Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати падари ду фарзанд ба артиш дар Кӯлоб баҳсбарангез шуд.ВИДЕО


Наздикони як ҷавон дар Кӯлоб аз "облава" шудани ӯ ба додситонӣ шикоят кардаанд.

Наздикони Ҷумъахон Абдуллоев, як сокини 26-солаи Кӯлоб даъво доранд, ки бо вуҷуди соҳиби ду фарзанд будан ӯро тариқи “облава” ба артиш бурдаанд.

Дар Тоҷикистон ҷавононе, ки соҳиби ду фарзанд ҳастанд, ба артиш ҷалб намешаванд, вале мақомот мегӯянд, фарзанди дуюми Ҷумъахон аз худаш нест.

Хонаводаи ин ҷавон бар асоси банди қонуне, ки дар он даъвати “онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, ба таъхир гузошта мешавад”, ба додситонии низомӣ шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, фарзанди дуюми Ҷумъахон аз бародараш аст, вале ӯ ин кӯдакро расман ба фарзандхонӣ гирифтааст.

Ҷумъахон Абдуллоев ҳоло дар як воҳиди низомӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад. Ӯ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба комиссариати ҳарбӣ рафта буд ва барояш гуфта буданд, ки ба артиш ҷалб намешавад. “Имсол даъват карданд ва гуфтанд, ки комиссия мегузарӣ ҷавоб медиҳем, аммо маро гирифта оварданд.”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Даъвати баҳсбарангези падари ду фарзанд ба артиш дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Тошбӣ Таваккалова, модари Ҷумъахон гуфт, “ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем, кӯдакҳоро бурдем, вале гуш накарданд”.

Дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, Ҷумъахон Абдуллоев на ду, балки як фарзанд дорад ва ба ҳамин хотир ӯ ба артиш ҷалб шуд.

Фарзанди дуюми Ҷумъахон аз бародараш аст, ки шаш моҳ пеш аз роҳи қонунӣ фарзандхонди ӯ шудааст.

Ҷамшед Абдуллоев, бародари Ҷумъахон мегӯяд, чор фарзанд дорад ва фарзанди панҷумро интизор надошт. Ба гуфтаи ӯ, вақте занаш ҳомила шуд, бародараш ва ҳамсари ӯ хоҳиш карданд, ки аз баҳри ин фарзанд нагузарем ва онро таваллуд кунем. “Зани додарам инро хост ва мо қонунӣ ин кӯдакро ба тарбияи онҳо додем”,--гуфт ӯ.

Мақомот ин фарзандхониро ғайриқонунӣ донистаанд ва мегӯянд, Ҷумъахон онро танҳо барои ҷалб нашудан ба артиш анҷом додааст.

Шариф Раҳимзода, раиси додгоҳи Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси шикояти Комиссариати ҳарбӣ қарори фарзандхонӣ бекор карда шудааст.

Ӯ ҷузъиёте дар ин бора надод ва гуфт, ки парвандаҳои фарзандхонӣ махфӣ ҳастанд.

Уғулой Бобоева, адвокати коллегияи адвокатҳои “Кафолат” гуфт: “Дар қонун аниқу дақиқ гуфта шудааст, ки ду фарзанд дошта бошад, ба артиш ҷалб намешавад. Фарзандхон ҳам фарзанд аст, яъне дар асоси ҳалномаи судӣ ба фарзанди қабул шуда бошад, бояд ҷалб нашавад.”

Дар Тоҷикистон тирамоҳ ва баҳор ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш даъват мешаванд. Мақомот мегӯянд, бархе аз ҷавонон бо ҳар баҳона аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Аксари ҷавонон мегӯянд, фарзандони мансабдорон ба артиш ҷалб намешаванд ва бештар фарзандони оилаи камбизоате ба артиш бурда мешаванд, ки бори таъмини хонаводаро бар душ доранд.

XS
SM
MD
LG