Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон духтарашро сафир дар Бритониё таъйин кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Рухшона Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармони падараш сафири ин кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон ин фармонро рӯзи 15-уми декабр имзо кардааст. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Масуд Халифазода шуд.

Рухшона Эмомалии 39-сола собиқаи кор дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёро дорад. Ӯ соли 2016 аз корманди сафорати Бритониё ба мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расида буд. Эмомалӣ Раҳмон нӯҳ фарзанд дорад ва Рухшона Раҳмонова фарзанди чаҳоруми раиси ҷумҳур аст.

Рухшона Эмомалӣ чанде пеш китоберо бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ” дар Вазорати корҳои хориҷӣ муаррифӣ кард. Ба гуфтаи мақомот, ин китобро худи ӯ таълиф кардааст, вале мунтақидон ба ин бовар надоранд.

Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати "Фароз" аст, ки дар соҳаҳои зиёде фаъолият дошт. Пас аз интиқодҳои зиёд "Фароз" эълон карда буд, ки фаъолияташро қатъ кардааст, вале таҳқиқ нишон дод, ки ин ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳои сердаромадро дар Тоҷикистон дар даст дорад.

Солҳо боз фарзандон ва пайвандони Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати Тоҷикистон мансабҳои калидӣ доранд ва ба гуфтаи мунтақидон, тиҷоратҳои сердаромадеро мечархонанд. Мухолифон ӯро барои табдил додани Тоҷикистон ба як ҳукумати хонаводагӣ пайваста танқид мекунанд.

Рустами Эмомалӣ, писари 34-солаи ӯ раиси шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст. Ӯ расман нафари дуюм дар қудрати Тоҷикистон ҳисоб мешавад.

Озода Раҳмон, духтари ӯ раиси Дастгоҳи иҷроияи президентро бар душ дорад ва вазорату ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ дар ҳамоҳангӣ бо ӯ кор мекунанд. Шавҳари ӯ, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.

Таҳмина Раҳмон, духтари дигари ӯ ҳамроҳ бо шавҳараш Зарифбек Давлатов ба тиҷорат машғул аст. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ӯ бо шавҳараш бозори фурӯши билетҳои ҳавопаймоиро монополия кардааст ва аз ин роҳ даромад ба даст меорад.

Зоҳир Соҳибов, домоди бузурги Раҳмон ва писараш Исмоили Зоҳир, писари ӯ низ ба тиҷорат шуғл доранд. Бозори бузурги "Ҳоҷӣ Шариф" дар шаҳри Бохтар моли ин хонавода дониста мешавад. Исломиддин Раҳмон, писари бародари ӯ раиси ноҳияи Данғара аст. Данғара зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Умед Раҳмон, писари дигари бародараш додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф ҷилави қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад. Мухолифон ва созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро барои саркӯби дигарандешон, маҳдуд кардани озодии баёну эътиқод ва додани мансабу имкониятҳои истисноӣ ба пайвандон ва аъзои оила танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш хатми ҷанги дохилӣ, сохтмони роҳҳо ва нирӯгоҳҳоро аз комёбиҳои ӯ медонанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG