театр сурат гирифта буд, вале ҳама ноком шуда буданд. Баъд аз таъсиси ин театр барои кор озмуни ҳунармандон сурат гирифт ва дар марҳилаи аввали он қариб се ҳазор нафар ширкат карда буданд. 32 нафари беҳтарин барои кор дар ин театр интихоб шуданд ва ҳоло низ онҳо беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон дониста мешаванд. Аз ҷумла Гулсара Абдуллоева, Раҷабгул Қосимова, Соҳибсултон Алиназарова, Асалбегим Саодатова, Дилбар Умарова, Мавлуда Обидова ва Ғолиб Исломову Шодӣ Солеҳов, Амонулло Қодиров беҳтарин ҳунармандони саҳнаи театрии тоҷик дониста мешаванд. Устодонамон бароямон мегуфтанд, ки пули театр кам аст, бояд фидоии кор бошед. То ҳол, новобаста аз маоши андак талош дорем, ки театрро нигоҳ дошта бошем.

Радио Озодӣ: Устод, ташаккур барои сӯҳбат ва боз ҳам шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрик мегӯем.

Тағоймурод Розиқов 26 ноябри соли 1946 дар рустои Ҳавзаи ноҳияи феълан Ҳамадонии вилояти Хатлон дар хонаводаи кишоварз таваллуд шудааст. То соли 1960 ба сабабҳои оилавӣ дар парасторхонаи ноҳияи Файзобод тарбият ёфтааст. Соли 1966 ба Донишкадаи санъати ҳунармандии (ГИТИС) Москва дохил мешавад. Соли 1971 ин донишкадаро хатм карда, барои кор ба театри ҷавонони Тоҷикистон фиристода мешавад ва то ҳол ҳунарманди ин театр мебошад. Дар маҷмӯъ, дар театру синамо ва телевизион беш 150 нақш офаридааст.

XS
SM
MD
LG