Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон аз эҳтимоли сирояти “омикрон” нигаронанд. ВИДЕО


Дар Қазоқистон аз сирояти омикрон нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Табибон дар Қазоқистон аз он нигаронанд, ки навъи ҷадиди коронавирус ё омикрон ба ин кишвар ҳам сироят хоҳад кард. То ҳол мавҷудияти омикрон дар Қазоқистон расман тасдиқ нашудааст.

Президенти он кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, баъди мулоқоташ бо масъулони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 29-уми ноябр гуфт, дар муқобила бо сирояти коронавирус аҳли олам бояд аз як гиребон сар бароранд.

Дар ҷараёни боздид аз Швейтсария, президенти Қазоқистон бо раҳбарони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мулоқот кард ва дар бораи иқдомҳои кишвараш дар муқобили пандемияи коронавирус ва ҷонибдории ин кишвар ба дастрасии умум ба ваксина маълумот дод.

Раҳбари Қазоқистон ҳамчунон дар бораи тавлиди ваксинаи ватании зидди коронавирус маъруф бо номи “Қазковак” тафсилот дода, аз аҳли олам даъват кард, ки дар ҳамоҳангӣ ба ин вабои аср муқовимат кунанд.

Тибқи итилои табибони қазоқ, дар ин кишвар суръати сирояти коронавирус сусттар шудааст, вале дар муқобили сирояти шакли нави он, яъне омикрон имкони зиёди ҳимоят надорад. Онҳо ишора ба он мекунанд, ки Қазоқистон ба монанди Исроил ё кишварҳои дигар марзҳояшро набастааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомдорони бонки миллии Қазоқистон иброз доштанд, ки низоми молии ин кишвар аллакай зарбаи нақши нави коронавирусро эҳсос кард. Хавфи сирояти омикрон бозорҳои ҷаҳонӣ ва нархи нафти хомро поин бурд. Дар натиҷа, 29-уми ноябр қурби пулии милли Қазоқистон, ки кишвари содиркунандаи нафт аст, то 433,5 танга дар муқобили як доллари Амрико коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG