Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи як шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати таҳримҳои Амрико

Сӯҳроб Оймаҳмадов (чап), раиси пешини Asian Express Airlines ва Бобаки Занҷонӣ (рост), миллиардери эронӣ. Акси Оймаҳмадов аз вебсайти "Топ-50" гирифта шудааст
Сӯҳроб Оймаҳмадов (чап), раиси пешини Asian Express Airlines ва Бобаки Занҷонӣ (рост), миллиардери эронӣ. Акси Оймаҳмадов аз вебсайти "Топ-50" гирифта шудааст

Як шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолият ба нафъи шабакаи молии миллиардери эронӣ, Бобаки Занҷонӣ, ба рӯйхати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ворид шудааст.

Мақомоти Амрико аз ӯ Сӯҳроб Оймаҳмадов ва раиси ширкати “Zedx DMCC” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ном бурдаанд.

Ин ширкат узви шабакаи молие номбар шудааст, ки зери раҳбарии Занҷонӣ бо давр задани таҳримҳо ва интиқоли пул ба ниҳодҳои вобаста аз Эрон, аз ҷумла Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, муттаҳам аст.

Вазорати молияи Амрико ҳанӯз 24-уми июли соли 2026 Сӯҳроб Оймаҳмадовро ба феҳрасти шахсони зери таҳрим дохил кардааст. Радиои Озодӣ ҷузъиёти онро нав дид. То кунун вокуниши Оймаҳмадов ва ниҳодҳои Тоҷикистон маълум нест.

Ҷониби Амрико мегӯяд, ин иқдом дар доираи таҳримҳои Вашингтон алайҳи шабакаи байнулмилалии молии марбут ба Бобаки Занҷонӣ сурат гирифтааст.

Мақомоти ИМА ин тоҷири эрониро ба роҳандозии шабакаи молиявие муттаҳам мекунанд, ки барои давр задани таҳримҳо ва интиқоли пул истифода мешудааст.

“Шабакаи марбут ба Занҷонӣ аз сохторҳои молӣ ва воситаҳои рақамӣ барои интиқоли пул ва пинҳон кардани ҳаракати онҳо истифода мекард,” – гуфта шудааст дар шарҳи мақомоти Иёлоти Муттаҳида.

Бар асоси қоидаҳои OFAC ё Идораи назорати дороиҳои хориҷӣ дар Амрико, дороиҳои шахси зери таҳрим, ки дар ИМА ё таҳти назорати шахсони амрикоӣ қарор доранд, масдуд мешаванд. Шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ низ наметавонанд бо афроди таҳримшуда муомилот анҷом диҳанд.

Талоши Радиои Озодӣ барои ёфтани Сӯҳроб Оймаҳмадов ва ҳамчунин гирифтани шарҳи мақомот дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр бенатиҷа буд.

Ҷустуҷӯйи мо дар манбаъҳои боз нишон дод, ки шахсе бо ҳамин ному насаб дар гузашта ҳамкори Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон буда, аз соли 2011 то 2014 раёсати ширкати “Asian Express Airline”-и ӯро бар уҳда доштааст. Ин ширкат ҳам зери таҳрими кишварҳои ғарбӣ қарор дошт.

Бино ба иттилои манобеи боз, Сӯҳроб Оймаҳмадов зодаи шаҳри Ваҳдат буда, дар Душанбе кору зиндагӣ кардааст ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Ӯ, ки дар баъзе гузоришҳо писари Маҳмадамин Оймаҳмадов, намояндаи собиқи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон, муаррифӣ шудааст, аз соли 2024 то кунун ширкати “Zedx DMCC”-ро идора мекунад.

Аз соли 2021 то 2023 мудири ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон ва сипас мудири иҷроияи ширкати “BZ DIAMOND” будааст. Ин ширкати воқеъ дар Дубай аз ҷониби Баҳора Муртазо Занҷонӣ, хоҳари Бобаки Занҷонӣ, идора мешавад.

Сӯҳроб Оймаҳмадов соли 2011 дар интихоботи миёндаврии порлумонӣ барои курсии вакилӣ аз тарафи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон довталабӣ карда, соли 2012 яке аз панҷоҳ шахси “топ” ё хушсалиқаи Душанбе эълон шудааст.

Бори аввал нест, ки шахсони алоҳида ё ниҳодҳои молӣ дар Тоҷикистон зери таҳримҳои байнулмилалӣ қарор мегиранд.

Иттиҳоди Аврупо моҳи сентябри соли 2025 се бонки Тоҷикистонро зери таҳрим қарор дода, танҳо баъди беш аз ним сол ва дар натиҷаи ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон “муколама ва ҳамкориҳои мақомот бо шарикони аврупоӣ” онҳоро аз ин феҳрасти "сиёҳ" берун кард.

“Спитаменбонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ки ба шахсони наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон пайванд дода мешаванд, барои ёрии ғайримустақим ба ҷанги Русия дар Украина муттаҳам шуда буданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG