Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абу Довуд дар куҷост? Мубаллиғи "гумшуда"-и ДОИШ аз Тоҷикистон дар паноҳгоҳе "ёфт шуд"


Парвиз Саидраҳмонов аз мубаллиғони гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" буд

Як узви хатарноки ДОИШ, гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", аз Тоҷикистон, ки соле пеш аз зиндони шаҳраки Африни Сурия (зери назорати Туркия) "ғайб" зада буд, дар урдугоҳи паноҳҷӯён дида шудааст. Парвиз Саидраҳмоновро, ки бештар бо номҳои Абу Довуд ва “Бин Лодини Тоҷик” маъруф аст, нерӯҳои Туркия соли 2018 дастгир карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди дархостҳои батакрор Анкара ӯро таслим нанамуд.

Телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли 2019 дар барномае ӯро дар зиндони шаҳраки Африн нишон дод. Он замон мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки барои ба кишвар овардани "узви хатарноки ДОИШ" кӯшиш доранд. Баъд аз он, шоҳидон ва онҳое, ки бо ӯ тамос доштанд, гуфтанд, "Саидраҳмонов аз зиндон нопадид шуд".

Дар паноҳгоҳ, бо зану кӯдакон

Ҳоло ду шоҳид ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ӯро дар урдугоҳи мардонаи паноҳҷӯён дар Ҷараблуси Сурия дидаанд. Ин шаҳр низ зери назорати низомиёни Туркия қарор дорад. Дар ин паноҳгоҳ ҳамзамон зани осетинии Саидраҳмонов ва чаҳор фарзанди ӯ (аз ду ҳамсар) низ нигаҳдорӣ мешаванд.

Як ҳамсуҳбати дигари мо, ки бо далели хешу таборӣ бо Парвиз Саидрҳамонов тамос дорад, рӯзи 3-юми декабр тасдиқ кард, ки "ӯ дар Ҷараблус аст". Вай афзуд, "ҳоло шароити Абу Довуд аз зиндон комилан фарқ мекунад ва мақомоти турк барояш иҷозат додаанд, ки бо ҳамсари осетиниаш мулоқот кунад. "

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар тамоси охир Абу Довуд аз ӯ хоҳиш кардааст, ки барояш пул фиристад.

Абу Довуд ё Парвиз Саидраҳмонов дар чандин амали террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва Шветсия гумонбар дониста мешавад. Аз боздошти ӯ дар қалмарави Сурия, ки зери назорати низомиёни турк аст, тақрибан чаҳор сол гузашт. Мақомоти турк ҳеч бор дар бораи боздошти ӯ суҳбат накардаанд.

"Мо дархост кардем, ҷониби Туркия хомӯш аст"

Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр гуфт, ки борҳо масъалаи истирдоди ӯро аз мақомоти турк хостанд, "вале ҷониби Туркия посухи мушаххас надод".

“Мо ҳайронем, ки чаро туркҳо ӯро ба Тоҷикистон намедиҳанд. Айби ӯ дар даҳҳо ҷиноят собит шудааст. Хатар ин вуҷуд дорад, ки ӯ аз ин паноҳгоҳ фирор карда, дубора ба тундгароён ҳамроҳ шавад,” -- гуфт ӯ.

Ин мақом гуфт, Парвиз Саидраҳмонов мустақим дар ҷангҳо ширкат намекард, вале бештар аз дусад нафарро барои пайвастан ба сафи ДОИШ ташвиқ кардааст. "Дар сурати дастрасиаш бо интернет, ин корашро такрор хоҳад кард," – афзуд мусоҳиби мо.

Парвиз Саидраҳмоновро мақомоти тоҷик узви хатарноки созмони ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ медонанд. Пулиси байнулмилалии Интерпол бо дархости Русия ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндон маҳкум шуданд ё мавриди афв қарор гирифтанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG