Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдухолиқ Набавӣ: "Таърихро навсозӣ намекунанд"


Абдухолиқ Набавӣ
Чаро баҳси кӯчондани хона-музейи Айнӣ бархост? Тоҷикистон ба хати форсӣ гузарад, чӣ хоҳад шуд? Гуноҳи муаллифи “Гузашти айём” чӣ буд? Ҳоло нависандаи хуб нест ё асари хонданӣ? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз адабиётшиноси тоҷик, Абдухолиқ Набавӣ, пурсидем.

Радиои Озодӣ: Дар моҳи ноябри имсол, пас аз норозигии бахше аз ҷомеа, ҳукумати шаҳри Душанбе аз кӯчондан ва кӯч додани хона-музейи Садриддин Айнӣ дар пойтахт даст кашид. Чаро ин вазъ пеш омад?

Алифбои форсӣ, хоҳем ё нахоҳем, ҳувияти миллии мост. Мутаассифона, вақте ин масъаларо пешниҳод мекунанд, дигар хел қабул карда мешавад. Аз нигоҳи мазҳабию динӣ ва масоили дигар бардошт мекунанд.

Абдухолиқ Набавӣ: “Ман фикр мекунам, сабаби пеш омадани чунин ҳолат аз камсаводии онҳое аст, ки нақшаи генералии шаҳр (Генплан)-ро мекашанд. Инҳо нақшаи рӯйи коғазро мехоҳанд, дар рӯи замин барқарор кунанд. Инҳо аҳамият намедиҳанд, ки куҷо ҷойи муқаддас аст, куҷо макони таърихист ва ба ҳувияти миллӣ иртибот дорад. Сангу хишти макони таърихиеро, ки қадами як марди бузурги миллӣ расидааст, дар онҷо кору зиндагӣ кардааст, иваз кардан намешавад. Нақшаи генералӣ (Генплан) бояд бо назардошти чунин ҷойҳои муқаддас барои миллат татбиқ шавад, на ин ки бар асоси ин нақша ҳамаро барбод диҳем. Таърихро навсозӣ намекунанд. Айнӣ дар ҳамон хона зистааст, кор кардааст, бо мардум суҳбату мулоқот кардааст ва тобуташ аз ҳаминҷо бароварда шудааст. Вақте вориди ин хона-музей мешавед, воқеан, ҳис мекунед, ки Айнӣ дар ҳаминҷо зистааст, нафас кашидааст. Дар як ҷойи пурнақшунигору замонавӣ ин чиз даст намедиҳад. Инро навсозӣ кардан мумкин нест, замонавӣ кардан мумкин нест. Ва ин принсипи ҳифзи ёдгориҳои таърихию миллӣ аст, ки дар ҷаҳон ба эътибор гирифта шудааст, мисли ин ки мо хабар надорем.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло як гурӯҳ ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозгашт ба алифбои ниёгонро ташвиқ мекунанд. Албатта, ин пешниҳод ҷонибдорону мухолифони худро дорад. Шумо чӣ мегӯед?

Абдухолиқ Набавӣ: “Ин масъалаи саҳлу содда нест. Ҳар нафаре, ки дунболи ин масъала аст, бо дасти холӣ наметавонад иддао кунад. Ҳатман ба таъриху адабиёти ҳазорсолаи мо такя намуда, пешниҳод мекунад. Алифбои форсӣ хоҳем ё нахоҳем, ҳувияти миллии мост. Мутаассифона, вақте ин масъаларо пешниҳод мекунанд, имрӯз дигар хел қабул карда мешавад. Аз нигоҳи мазҳабию динӣ ва масоили дигар бардошт мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ақаллан дар мактабҳои ибтидоӣ таълими онро васеъ ба роҳ монд. Ва хулосаи ман ин аст, ки бо гузаштан ба ин алифбо мо бурд мекунем.”

Радиои Озодӣ: Аз солҳои 70-ум ба ин тараф ба таҳқиқи насри тоҷик машғул ҳастед. Дар аҳди Шӯравии пешин адабиёти мо бо “реализми сотсиалистӣ маҳдуд шудааст ё чизҳои дигар дошт?

Абдухолиқ Набавӣ

(Набиев Абдухолиқ) 75-сола аст. Тайи пажӯҳиши нимасраи худ садҳо мақолаву тақриз навишта, осори нависандагони тоҷикро аз дидгоҳи воқеанигорӣ баррасӣ намудааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Хуҷанд. Аз соли 1984 то ҳол ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ аст. Аз соли 1984 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон.

Абдухолиқ Набавӣ: “Дуруст аст, ки реализми сотсиалистӣ вуҷуд дошт, аммо насри тоҷик ба ин маҳдуд набуд. Ҷалол Икромӣ ва Пӯлод Толису дигарон воқеанигор буданд. Ба асари Ҷалол Икромӣ “Ман гунаҳкорам” нигоҳ кунем, қаҳрамонҳо – Фирӯза, Оимшоҳ, Муҳаррами Ғарч – танҳо образ нестанд. Онҳо мушкилоти даври худро бо сухану ҳаракатҳо бозгӯ мекунанд. Адиби маъруфи қазоқ, Мухтор Авезов, ин асарро ситоиш кардааст, танҳо аз нигоҳи воқеанигорӣ. Воқеанигорӣ ва равонковӣ аз дастовардҳои муҳимми адабиёти мост ва то андозае муваффақ ҳам шудаем. Ҳарчанд дар ин марҳила адабиёти рус ва ғарб пешрафт кард. Дар солҳои 70-ум реализми сотсиалистӣ камранг мешуд.”

Радиои Озодӣ: Пас, чаро романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одинаро аз нашр боздоштанд?

Абдухолиқ Набавӣ: “Воқеан, Ҷумъа Одина қолаби реализми сотсиалистии Шӯравиро шикаст. “Гузашти айём” аввал дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуд. Ҳама ин асарро ба таври мусбат қабул карданд. Ҳатто мунаққидоне ба монанди Соҳиб Табаров баҳои мусбат доданд. Аммо дертар баҳс бархост, ки дар он қаҳрамоне бо лақаби “Чиллучак”, одами таҳсилнакарда ва оддӣ, дар мақоми раҳбарӣ аст ва сабаби азобу азияти мардум шудааст. Ҳамчунин дар асар тасвир шудааст, ки хонумҳои рус як андоза ғайриахлоқӣ рафтор мекунанд. Ҳамаи ин навиштаҳо мисли бомба таркид ва роҳбарони вақт чопи онро боздоштанд. Дигар ба нашри он иҷоза надоданд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ тақрибан се бор дар Тоҷикистон чоп шуд. Ва насри дигарандешу тозабаёну қолабшикани мо то Баҳманёру Сайф Раҳимзоду Муҳаммадзамони Солеҳу Муаззама ва Сайдару Рустами Қодир идома кард. Мутаассифона, ҳоло ёфтани асаре, ки интизори нашраш бошӣ, маҳол аст. Ҳастанд чанд нафари дигар, вале насри мо он дурахшишро надорад, афсӯс.”

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, як сабаби дурахшиши насри тоҷик дар замони Шӯравии пешин Иттифоқи нависандагон ва мактаби чеҳраҳои маъруфи адабиии он солҳо буд. Ҳоло чӣ?

Абдухолиқ Набавӣ: “Дуруст аст, Иттифоқи нависандагон як органи Шӯравӣ буд, вале адабиёт арзиш дошт. Устодони соҳибмактабе чун Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон буданд. Гузашта аз ин, нашрияҳое ба мисли “Садои Шарқ”, “Адабиёт ва санъат” ва нашрияҳои дигари фарҳангӣ бо теъдоди 79 ва 80 ҳазор нусха ба нашр мерасиданд. Ҳозир 2 ё 3 ҳазор нусха чоп мешаванд. Дигар ин ки ҳаққи қалам бо арзиш буд, ҳоло чӣ? Барои нависанда барои навиштани як асар ҳамаи шароит фароҳам буд, ҳоло чӣ? Имрӯз “Садои Шарқ” ё нашрияҳои дигар чӣ доранд? Ҳоло саҳнаи эҷоду нашри асар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Фейсбук аст. Бояд ҷомеа аз ин дуруст истифода кунад. Мутаассифона, ҳар кас ҳар чизе мехоҳад, ба номи шеър чоп мекунад, ки на арзиши шеърро дорад ва на ба қолаби шеър ҷавобгӯ аст. Имрӯз, шукр, шоироне ба мисли Фарзона, Сиёвуш, Озарахш ва чанд нафари дигар ҳастанд, ки воқеан шеъри асил мегӯянд. Шабакаҳои иҷтимоиро дуруст истифода барем ва шабҳои эҷодие, ки дар Иттифоқи нависандагон дар солҳои пеш баргузор мешуд, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монем.”

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG