Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба 20-солии зиндон иваз кард


Назди додгоҳи Лайлак дар моҳи сентябр пас аз эълони ҳукми се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон.

Додгоҳи вилояти Ботканди Қирғизистон ҳукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард ва онҳоро ба 20-солии зиндон маҳкум кард.

Мурофиаи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми декбар дар пайи шикояти такрории пайвандони онҳо баргузор шудааст.

Ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон се моҳ қабл, рӯзи 14-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" (моддаи 380-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон) ва "ғоратгарӣ" (моддаи 391-и Қирғизистон) гунаҳкор дониста шуда, ба ҳукми абад равонаи зиндон шуда буданд, аммо пайвандонашон аз ҳукм розӣ набуданд.

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров рузи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи имрӯз намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва як хеши шавҳараш ҳузур доштанд.

Ӯ гуфт, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ин хабарро ба онҳо расонд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон низ барои бозбинии ҳукми шаҳрвандони маҳкумшуда мактуб карда буд варои тағйир ёфтани ҳукм талош кардааст.

Ин зан ҳарчанд ба ҳукми ахирии шавҳараш розӣ нест, вале аз тағйир ёфтани он хушҳол аст.

“Ман бесаброна интизор будам ва ба бегуноҳии шавҳарам бовар дорам. Ӯ фақат ҳамроҳи сарбозҳои тоҷик акс гирифта буд. Барои ин набояд умрбод маҳкум шавад. Мо боз кӯшиши мекунем, ки сафед карда шавад”,--гуфт Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва вакили мудофеъи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ба зангҳои мо посух надоданд.

Додгоҳи Бодканд низ то ҳанӯз дар бораи иваз намудани ҳукми ду шаҳрванди Тоҷикистон шарҳе нашр накардаааст.

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров мегӯяд, ду моҳ қабл дар як суҳбати телефонӣ шавҳараш аз бад шудани саломатиаш шикоят карда буд.

Ӯ гуфт, шароити зиндагиашон низ сахт шудааст, чун сарвари хонавода чанд моҳ боз дар зиндон аст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рузи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ҳамроҳ бо мақомоти интизомии Тоҷикистон ба мақомоти зидахли кишвари ҳамсоя номаҳои расмӣ навиштем ва бар асоси ин номаҳо, додгоҳи таҷдиди назар баргузор хоҳад шуд.”

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров гуфт, бисёр мехост, дар мурофиа ширкат кунад, вале мақомоти Қирғизистон иҷозаи гузаштан аз сарҳадро надоданд. Ӯ пештар ҳамроҳи шавҳараш дар деҳаи Борбодуки Қирғизистон мезист, вале баъдан ба Тоҷикистон омад.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов моҳи майи имсол аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон дар шароити номаълум дастгир ва 14-уми сентябр ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро ба "ҷиноят ба зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" гунаҳкор донист, аммо наздиконашон ба бегуноҳии онҳо таъкид доранд.

Онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, аммо дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Боздошти онҳо дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт, ки аз ду тараф 55 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуда буд. Пештар Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Қирғизистонро, ки бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт карда буд, ба ҳукумати он кишвар супорид. Ин дар ҳоле буд, ки расонаҳои Қирғизистон аз эҳтимоли табодулаи боздошт ва машкумшудагон менавиштанд, аммо чунин табодула сурат нагирифт.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG