Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ". Ҷоизаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе


Муллораҷаб Юсуфӣ
Муллораҷаб Юсуфӣ

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро бо ҷоизаи "Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика" сарфароз гардонд. Ҷоизаро рӯзи 9-уми декабр дар Душанбе супурданд.

Муллораҷаб Юсуфӣ яке аз гузоришгарони фаъоли Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст, ки мавзуъҳои вобаста ба пандемияи COVID-19, эътирозҳои Бадахшон, нақзи ҳуқуқи башар, болоравии нархҳо, фақр, офатҳои табиӣ ва ғайраро бозтоб додааст.

Ӯ як дафъа ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи нархи сӯзишворӣ мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифт, вале аз роҳаш пас нагашт.

Юсуфӣ аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ", сомонаи Cabar ва хабаргузории TojNews буд.

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният дар Тоҷикистон ба Бунёди иҷтимоии Ташаббуси сиёсати шаҳрвандии интернет "Барои нақши вижа дар пешбурди ҳуқуқи инсон" ҷоиза дод. Созмон Дилафрӯз Самадоваро беҳтарин ҳомии ҳуқуқи башар эътироф кард.

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният дар Тоҷикистон ҳар сол бахшида ба рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки даҳуми декабр таҷлил мешавад, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолонро қадрдонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG