Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омикрон чӣ гуна вирус аст ва то чӣ ҳад хатарнок? ВИДЕО


Омикрон номи вируси наву тағйирёфтаи СOVID-19 аст, ки моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Олимон аз афзоиши ангезандаҳо дар протеинҳои сатҳи ин вируси такомулёфта нигаронанд, ки бемории COVID-19 бармеангезад. Дар ин шакл вирус вогиртар ва муқовим ба ваксинаҳои мавҷуд мешавад.

“Набояд шитоб карду зуд хулоса баровард”?

Ирина Якутенко, вирусшиноси муқими Берлин, мегӯяд, "ангезандаҳои зиёд дар протеинҳои вирус барои подтанҳое, ки аз ваксина ва ё гирифторӣ ба навъи Делта ҳосил шудаанд, метавонад, ноошно бошад. Подтанҳо ва масунияте, ки аз навъи Делта ё навъҳои пеш аз он ба вуҷуд омадаанд, ба зидди Омикрон дуруст муқовимат карда наметавонанд. Ё баръакс масунияти бадани онҳое, ки ба Омикрон гирифтор шудаанд, шояд бемории Делтаро хуб нашиносад."

Тедрос Аданом Гебрейесус
Тедрос Аданом Гебрейесус

Аммо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, набояд шитоб карду зуд хулоса баровард.

"Мо ҳоло намедонем, ки Омикрон оё вогиртар аст, сахт бемор мекунад ё ба ваксинаҳо муқовим аст. Олимони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ҷаҳон саъй доранд, посухи ин суолҳоро ҳарчӣ зудтар ёбанд," -- гуфт Тедрос Аданом Гебрейесус, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ.

Бо вуҷуди тағйири таркиби генетикии Омикрон, маълум нест, ки он то чӣ ҳад барои сиҳатии омма хатарнок аст. Дигар навъҳои вирус мисли Бета, ки он ҳам дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуд, аввал олимонро тарсонд, вале зиёд паҳн нашуд.

"Беморон ҳастанд, вале..."

Зуҳури Омикрон тахмини олимонро собит кард, ки минтақаҳои маҳрум аз ваксинаи кофӣ боиси рушди босуръати вирус мешаванд.

Анҷелика Котзӣ, табиб ва мудири Анҷумани Тиббии Африқои Ҷанубӣ, гуфт, "бо назардошти аломатҳои сабуки беморӣ, ки мо мебинем, ҳоло ҳеч сабабе барои воҳима нест, чун беморон вазнин нестанд. Ман шифохонаҳоро пурсидам, баъзе шифохонаҳои минтақаи худ ва яке аз бузургтарин шифохонаҳоро. Фақат як бемори COVID муҳтоҷи оксиген доранд. Онҳо намедонанд, ки бемор Делта аст ё аз навъи Омикрон."

Бисёре аз донишмандон бовар доранд, ки ваксинаҳои мавҷуд андаке ҳам бошад, аз вируси нав эмин нигаҳ медоранд. Лайф Эрик Сандер, табиби масуниятшиноси шифохонаи Харите дар Берлин, гуфт:

"Хушбахтона, масунияти мо онгуна сохта шудааст, ки ба бахшҳои гуногуни вирус вокуниш мекунад. Мо роҳҳои гуногуни муқовиматро ҳам дорем. Подтанҳои мо ва дигар ҳуҷайраҳо қисматҳои гуногуни вирусро мешиносанд. Барои ҳамин ваксинае, ки барои навъи нави беморӣ ҳам набошад, асари мусбат дорад. Ин ваксина ҳамчунин ба зидди вирусҳои наве, ки ҳоло меомӯзем, муқовимат мекунад. Бо ин ҳама такомули вирусҳо подтанҳо кумак мерасонанд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Вируси "омикрон" то чӣ ҳад хатарнок аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

"Пайомади тақсими нобаробар"

Офарандагони ваксинаҳои Пфайзер/Бионтек ва Модерна гуфтаанд, ки дар сурати зарурат ваксинаҳояшонро метавонанд, барои муқобила бо навъи нави вирус ҳам мувофиқ кунанд.

Донишмандон ва табибон мегӯянд, беҳтарин роҳи эмин мондан аз беморӣ гирифтани ваксина аст. Ричард Ҳатчет, раҳбари Эътилофи Омодагиҳои Муосир Ба Зидди Эпидемия, мегӯяд, зуҳури вирусҳои нав ба мисли Омикрон пайомади тақсими нобаробари ваксина аст.

"Зуҳури Омикрон тахмини олимонро собит кард, ки манотиқи маҳрум аз ваксинаи кофӣ боиси рушди босуръати вирус мешавад. Боствана ва Африқои Ҷанубӣ, ки камтар аз чаҳоряки аҳолиашон ваксина гирифтаанд, муҳити муносибе барои такомули он шуданд. Бинобар нобаробарӣ дар вокуниши байнулмилалӣ, ҳоло вируси бераҳм домангири мо шуд," – афзуд ӯ.

Донишмандон мегӯянд, ваксина на танҳо фард, атрофиёнашро муҳофизат мекунад, балки теъдоди онҳоеро ҳам кам месозад, ки метавонанд, мизбони вируси СОVID-19, афзоишу тағйир ва зуҳури навъҳои нави он шавад.

XS
SM
MD
LG